Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

11 – умин конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” доир ба мавзӯи “Рушди кори ҳамширагӣ дар Тоҷикистон ва нақши технологияи муосир дар тиб”, бахшида ба 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”

Ҷиҳати иҷрои банди 80 “Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2019, №79 тасдиқ шудааст ва фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2019, №315, санаи 12 июни соли 2019 Конфронси илмӣ – амалӣ доир ба мавзӯи “Рушди кори ҳамширагӣ дар Тоҷикистон ва нақши технологияи муосир дар тиб” баргузор гардид.
Маводи конфронс ҳамчун замима дар маҷаллаи “Нигаҳдории тандурустии Тоҷикистон” ба табъ расида, шумораи умумии мақолаҳои илмии ба чоп расида 101 ададро ташкил медиҳад, ки ба масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушди кори ҳамширагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони соҳа бахшида шудаанд. Қайд намудан зарур аст, ки сол аз сол шумораи мақолаҳои илмии ба конфронс пешниҳодшаванда зиёд шуда истодааст.
Ба рӯзномаи конфронс маърӯзаҳое ворид карда шуданд, ки бевосита ба мавзӯи конфронс алоқамандӣ доранд ва масъалаҳои мубрами рушди кори ҳамширагӣ дар Тоҷикистон ва истифодаи технологияи муосир дар тибро дар бар мегиранд.
Дар кори конфронс намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, аз ҷумла ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, як қатор муассисаҳои тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи пленарӣ 19 маърӯза баррасӣ карда шуданд, ки онҳо асосан ба масъалаҳои зерин бахшида шуда буданд: пешбурди нақши ҳамшираҳо, таҷрибаи Институти Швейтсария оид ба илми ҳамширагӣ”, дастовардҳо, пешомаду имкониятҳои тайёр намудани мутахассисони соҳаи кори ҳамширагӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, нақши лоиҳаи Ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар рушди кори ҳамширагӣ дар тибби оилавии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимии кори ҳамширагӣ,
саҳми ассосиатсияи ҳамшираҳои тиб ва момодояҳо, дар рушди кори ҳамширагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ҳамшираи тиб дар нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ, нақши услубҳои муосири таълим дар баланд бардоштани сифати омодасозии ҳамшираҳои тибби оилавӣ, масъалаҳои омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ, вазъи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ, натиҷаи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба ташхису табобати бемориҳои дилу рагҳои хунгард, системаи марказии асаб, урологӣ, маҷрои меъдаю рӯдаҳо, бемориҳои чашм, бемориҳои аллергикӣ.
Дар доираи барномаи конфронс ҳамаи масъалаҳои гузошташуда баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиёни конфронс паҳлуҳои муаммоҳои мавҷудаи омодасозии ҳамшираҳои тиббӣ, ташхису табобат ва офиятбахшии беморон, инчунин нақши муассисаҳои таълимӣ ва табобатӣ, дар ҳаллу фасл намудани муаммоҳои ҷойдошта, тадбирҳои аз ҷониби мақомоти соҳаи тандурустӣ андешидашуда ва роҳҳои мувофиқи матлаб ҳаллу фасл намудани масъалаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Арзи сипос менамоем: ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Институти тропикӣ ва тандурустии ҷамъиятии Швейтсария барои дастгирии ҳамаҷонибаи рушди ислоҳоти таҳсилоти тиббию фармасевтӣ, дастгирӣ оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиб, барои мунтазам тадбирандешӣ намудан баҳри ҳаллу фасл намудани масъалаҳои омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ.
Инчунин ба ташкилотҳои байналхалқӣ – Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, UNFPA – хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Миллали Муттаҳид, шуъбаи ташкилоти байналхалқии Институти “Ҷомеаи кушода” – Бунёди Мадад дар Тоҷикистон, ҷамъияти Ҳолмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ – GIZ, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон (JICA) ва дигар ташкилотҳо барои ҳамкорӣ ва дастгирӣ миннатории хешро баён менамоем.

ш. Душанбе 12 июнси соли 2019

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.