Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Ба истифода додани Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” “Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ” дар доираи ҳамкории Коллеҷ бо Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ, лоиҳаи “Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон” ташкил ва ба истифода дода шуд. Маркази мазкур аз 6 синфхона иборат буда, бо таҷҳизоти муосири таълими амалӣ – муляжҳо ва дастгоҳҳо барои тадқиқоти ҳамширагӣ муҷаҳҳаз мебошад. Дар маркази мазкур донишҷӯёни ихтисосҳои “Кори ҳамширагӣ”, “Кори момодоягӣ” ва “Кори муолиҷавӣ” аз таҳсили амалии қаблидипломӣ гузашта бо истифода аз муляжҳои муосир метавонанд малакаҳои амалии ҳамширагиро беҳтару хубтар аз худ намоянд. Ба истифода додани маркази мазкур имкон фароҳам меорад, ки сифати омодасозии мутахассисони миёнаи тиб баланд бардошта шуда, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шавад. Мутобиқи барномаи таълимӣ ва рӯйхати дастамалҳои ҳатмии ҳамширагӣ марказ бо таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла муляжи қисми болоии бадан барои машқи масҳи ғайримустақими дил ва нафаси сунъӣ, муляж барои қабули таваллуд ва кӯмаки ҳамширагӣ ҳангоми таваллуд, муляжи даст барои тазриқи дохиливаридӣ, барои тазриқи дохилимушакӣ, пикфлоуметр, тонометр, дастгоҳ барои сабти ЭКГ, тарозу барои баркашии калонсолон ва кӯдакон, ҷабирањои Дитерихс ва Крамер, глюкометр, ҳароратсанҷҳо, катҳои функсионалӣ ва дигар таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бо дастгирии ташкилоти мазкур аз тарафи мураббиёни хориҷӣ ва ватанӣ барои омӯзгорони кафедраҳои кори ҳамширагӣ, тибби оилавӣ, момоӣ ва бемориҳои занона, терапия, педиатрия семинарҳои омӯзишӣ оид ба иҷроиши дастамалҳои ҳамширагӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири марказ ташкил ва баргузор карда шуданд. Айни замон марказ мавриди истифодаи васеъи омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ қарор дорад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.