Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

“ДАР ҚАДАМ БО ЗАМОН” Ё БЕҲТАРСОЗИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ БО РОҲИ ТАҶДИДИ НАЗАР БА УСУЛҲОИ ТАЪЛИМИИ ҶОЙДОШТА ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Санаи 21-уми апрели соли 2022 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Ш.С., дар бинои асосии Коллеҷ, ҷаласаи ғайринавбатии муовинони директор баргузор шуд. Мавзӯи ҷаласа, татбиқи амалии дастуру супоришҳои Роҳбари муассиса баҳри беҳтарсозии фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилотӣ, инчунин баланд бардоштани сифати таълим.

Дар ҷаласа муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё., муовини директор оид ба илм ва инноватсия н.и.т. Муминзода Ҷ.С. ва муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д, инчунин сардорони шуъбаҳо, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳо ширкат варзиданд. Зимни нишаст як қатор масъалаҳои мушаххас баррасӣ гардида, ба мудирон ва деканони факултетҳо дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Қайд карда шуд, ки барои санҷиши кори кафедра ва деканатҳо, ҳамчунин ҷараёни таълим ва тарбия “Комиссияи дохилитаълимгоҳӣ” тартиб дода шуда, минбаъд фаъолияти ин комиссия зери назорати бевоситаи роҳбари муассиса қарор хоҳад дошт. Ҳамчунин барои амалисозии тавсияҳо ва бартарафсозии эродҳои комиссияи аттестатсионӣ, нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, татбиқи амалии он дар мӯҳлатҳои муайян талаб карда шуд.

Гуфтан ба маврид аст, ки беҳтарсозии раванди таълиму тарбия, таъмини давомоти донишҷӯён ва назорати омодагии омӯзгорон ба машғулиятгузаронӣ бевосита аз деканатҳо ва кафедраҳо вобаста буда, иҷроиши он кафили баланд будани сатҳи сифати таълиму тарбия ва тахассуснокии хатмкунандагони муассиса мебошад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.