Хабарҳо БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ – КАФОЛАТИ СОЛИМИИ АҲЛИ ҶОМЕА Бо admin Охирин навсозӣ Oct 13, 2021 0 Варзиш қисми муҳими фарҳанги умумибашарӣ ва қосиди сулҳу амонӣ буда, ба таҳкими саломатӣ ва инкишофи қобилияти ҷисмониву маънавии инсон, хусусан ҷавонон мусоидат мекунад. Эмомалӣ Раҳмон Варзиш дар Тоҷикистон – яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели 2012 №825 «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва таъмини фаъолиятро дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва танзим менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди бемайлони тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун омили тарғиби ҳаёти солим ва яке аз воситаҳои беҳтарини таҳкими дӯстии миёни инсонҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Дар давоми 30 соли истиқлол варзиш дар Тоҷикистон хеле рушд кард. Соли 1992 Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки узви Кумитаи байналмилалии олимпӣ мебошад. Дар натиҷа дар ҷумҳурӣ тадриҷан чунин намудҳои варзиш, аз қабили футбол, волейбол, баскетбол, варзиши сабук, тенниси рӯйи миз, шиноварӣ, камонварӣ, велосипедронӣ, заврақронӣ, гимнастика, вазнбардорӣ, гуштин, шоҳмот, шашка, шамшербозӣ, панҷҳарба ва ғайра инкишоф ёфтанд. Истиқлол ба варзишгарони Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки иштирокдорони комилҳуқуқи мустақили ҳаракати олимпии ҷаҳонии муосир гарданд. Аз ҳамин сол варзишгарони ҷумҳурӣ пайваста дар бозиҳои олимпӣ иштирок мекунанд. Ин ба варзишгарони ҷумҳурӣ имкон медиҳад, ки дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оид ба футбол, бокс, таэквон-до, карате-до, варзиши сабук, шоҳмот, камонварӣ, теннис, гӯштини ҷудо, гӯштини самбо, гӯштини тарзи озод, гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ, гӯштини кураш, вазнбардорӣ, акробатика, тирандозӣ ва дигар намудҳои варзиш иштирок кунанд. Моҳи октябри 2004 нахустин бозиҳои ҷавонони Тоҷикистон аз рӯи 9 намуди варзиш баскетбол, бокс, волейбол, варзиши сабук, футболи хурд, тенниси рӯйи миз, гӯштини миллӣ, ҷудо ва самбо доир гардид. Солҳои охир барои аз нав эҳё намудани варзиши кӯдакону наврасон, доир намудани мусобиқаҳои варзишӣ барои насли наврас корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Вазъи тарбияи ҷисмонӣ дар байни хонандагони мактабҳои миёна ва олӣ сол аз сол беҳтар мегардад. Ин аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Сино ва нақшаи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино аз санаи 17 сентябр то 12 октябри соли ҷорӣ мусобиқаи футболи хурд байни кормандони ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳо ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Сино баргузор гардид. Дар мусобиқа 16 даста иштирок намуда байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Санаи 12 октябр даври финалии мусобиқа ва ҷамъбасти он байни дастаҳои МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ва Шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар мусобиқа дастаи футболи хурди муассиса чолокиву ҷасурӣ нишон дода, дар байни 16 даста ҷои II – юмро ишғол намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқаи мазкур ин тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба ин васила бедор намудани шавқу рағбати ҷавонон ва дигар сокинони ноҳия ба варзиш мебошад. Пеш 1 то 8 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан