Хабарҳо ҶАРАЁНИ РЕЙТИНГСУПОРӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Apr 2, 2022 0 Санаи 2 апрели соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати санҷиши ҷараёни рейтингсупорӣ, намоянда аз Раёсати таҳсилоти миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм Раҳимзода Фаридун ба Коллеҷ ташриф оварданд. Зимни санҷиш, нақшаҳои таълимӣ, нақшаҳои кории кафедраҳо бо пайнавиштҳои иҷроиши бандҳо, бахшида ба таҳия ва баррасии саволҳои рейтингӣ дида баромада шуд. Ҳамчунин аз ҷараёни рейтингсупорӣ дар маркази тестии Коллеҷ дидан намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки барои шаффоф гардонидани раванди қабули санҷиш ва имтиҳонҳо дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз соли 2013 инҷониб маркази тестӣ фаъолият дорад ва аз соли 2018, баъди ба Низоми таҳсилоти кредитӣ гузаштан, 80% санҷишу имтиҳонҳоро, донишҷӯён бо истифода аз компютерҳо, тариқи тестӣ месупоранд. Баъди ба истифода додани бинои нави таълимӣ, зери роҳбарии директори оқил ва дурандеш н.и.т., Ашуриён Ш.С. миқдори компютерҳои марказ ба 155 адад расид. Иқтидори қабули марказ дар як рӯз ба 2400 нафар донишҷӯ расида, шароити хуби қабули санҷишу имтиҳонҳо дар сатҳи олӣ ва дар муддатҳои кӯтоҳтарин фароҳам оварда шуд. Пеш 1 то 6 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан