Санаи 13 июли соли 2019 барои тамоми кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» рӯзи фараҳбахш ба шумор меравад, чунки боз як гурӯҳи калони мутахассисонро соҳибкасб намуда, барои кору фаъолият ва хизмати ниҳоят пуршараф, яъне нигаҳдории солимии аҳолӣ ба муассисаҳои соҳаи тандурустӣ фиристонида шуданд.
Соли ҷорӣ Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявиро 1663 нафар мутахассисон аз рӯи 12 ихтисос хатм намуданд. Бо беҳтаршавии шароитҳои таълим дар Коллеҷ сатҳи омодасозии мутахассисон низ сол аз сол беҳтар гашта истодааст, аз ҷумла соли ҷорӣ 127 нафар Коллеҷи тиббиро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки ин нисбат ба соли гузашта 18,9% зиёд мебошад.
Умедворем, ки хатмкунандагон дар оянда ба фаъолияти касбӣ шурӯъ намуда, дар нигаҳдории солимии ҷомеа саҳми арзандаи хешро мегузоранд. Барои мушарраф гаштан дар ин ҷодаи пурифтихор ба ҳамаи хатмкунандагон роҳи сафед ва бурдбориҳои беназирро дар фаъолияти касбиашон таманно менамоем!