Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

“САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА” – ЭҲЁИ АНЪАНАҲОИ НЕК

Санаи 5-уми апрели соли 2022 баҳри баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии донишҷӯдухтарон, тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т., Ашуриён Ш.С. дар саҳни бинои асосии Коллеҷ чорабинӣ зери унвони “Сайри гули лолаҳо” ташкил ва баргузор шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз замонҳои қадим, миллати фарҳангсолор ва куҳанбунёди тоҷик бо доштани завқи эстетикии воло, миёни дигар мардумон маъмул буданд. Мутаасифона пас аз барҳам хурдани давлати Сомониён, зери таъсири ҳукуматҳои турку манғит ва баъдтар зери фишори бузурги ҳукумати шуравӣ баъзе аз суннатҳои аслии ниёгони мардуми мо тадриҷан заиф ва ё фаромӯш шуданд.

Хушбахтона, пас аз соҳибистиқлол гаштани ҷумҳурии азизамон, мо имкон ба даст овардем, ки давлате барпо созем, то дар он беш аз ҳама манфиатҳои миллии мо ба назар гирифта шаванд. Барои бунёди давлати тавонои миллӣ, пеш аз ҳама бояд анъана ва суннатҳои мардуми он эҳё карда шуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гарданд. Дар ин ҷода давлату Ҳукумат ва пеш аз ҳама Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз корҳои бузургеро ба сомон расонидаанд.

Барои ҳавасманд кардани мардум ба корҳои созандагӣ ва парвариши завқи эстетикӣ дар вуҷуди онҳо, тибқи Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 13 декабри соли 2018, солҳои 2019-2021 озмуни ҷумҳуриявии “Сайри гули лола” дар саросари гӯшаву канори ҷумҳурӣ баргузор гардид. Мавриди зикр аст, ки пас аз ин тадбир тамоми шаҳрҳои диёри азизамон гулафшон гашта, барои мардуми мо корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, хештаншиносӣ ва фарҳанги баланди шаҳрдорӣ анъана гашт.

“Сайри гули лола” – анъанаест, ки заминаи мустаҳками таърихӣ дошта, рамзи зебоӣ ва фарҳанги волои мардуми тоҷик маҳсуб меёбад. Лола худ ҳамчун гул рамзи зебоӣ, латофат ва назокат буда, даҳҳо падидаҳои дигари фарҳанги моро ифода менамояд. Сайри гули лола ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, дар рӯзҳои баҳорӣ сокинон бо либоси идона дар боғу гулзорҳо сайру гашт намуда, аз боду ҳавои тоза лаззат мебаранд.

Ҳамин тариқ, донишҷӯдухтарони Коллеҷ либоси зебои атлас ба бар намуда, дар боғи муассиса, ки дар он гулҳои гуногуни зебо шинонида шудааст, сайру гашт карда, ҳаловат бурданд. Чорабинӣ дар фазои хуби сулҳу осоиштагӣ гузашта, мақбули дили донишҷӯён буд.

Роҳбарият, омӯзгорон ва донишҷӯёни МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” дар татбиқи амалии Амрҳои Пешвои муаззами миллат, дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва Раиси пойтахти маҳбубамон саҳм мегузранд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.