Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Паёми табрикотии директори Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода бахшида ба Рӯзи омӯзгорон

Дар аввали моҳи октябр, вақте ки тирамоҳ бо зебоии нотакрори заррини худ чашмро шод мегардонад, иди миллӣ – Рӯзи омӯзгорон ба хонаи мо меояд. Ҳар яки мо аз омӯзгороне, ки ба мо дониш додаанд ва рӯҳро бо арзишҳои ахлоқӣ пур карданд, бо шукргузорӣ ёдовар мешавем.

Дар асл миллати мо аз замонҳои қадим нисбат ба устод таваҷҷуҳи хос ва эҳтироми амиқ мегузоштанд, зеро омӯзгор унвони ифтихорист, ки танҳо ба шарафмандтарин ва арзандатарин шахсон маҳсуб меёбанд. Дар ҷумҳурии азизи мо рӯзи омӯзгор ҳамчун иди миллӣ таҷлил мегардад ва оммавияти бештар пайдо мекунад. Ҳамаи ин бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Бузургтарин устоди миллатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали гаштааст.

Пешвои муаззами миллат зимни ҳар як баромадҳои хеш  оид ба аҳамияти омӯзгорон дар рушди ҷомеа ва мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ суханронӣ намуда, баҳри ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии омӯзгорон дастуру супоришҳо медиҳанд. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки маориф дар кишвари мо барои Ҳукумат соҳаи афзалиятноки рушд ба шумор меравад.

Ҷашн дорад ин замон дар мамлакат омузгор,

Тирагиро дур созад, нур бахшад рузгор.

Қадри ӯ хеле баланд гардид андар ин замон,

Нест мисли ӯ касе болонишин дар ҳар макон.

Касби омӯзгор хирад ва ҷавонии рӯҳ, эҷодкорӣ ва нерӯи азим, меҳрубонӣ ва сахтгириро дар бар мегирад. Арзёбии кори шумо бениҳоят душвор аст, ғайриимкон аст! Шумо дар кори худ он қадар саъй мекунед, ки баъзан таваҷҷӯҳи арзишманди худро аз наздиконатон дур месозед.

Шумо мисли Офтоб ба шогирдони худ гармӣ ва муҳаббат мебахшед. Шумо, ҳамчун табиати саховатманд, таҷрибаи ҳаёт ва донишҳои бебаҳои худро бо кӯдакон мубодила мекунед. Шумо шогирдони худро зина ба зина ба қуллаҳои Дониш мебаред.

Ҷашни омӯзгорро ба кулли шахсоне, ки ин касби пуршарафро ба ӯҳда доранд муборакбод мегӯям ва ба шумо эҳсоси пур аз ҳаёт, сарчашмаи адонашавандаи илҳомро таманно дорам. Бигзор ҳунари омӯзгории душвор, вале олӣ ба шумо қаноатмандии ҳақиқӣ орад! Устодони азиз, бигзор зеботарин гулҳои сайёра барои шумо шукуфанд! Шодмон ва хушбахттарин бошед!

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.