Хабарҳо ҶАМЪОМАДҲОИ ПАГОҲИРУЗӢ ДАР БИНОҲОИ ТАЪЛИМИИ МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 1, 2022 0 Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” корҳои таблиғотию тарбиявӣ ва амалӣ, ки дар ташаккули ҳамаҷониба ва эҷодии мутахассисони миёнаи тиб нақши муҳим доранд, бомуваффақият гузаронида мешаванд. Шуъбаи ташкилӣ – тарбиявӣ, кор бо ҷавонон ва робитаҳои байналмилалӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Қоидаҳои тартиботи дохилии коллеҷ, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои директори Коллеҷ амал мекунад. Яке аз самтҳои асосии корҳои тарбиявӣ дар коллеҷ ба донишҷӯён тавзеҳ додан, фаҳмонидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад. Ба хотири беҳтар шудани дониши ҳуқуқӣ ва фарҳангию сиёсии донишҷӯён мунтазам вохӯриҳои донишҷӯён бо намояндагони вазорату идораҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир мегарданд. Ташаккули шахсияти мутахассисони миёнаи тиббии оянда тавассути ташкили тадбирҳои дорои хусусияти ватандӯстӣ, иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, зебоидӯстӣ ва маърифатнокӣ роҳандозӣ ва таъмин гардонида мешавад. Аз ин рӯ, ташкили чунин чорабиниҳо ва иқдомот бо иштироки фаъоли донишҷӯён муҳим шуморида мешавад. Новобаста ба ин тибқи дастуру супориши бевоситаи директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ва нақша-чорабиниҳои тарбиявии Коллеҷ ҳар пагоҳӣ вобаста ба вазъи боду ҳаво, бо иштироки кормандон, деканони факултет, мудирони кафедра ва омӯзгорону донишҷӯён ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ дар биноҳои таълимии Муассиса гузаронида мешавад. Дар ҷамъомадҳо омӯзгорон ва донишҷӯён вобаста ба вазъи имрӯза, доир ба санаҳои муҳими таърихӣ, нуқтаҳои меҳварии Паём, риояи интизоми меҳнат, ҳурмату эҳтироми якдигар, одоби салом, шомил нашудани донишҷуён ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва ғайраҳо маърузаҳо намуда, аз ашъори шоирону нависандагон, дар васфи Ватан, модар, муқаддасоти миллӣ, дастовардҳо, Истиқлолияти давлатӣ ва ғайраҳо шеъру қасидаҳо ба ҳозирин пешниҳод мегардад. Варзиш дар ҳар давру замон яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ дар рӯзҳои шанбеи охири ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ низ гузаронида мешавад, ки барои беҳдошти саломатии ҷомеа ва парвариши насли солиму нерӯманд аҳамияти бузург дорад. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан