Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРТАРАФСОЗИИ НОРАСОИИ КАДРӢ – САМТИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

        Санаи 6-уми апрели соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳои шуъбаи таълим ва дастуру супоришҳои бевоситаи роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. ҷиҳати иҷроиши амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри бартарафсозии норасоии кадрии  кормандони миёнаи тиббӣ дар саросари ҷумҳурӣ, ҷаласаи навбатии муовини директор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т. Одилзода И.Ё. баргузор шуд.

            Мавзӯи ҷаласа “Омодагӣ ба тақсимоти хатмкунандагони гурӯҳҳои буҷавӣ ва рафта расидани онҳо ба ҷойҳои корӣ”. Масъалаи баррасишаванда дар маркази таваҷҷӯҳи роҳбарияти Коллеҷ қарор дошта, ҳамасола барои иҷрои амалии он тадбирҳо андешида мешаванд. Зимни нишаст муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба деканони факултетҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода, қайд намуданд, ки ҳар як декан дар байни хатмкунандагон, оид ба ӯҳдадориҳои донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавӣ ва таъминоти онҳо бо ҷойи кор, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

      Қайд кардан зарур аст, ки тибқи маълумотҳои оморӣ, айни замон муассисаҳои тиббии кишвар бо кормандони миёнаи тиббӣ 96% таъмин мебошанд. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” баҳри то ба ҷойи кор рафта расидани хатмкунандаҳои гурӯҳҳои буҷавӣ, дар ҳамбастагӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои тандурустии шаҳру навоҳиҳои ҷумҳурӣ тамоми чораҳои заруриро меандешанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.