Омӯзиши паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистоназ 22.12 соли 2017 дар шӯрои илмии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”
Муҳтарам аъзоёни Шурои илмӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз! Мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 22 – юми декабри соли 2017 тариқи расонаҳои хабарӣ гуш намудем.
Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси олӣ оиди дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2017 дар самти сиёсат, иқтисодиёт, тандурустӣ, маориф, кишоварзӣ ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Дастовардҳои Тоҷикистон, камбудию норасоиҳо ва дастуру пешниҳодҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуданд ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон тааллуқ дошта, дар амалишавии нақшаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри беҳтар гаштани сатҳи некӯаҳволии шаҳрвандон ҳар яки мо бояд саҳмгузор бошем. Аз ин ру мо пеши худ мақсад гузоштем, ки нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор диҳем, онро дар оянда ҳамчун сармашқи кори худ қарор дода баҳри амалишавии дастуру супоришҳои Пешвои миллат саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Пешвои миллат қайд намуданд, ки вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст. Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез ба нақша гирифта шудааст. Дар Коллеҷ вобаста ба мавзӯъи экстремизму терроризм ва шомилшавии ҷавонон ба ин равандҳо пайваста вохуриҳои кормандону донишҷӯён бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкилу баргузор карда мешаванд ва дар оянда низ ин гуна чорабиниҳо бояд тақвият бахшида шаванд. Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» расман оғоз мегардад. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор мешаванд. Дар мамлакати мо, ҳамчунин, Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва ҷаласаи сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегарданд, ки мақоми муҳим хоҳанд дошт. Дар доираи иҷроиши нақша чорабиниҳо оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба мо дастрас шудааст, то ин дам Дар Коллеҷ як қатор ҷамъомаду конфронсҳо доир ба ин мавзӯъ ташкилу баргузор карда шудаанд. Дар оянда низ масъалаи муҳимияти оби тоза, маданияти истифодаи об, нақши об дар ҳаёти инсон ва ҷаҳон пайваста мавриди омӯзиш байни донишҷӯён бояд қарор дода шавад. Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардаанд.Бо мақсади худшиносии миллии ҷавонон, донистани ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадимаи халқи тоҷик дар Коллеҷ бояд чорабиниҳои гуногуни оммавӣ ташкилу роҳандозӣ карда шаванд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки дар буҷети давлатӣ вазифаҳои иҷтимоии он ба инобат гирифта шуда, Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯӣ менамояд. Дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаҳои маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар ва тандурустӣ 2,1 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз ва 25 фоиз афзоиш ёфтааст. Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2018 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд карда мешавад. Аз ҷумла, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ 15 фоиз, инчунин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон ба ҳисоби миёна то 15 фоиз, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз зиёд карда мешавад. Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ яке аз кишварҳои татбиқкунандаи “иқтисодиёти сабз” маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад, зеро 98 фоизи барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад. Бо мақсади ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ дар Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Норак”, “Сарбанд”, “Қайроққум” маблағгузорӣ гашта, бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” босуръат идома дорад. Бо роҳандозӣ гардидани тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт имкон фароҳам оварда шуд, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистон аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бо нерӯи барқ бе маҳдудият таъмин карда шаванд. Дар баробари ин, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Дар ин сурат мо метавонем дар се соли оянда ба истиқлолияти энергетикӣ ноил гардем. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро амалӣ гардонидааст. Имрӯзҳо татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ доир ба таҷдиди роҳи Душанбе – Қӯрғонтеппа, Хуҷанд – Исфара, Кӯлоб- Шамсиддини Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Темурмалик – Балҷувон – Ховалинг ва қитъаҳои дигар ба маблағи 7,7 миллиард сомонӣ идома дорад. Лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди роҳҳои мошингарди Обигарм – Нуробод, Қалъаихумб – Ванҷ, қитъаи Ҳуҷанд-Конибодоми роҳи Хуҷанд – Исфара, Қӯрғонтеппа – Данғара – Кӯлоб ва дар маҷмӯъ, беш аз 500 километр дар марҳалаи омӯзиш ва лоиҳакашӣ қарор доранд. Таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст. Аз ҳамин лиҳоз Пешвои миллат қайд намуданд, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдорро зарур аст, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад. Нишондиҳандаҳои дараҷаи таҳсилот собит месозанд, ки саводнокӣ миёни аҳолии калонсол боло рафта, ҳиссаи шаҳрвандоне, ки таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ мегиранд, бамаротиб афзуда истодааст. Мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда: дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон ҷойи 54-умро соҳиб шудааст. Аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Аз ин ру моро зарур аст, ки боз ҳам зиёдтар заҳмат кашида, ба масъалаи таълиму тарбия афзалияти бештар диҳем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем, барои таҳсилоти босифат аз тамоми имконот истифода карда, заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиро таҳким бахшем ва самарабахшии фаъолияти онҳоро таъмин намоем. Барои ин, мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем. Зеро сифати омодасозии мутахассисони оянда аз ҳамин омилҳо вобастагӣ дошта, имкон медиҳад, ки мо дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои боз ҳам бештар ноил гардем. Дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ислоҳот бомаром идома ёфта, дар натиҷаи мунтазам афзудани маблағгузорӣ дар ду соли охир садҳо муассисаҳои нави тандурустӣ, ки дорои таҷҳизоти замонавии тиббӣ мебошанд, мавриди истифода қарор гирифта, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар шуда истодааст. Бо вуҷуди пешравиҳо, бояд гуфт, ки дар соҳа ҳоло ҳам як силсила мушкилоте боқӣ мондаанд, ки ислоҳи саривақтӣ мехоҳанд. Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ – обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад. Ҳоло дар мамлакат 32 корхонаи хурди соҳа фаъолият дорад, вале онҳо ҳамагӣ 240 номгӯи маводи доруворӣ ва тиббиро истеҳсол мекунанд. Яъне нарасидани доруворӣ, пастсифат будани аксари онҳо ва рушд накардани саноати дорусозӣ дар мамлакат ба яке аз масъалаҳои ташвишовар табдил ёфтааст. Ҳол он ки дар кишвари мо зиёда аз 3500 навъи гиёҳҳои шифобахш ва садҳо сарчашмаи обҳои гарми табобатӣ мавҷуданд. Бо дарназардошти саҳми созандаи ҷавонон дар мамлакат аз тарафи Пешвои миллат соли 2017 Соли ҷавонон эълон шуда буд. Ин иқдом дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии ҷавонон нақши назаррас бозид. Ташаббуси мазкур, инчунин, барои боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон оид ба масъалаҳои ифтихори миллӣ ва худогоҳиву худшиносӣ такони ҷиддӣ бахшид. Боиси қаноатмандист, ки ҷавонони бонангу номус ва боиродаи мо ҳамчун нерӯи созанда дар маъракаҳои муҳимми давлативу ҷамъиятӣ фаъолона иштирок карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта истодаанд. Дар ин раванд, зарур аст, ки минбаъд худи ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд. Пешвои миллат қайд намуданд, ки мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Имсол варзишгарони тоҷик дар бисёр мусобиқаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ иштирок карда, шаъну шарафи Ватани азизамонро баланд бардоштанд, ки ин дастовардҳои онҳо туҳфаи сазовор ба Соли ҷавонон мебошад. Ҳарчанд ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз соли 2011 то 2016-ум беш аз 1400 иншооти варзишии нав бунёд гардида, қариб 1100 иншоот таъмиру таҷдид шудааст, вале мо бояд дар оянда низ ба бунёди майдонҳо, иншооту толорҳои варзишӣ ва рушди минбаъдаи инфрасохтори соҳаи варзиш диққати ҷиддӣ диҳем. Имсол танҳо дар шаҳри Душанбе 75 майдону марказҳои хурду бузурги варзишӣ бунёд гардида, дар аксари гулгаштҳо ва боғҳои фароғату истироҳат ҷойҳои алоҳидаи машқу тамрин сохта шуданд, ки ин ҳама ба оммавигардонии варзиш ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон мусоидат менамояд. Роҳбарияти шаҳри Душанбе, иловатан, тасмим гирифтааст, ки соли 2018 дар пойтахти мамлакат барои наврасону ҷавонон боз 90 майдонҳои варзишӣ ва гулгаштҳои нав сохта, то ҷашни истиқлолият ба истифода супорад. Яке аз иқдомоти муҳим дар ин сол ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд, ки аз ҷониби сокинони мамлакат дастгирӣ ёфт. Баҳри амалишавии доимии Қонуни мазкур дар Коллеҷ низ комиссияи доимамалкунанда фаъолият менамояд. Тамоми шаҳрвандон аллакай дарк намуданд, ки иҷроиши Қонуни мазкур танҳо ба манфиати буҷаи оила равона карда шудааст ва боиси беҳтар гаштани некӯаҳволии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 ба имзо расид ва дар он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки қарор ва нақшаи чорабиниҳоро вобаста ба ин санаи фархунда омода намояд. Дар баробари ин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои тарғиби васеи моҳияти истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва арзишҳои неки миллӣ тамоми зиёиёни мамлакат, олимону донишмандон, ҷавонону занон, роҳбарони муассисаҳои илмиву фарҳангӣ, саҳм гирифта, ин арзишҳои муқаддаси миллиро ба таври васеъ инъикос кунанд, дар тафаккур ва андешаи ҳар як сокини кишвар, бахусус, наврасону ҷавонони мамлакат мазмун ва моҳияти соҳибистиқлоливу озодиро ҳарчи бештар ҷой намоянд. Мо аҳли кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷ сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, дар оянда барои боз ҳам ободу зебо гаштани Тоҷикистони азизамон, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии ватани азизамон саъю кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.
Ташаккур ба диққататон!