Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МАОРИФ – БУНЁДГАРИ МИЛЛАТ АСТ

Баёни Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба рушди маориф

Мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон (21 декабри соли 2021)

Дар тамоми давру замон маориф дар ҳаёти ҷамъият ва давлат мавқеи муҳимро ишғол мекард. Дар замони муосир қудрат ва тавоноии давлатҳоро сатҳи инкишофи иқтисодиёт муайян месозад, ки он бо дараҷаи тараққиёти соҳаи маориф алоқаи зич дорад.

Тули 30 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як баромади худ таъқид мекарданд, ки соҳаи маориф самти афзалиятноки рушди давлати мо ба шумор меравад ва ҳамеша мадди назари Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ҳамин тавр, зимни ироаи Паёми навбатӣ санаи 21 декабри соли 2021 Президенти кишвар қайд карданд, ки: Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад”.

Ададҳо худ исботгари тамоми гуфтаҳо мебошанд ва агар ба онҳо назар андозем маълум мешавад, ки дар давоми 30 соли соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3240 муассисаҳои таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Агар дар қиёс гирем нисбат ба 29 соли гузашта дар як сол миқдори муассисаҳои таълими ба 7,3% ва ҷойи нишаст ба 7,7% зиёд карда шуд, ки ин дастоварди бузурге мебошад (диаграммаи 1).

Ҳамчунин дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ миқдори муассисаҳои таълимии олии касбӣ ба 215,4% ва миқдори муҳассилини чунин муассисаҳо мутаносибан ба 415% афзудааст (диаграммаи 2).

Дигар дастоварди бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ин ҷалби ҷавонони боистеъдод барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии бонуфузи давлатҳои хориҷа мебошад. Айни замон аз миқдори умумии муҳассили муассисаҳои таълимӣ 14,6% – ро ҷавонони боистеъдоде ташкил медиҳанд, ки ба 25 давлатҳои хориҷи барои таҳсил равона шудаанд (диаграммаи 3). Аз ин миқдор 5 ҳазор нафарашон дар муассисаҳои олӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки таҳсили ҷавонон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои хориҷӣ яке аз ибтикороти муҳими Ҳукумати мамлакат дар самти рушди илму маориф маҳсуб меёбад.

Қайд кардан зарур аст, ки дар тули мавҷудияти Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС) барои ҷумҳурии мо чунин пешравиҳо ғайричашмдошт буд, чунки сарзамини моро ҳамчун маҳзани захираҳои табии баҳо дода, одамон ба сифати қувваи корӣ истифода мешуданд. Танҳо бо бадастоварии истиқлолият ва омадани як фарзанди фарзонаи миллат ба сари қудрат вазъ куллан таъғир ёфт. Шахсе ёфт шуд, ки боиси рушди бемайлони мамлакат гашт ва барои миллати худ танҳо пешравӣ мехост.

Дар ҳақиқат вақте сухан оид ба рушди тамоми самтҳои фаъолияти Ҳукумат ва мамлакат меравад бояд дар назар дошт, ки ин ҳама аз боиси заҳматҳои шабонарӯзии Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он рӯзҳои даҳшатангези номуътадилии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ имконпазир шуд.

Он вақте, ки давлати абарқудрат ба мисли ИҶШС пош хӯрд, ҳеҷ кас боварӣ надошт ки як давлати хурд бо надоштани артиш, иқтисодиёт ва захираҳо тавонад ин буҳронро паси сар намояд, вале хушбахтона миёни мардони тоҷик Пешвое ёфт шуд, ки бо нигоҳи дурандешона тавонист мардуми тоҷикро аз ин роҳи пурхатар раҳо кунад ва нагузошт, ки гурӯҳҳои ифротгаро ба мақсадҳои нопоки худ расанд. Итминони комил дорам, ки шахсияти Пешвои муаззами миллат дар раванди барқарорсозии давлатдории тоҷикон аввалиндараҷа аст ва аз ин рӯ мардуми шарифи Тоҷикистон Пешвои муаззами худро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пазируфтанд.

Ҷиҳати рушди соҳаи маориф Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ дастур доданд, то ин ки дар панҷ соли минбаъда беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта ба истифода дода шаванд. Ҷаноби олӣ ҳамчунин қайд карданд, ки: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем”. Дар робита ба ин Президенти кишвар дастур доданд, то ин ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ, инчунин вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

Аз мӯҳтавои Паём бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хоссае дорад, зеро бидуни маорифи рушдёфта ва бе таълиму тарбияи насли наврас бунёди ҷомеаи солиму мутараққӣ имконнопазир аст. Маориф яке аз масоили меҳварии суханрониҳои Пешвои муаззами миллат ба шумор меравад, ки нуқтаҳои зерин моҳияти ин меҳварро ифода мекунанд:

  • Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар ва устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ;

  • Баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;

  • Идомаи бомароми ислоҳот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва давра ба давра бартараф кардан ва ҳалли мушкилоти мавҷуда;

  • Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нақша-чорабиниҳо вобаста ба инкишофи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва пайваста ба ин, ҷоннок намудани корҳо дар самти эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баҳри тавсеаи тафаккури техникии насли наврас;

  • Тадбирҳои фаврӣ андешидан ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ;

  • Ҳамасола ба хотири боз ҳам бештар тақвият додани кор дар самти омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ, табиӣ ва ташкилу баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони “Илм – фурӯғи маърифат”;

  • Ташвиқи хондани китобҳои бадеиву илмӣ ва интишори китобҳои бадеӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ. Дар ин радиф ташкил ва баргузории озмунҳои “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” “Фурўғи субҳи доноӣ…” дар доираи ҳарчи васеътари ҷомеа;

  • Такмили таълим ва омўзиши забони ноби тоҷикӣ, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;

  • Ғамхории беҳтаре зоҳир кардан ба устодону омўзгорон ва падару модари донишҷӯён;

  • Баланд бардоштани касбияти омўзгорон;

Дар фарҷом гуфтанием, ки ҳамаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як фарди огоҳ, махсусан аҳли илму маорифро водор месозад, ки дар фаъолияти худ нуктаҳои ироашудаи Паёмро сармашқи кору фаъолият қарор бидиҳад ва баҳри татбиқу амалигардониҳои онҳо масъулияти баланди шаҳрвандӣ эҳсос намояд.

ОДИЛЗОДА Исмоил Ёқубҷон,
н.и.т., муовини директор оид ба корҳои таълимии
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.