Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ДАРЁҲОИ ТИЛЛОӢ

Санаи 01.04.2022 роҳбарият ва ҳайати омӯзгорону кормандони МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» бо ҳисси ифтихору фараҳмандӣ ва ватандӯстӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо иқдоми неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфтааст, дидан намудем. Алалхусус бештар намоиши «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» диққати моро ҷалб намуда, аз он таассуроти зиёд бардоштем. Инчунин аз толорҳои нави экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дидан карда, аз таърихи ниёгони миллат воқиф гаштем.

Ба Пешвои муаззами миллат барои ин иқдомашон ва эҳё намудани таърихи куҳани миллат арзи сипос менамоем.
Миннатдории бепоёнамонро бо роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон барои пазироии самимиашон мерасонем.

Бо арзи эҳтироми самимӣ:
Директори МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»
Ашуриён Ш.С.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.