Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИЗҲОРИ ТАСАЛЛИЯТ

Раёсат ва кормандони МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” вобаста ба даргузашти нобаҳангоми корманди шуъбаи таълим Қодирова Холида Назировна сахт андӯҳгин буда, тасаллияти хешро баён ва андӯҳи ин талафоти бебозгаштро бо ҳам қисмат менамоянд. Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила, хешовандон ва наздикони марҳум таъзияи самимӣ ва изҳори ҳамдардӣ баён намуда, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳӣ талаб дорем, ки рӯҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.

Қодирова Холида Назировна (15.05.1966 – ш.Конибодом) соли 1983 ба Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино факултаи «Педиатрия» дохил шуда, соли 1989 онро бомуваффақият хатм намудааст. Аз соли 1989 то 1991 дар Беморхонаи кӯдаконаи шаҳри Конибодом ва аз соли 1991 то 1995 дар шаҳри Свердловски Федератсияи Руссия ба ҳайси духтур кор ва фаъолият намудааст.

Аз соли 1998 то соли 2001 духтури Беморхонаи марказии шаҳри Конибодом. Аз соли 2001 то соли 2005 омӯзгори Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом. Аз соли 2005 то соли 2008 ба ҳайси духтури литсейи Президентии шаҳри Душанбе кор кардааст. Аз соли 2008-ум ба ҳайси омӯзгори кафедраи «Педиатрия» – и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” , аз соли 2013 шахси масъул оид ба додани намунаи ҳуҷҷатҳои давлатӣ (диплом) ва аз соли 2015 сармутахассиси шуъбаи таълим кор ва фаъолият намудаанд.

Санаи 25-уми апрели соли 2022 баъди муборизаи шадид бо беморӣ вафот кард.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.