ТАРБИЯИ ДУРУСТИ ФАРЗАНД – ПЕШГИРӢ АЗ ПОШХӮРИИ ОИЛАҲОИ ҶАВОН
Санаи 25 апрели соли 2022 тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш. С. ҷиҳати пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занону духтарон, мавқеи зан дар ҷомеа, тарбияи дурусти фарзанд ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷӯён ва омӯзгорони коллеҷ бо иштироки Муҳаммад Шарофиддин – мудири бахш оид ба корҳои динӣ ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан – мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Султонова Тахмина Мирзоҳусайновна – мудири бахши фарҳанги ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ – мудири бахши САҲШ – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ сӯҳбати озод баргузор гардид.
Дар аввал Саидова М. М. – муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ баромад намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, қайд намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози Истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад”. Баъдан риштаи суханро ба Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан доданд.
Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан суханронӣ намуда, қайд намуданд: “Баъди ба даст овардани истиқлолият дар Тоҷикистон нуфузу мақоми зан дар ҷомеа баланд гардида, махсусан дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон зиёд шуд. Ин аст, ки дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ садҳо занони пурғайрат баробари мардон меҳнат мекунанд.
Дар маҷмӯъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати дастгирию ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ мукаммал гардида, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид. Ин ҳама дастгириҳо, хусусан занону модаронро водор месозад, ки дар марҳилаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандӣ дошта, содиқона дар амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми худро гузоранд”.
Баъдан Раҳмон Гулчеҳра Қурбоналӣ – мудири бахши САҲШ – и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҷиҳати пошхӯрии оилаҳои ҷавон маъруза намуда, қайд карданд:
Эҳтиёткор будану ҳамқадами ҳаётро ҳамаҷониба омӯхтан талаботи аввалиндараҷа аст. Бунёди боэътимоди оиларо якдигарфаҳмӣ, муҳаббати байни зану шавҳар, самимият ва боварию эътимод ба якдигар ба вуҷуд меорад, ки ин пойдевори устуворест барои побарҷо мондани оила ва бунёди ҷомеаи солим. Вале, мутаассифона, дар баъзе хонаводаҳо байни занону мардон муҳаббати самимӣ, якдигарфаҳмӣ, фазои орому осоишта вуҷуд надорад. Боиси таассуф аст, ки на ҳамаи оилаҳое, ки ташкил мегарданд, пойдор мемонанд. Сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон хеле гуногун буда, вобаста ба вазъи ин оилаҳо пайомадҳои гуногунеро ба бор меоранд.
Яке аз сабабҳои вайрон шудани оилаҳои ҷавон ин надоштани маҳорати муошират кардан аст. Дар баъзе мавридҳои зиндагӣ ҷавонон барои дар ҳузури дигарон нишон додани кибру ғурури худ ба ҳамсари худ бо қаҳру ғазаб сухан карда, ҳатто дашном низ медиҳанд. Ҳатто дар байни ёру дӯстони худ бо чунин гуфтор ва рафтори худ ифтихор низ мекунанд. Чунин гуфтор ва рафтори ҷавонон боиси дилхунукии ҳамсар мешавад. Ин ҳамсар ба ин гуфтор ва рафтори шавҳараш як муддат таҳаммул мекунад, вале рӯзе мешавад, ки косаи сабру тоқаташ лабрез шуда, дилаш аз ҳамсараш хунук шуда, роҳи ҷудоиро меҷӯяд.
Сабабҳои дигари вайроншавии оилаҳои ҷавонро шартан метавон чунин гурӯҳбандӣ намуд:
-
набудани якдигарфаҳми байни зану шавҳар;
-
натиҷаи тарбияи нодурусти фарзандон дар оила;
-
паст будани маърифати оиладории ҷавонон;
-
паст будани сатҳи иқтисодии оила;
-
мудохилаи ноҷои хешу табор ва волидон;
-
никоҳи хешутаборӣ;
-
муҳоҷирати меҳнатӣ;
-
беморӣ ва безурётӣ.