Ҳамкориҳо бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ густариш меёбад
Ҳадафи стратегии давлату Ҳукумат дар соҳаи тандурустӣ бо роҳи ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим таъмин намудани солимии аҳолӣ, беҳтар гардонидани нишондиҳандаҳои дарозумрии инсон, паст намудани сатҳи беморӣ, маъюбӣ, фавти модару кӯдак, пешгирӣ кардани бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа мебошад. Дар даврони истиқлолият, дар маҷмӯъ, зиёда аз 1500 муассисаи тандурустӣ бунёд ва бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин гардида, аз ҷумла фақат дар панҷ соли охир беш аз 120 беморхона, 210 маркази саломатӣ, 80 дармонгоҳ, 250 бунгоҳи тиббӣ ва 56 корхонаву коргоҳҳои соҳа сохта, ба истифода супорида шудаанд (Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил 01.09 соли 2018, шаҳри Душанбе).
Албатта мусаллам аст, ки рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ бевосита ба рушди иқтисодии ҳар як мамлакат вобастагии амиқ дорад. Агар шароити таълиму омодасозии мутахассисони миёнаи тибро нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ муқоиса намоем байни замину осмон фарқ мекунад. Сол аз сол илму техника дар ҷаҳони муосир, соҳаҳои маорифу тандурустӣ хеле рушд намуда истодааст ва барои ҳамқадами замон будан ва ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгу будани мутахассисон имрӯз хеле саъю кӯшиш бояд намуд. Пешрафти илму техника моро водор менамояд, ки ҳамқадами замон бошем, технологияи муосири ташхисию табобатиро азхуд намоем, стандартҳои муосири соҳаи маорифро дар омодасозии мутахассисон ворид намоем ва ҳамкориҳоро бо мамлакатҳои пешрафтаи хориҷӣ вусъат бахшем. Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ диққати хеле баланд медиҳанд. Борҳо Пешвои миллат зимни вохӯриҳояшон ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш додаанд, ки барои донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла коллеҷҳои тиббӣ утоқҳои алоҳида ҷудо карда шавад. Дастури мазкур албатта аз тарафи роҳбарияти вазорату муассисаҳо имрӯзҳо хуб амалӣ карда шуда истодааст. Ин аст, ки шароити таълиму табобат дар муассисаҳои маорифу тандурустӣ дар ҷумҳурӣ сол аз сол беҳтар шуда истодааст. Аз ин ру мо лозим донистем, ки оид ба шароити омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ ва дар ин ҷода ҳамкорӣ намудан ба Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тандурустии тобеи раёсат фикру андешаҳои худро иброз намоем. Қайд намудан зарур аст, ки Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамеша Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” – ро оид ба омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ дастгирӣ менамояд ва ҳамкории босамар дорад. Айни замон қариб дар ҳама муассисаҳои тандурустии шаҳр Коллеҷ пойгоҳҳои таълимӣ дорад. Таълими амалӣ яке аз бахшҳои муҳимтарини омодасозии мутахассисон ба ҳисоб меравад ва он ҳамеша бояд идомаи таълими назариявӣ бошад. Барои таълими амалӣ зарур аст, ки дар муассисаҳои тандурустӣ шароит, яъне утоқи алоҳида барои таҷрибаомӯзон ҷудо шуда бошад, омӯзгорону кормандони муассиса ба донишҷӯён мураббигӣ намоянд, таҷрибаомӯзон бояд ба раванди ташхису парасторӣ ва табобати беморон шомил бошанд. Мавҷудияти ҳамин омилҳо албатта имкон медиҳад, ки донишҷӯ-таҷрибаомӯз касби худро беҳтару хубтар азхуд намояд.
Роҳбарияти Коллеҷ дар ин ҷода бо муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе шартномаи дуҷониба баста ҳамкориро ба роҳ мондааст. Айни замон шартномаи ҳамкорӣ оид ба таълимӣ амалӣ ва ҷудо намудани кабинетҳои таълимӣ қариб бо ҳамаи муассисаҳои тандурустии тобеи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ба имзо расидаст, ки шумораи онҳо 17 ададро ташкил медиҳад.
Ҷадвал
№ | Номгӯи муассисаҳо | Миқдори ҳуҷраҳо |
1. | Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” | 18 ҳуҷра |
2. | Маркази тиббии шаҳрии ёрии таъҷилии тиббӣ | 2 ҳуҷра |
3. | Маркази тиббии шаҳрии № 1 | 1 ҳуҷра |
4. | Маркази тиббии шаҳрии № 2 | 3 ҳуҷра |
5. | Маркази тиббии шаҳрии № 3 | 1 ҳуҷра |
6. | Маркази саломатии шаҳрии № 2 | 4 ҳуҷра |
7. | Маркази саломатии шаҳрии № 4 | 2 ҳуҷра |
8. | Маркази саломатии шаҳрии № 10 | 1 ҳуҷра |
9. | Маркази саломатии шаҳрии № 14 | 1 ҳуҷра |
10. | Муассисаи давлатии таваллудхонаи шаҳрии № 1 | 1 ҳуҷра |
11. | Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кудакон | 5 ҳуҷра |
12. | Хонаи кудаконаи № 1 | 2 ҳуҷра |
13. | Хонаи кудаконаи № 2 | 2 ҳуҷра |
14. | Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятӣ | 2 ҳуҷра |
15. | Маркази назорати санитарию эпидемиологии ш. Душанбе | 4 ҳуҷра |
16. | Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббии шаҳри Душанбе | 1 ҳуҷра |
17. | Муассисаи давлатии шифохонаи шаҳрии парастории ҳамшираҳои шавқат | 2 ҳуҷра |
Ҳамагӣ | 52 ҳуҷра |
Шумораи муассисаҳои тандурустии тобеи Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ва утоқҳои таълимӣ дар онҳо
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар доираи ҳамкорӣ ва дастгириҳои Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ теъдоди кабинетҳои таълимӣ сол аз сол зиёд шуда, то имрӯз ба 52 адад расидааст (Диаграммаи 1).
Диаграммаи 1. Тамоюли зиёдшавии шумораи кабинетҳои таълими амалӣ дар муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе
Аксарияти кабинетҳои таълимӣ дар муассисаҳо аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо аёнияту таҷҳизоти зарурӣ барои таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Масъалаҳои таълими амалӣ ҳамасола дар Шӯрои олимони коллеҷ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, оид ба беҳтар намудани ин раванд қарорҳои дахлдор қабул карда мешаванд. Танҳо аз оғози соли 2019 оид ба беҳтаршавии раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён корҳои зайл анҷом дода шудаанд: дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” 8 кабинети таълимӣ, дар Маркази тиббии шаҳрии №2 – 1, дар Маркази тибиии шаҳрии ёрии таъҷилӣ – 1, Шифохонаи шаҳрии парастории ҳамширагӣ – 2, Маркази шаҳрии ҳамшираҳои тиббӣ – 1 синфхонаи таълимӣ барои дарсомӯзии донишҷӯён ҷудо карда шудааст.
Бахши таҷрибаомӯзӣ пайваста аз тарафи муовини директор оид ба таълими амалӣ ва бахши таҷрибаомӯзии коллеҷ назорат карда мешавад. Сол аз сол сифати машғулиятгузорӣ ва раванди таҷрибаомӯзӣ аз тарафи омӯзгорони коллеҷ ва роҳбарони бевоситае, ки аз ҳисоби кормандони муассисаҳои тандурустӣ таъйин карда мешаванд беҳтар шуда истодааст. Коллеҷ оид ба беҳтаршавии раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар ҳамкорӣ бо Агентии Швейтсария “Лоиҳаи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ дар Тоҷикистон” солҳои охир корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла бо дастгирии лоиҳаи мазкур дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ Маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ ташкил карда шудааст, ки он аз 6 кабинетҳои таълимӣ иборат буда, бо муляжу таҷҳизоти зарурӣ барои ташхису парастории беморон муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар ин марказ бо донишҷӯён машғулиятҳои қабликлиникӣ гузаронида мешавад. Аз тарафи лоиҳаи мазкур 20 нафар ҳамшираҳои тиббии оилавии Марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дар заминаи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон аз курси мураббигӣ гузашта соҳиби шаҳодатнома гаштаанд. Ҳамчунин мураббиён аз тарафи лоиҳа бо сумкаҳои ҳамшираи тиббии оилавӣ таъмин карда шудаанд. Дар заминаи Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ беҳтар гаштани заминаҳои моддию техникии муассисаҳои тандурустии ш.Душанбе, боло рафтани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар онҳо, ҷалби муттахассисони варзидаи соҳа ба раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён сол аз сол боиси он гаштааст, ки сатҳи дониши амалии донишҷӯён беҳтар карда шавад (Диаграммаи 2).
Диаграммаи 2. Тамоюли болоравии сифати таълими амалӣ
тайи солҳои 2015-2019
Ҳамасола комиссияи босалоҳият оид ба тақсимоти хатмкунандагон барои фаъолияти минбаъда дар муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби раёсати Коллеҷ, кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе таъсис дода мешавад. Дар асоси хулосаи комиссияи мазкур донишҷӯёне, ки Коллеҷро тариқи буҷавӣ хатм намудаанд барои кору фаъолият ба муассисаҳои тандурустии шаҳрӣ равона карда мешаванд. Тибқи маълумоти сармутахассиси раёсати тандурустӣ оид ба кадрҳо соли 2018 – 120 нафар хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавӣ ва 114 нафар хатмкардагони гурӯҳҳои шартномавии Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ба муассисаҳои тандурустии шаҳрӣ бо кор таъмин карда шудаанд.
Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” ба Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳрӣ барои ҳамкорӣ ва дастгирии доимиашон оид ба масъалаҳои омодасозии мутахассисони миёнаи тиббӣ изҳори сипос намуда, дар оянда низ тасмим гирифтааст, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифати омодасозии муттахасисон ва ба талаботи имрӯза ҷавобгу будани онҳо саъю кӯшиш намояд.