Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР

Дар асоси супориши Роҳбари муассиса ва нақша-чорабиниҳои Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон санаи 18.02.2022 вобаста ба тарбияи ватандустиву хештаншиносӣ, роҳ надодан ба ҳар гуна амалу вокунишҳои характери ғайридемократӣ дошта, шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ҷавонон бо донишҷӯёни факултети “Кори ҳамширагӣ” вохӯрии судманд баргузор карда шуд. Дар кори вохӯрӣ Муовини директор оид ба корхои тарбиявӣ Саидова М.М декани факултет Саидов С, Бобоев Б.А муовини декани факултети мазкур Саидов А.А мутахассиси Шӯъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ ва кор бо ҷавонон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Атрофи масъалаҳои ҷаласа Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М.М баромад намуда аз дастовардҳои даврони Истиқлолият ёдовар шуданд. Дар воқеъ Истиқлолият дастоварди бузурги инсоният буда тамоми дастовардҳои дигари соҳавию ҷамъиятӣ аз он вобастагии калон дорад. Аз ин рӯ иловатан таъкид ба амал оварданд, ки ҳамеша ба қадри озодиву амнияти мамалакат расидагӣ намоянд, доимо аз паи андӯхтани илм бошанд ва ба гурӯҳҳои тафриқавию террористӣ пайравӣ накарда додаи онҳо нашаванд.

C:\Users\User\Desktop\115. ТЕРРОРИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБИ ЗАМОНИ МУОСИР\фото

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.