Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ҶАМЪОМАДИ ПАГОҲИРУЗӢ АЗ ТАРАФИ КАФЕДРАИ “ЗАБОНИ ТОҶИКӢ”

Имрӯз 05.05.2022с. тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т Ашуриён Ш. С. аз тарафи кафедраи “Забони тоҷикӣ” дар бинои 2-юми коллеҷ ба муносибати бузургдошти мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомади пагоҳирӯзӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро омӯзгори кафедра Табарова Гулбаҳор ҳусни оғоз бахшида атрофи бузургии калому ахлоқи ин абармарди роҳи фарҳангу маданият суханронӣ намуданд. Сипас донишҷӯён оиди ҳолнома ва фаъолияти эҷодии шоир маъруза кардаву аз осори гаронарзишашон шеърҳо қироат намуданд.

Бояд қайд намуд, ки дар Муассиса баҳри бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ нақша-чорабиниҳо тартиб дода шуда, озмуни “Иншои беҳтарин” ва маҳфили “Мавлонохонӣ” марҳила ба марҳила ташкил карда мешавад, ки ғолибон аз тарафи маъмурият бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд. Аз омӯзгорону донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки дар ин озмунҳо фаъолона иштирок намоянд. Хотирасон менамоем, ки даври ниҳоии озмун 16-19 декабри соли равон баргузор мегардад.

Дар охири ҷамъомад оиди интизоми донишҷӯён ва фаъол будан дар ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ, истифодаи телефонҳои мобилӣ, риояи дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ Саидова М.М баромад карданд. Сипас омӯзгорону донишҷӯён ба машғулиятҳо раҳсипор гаштанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.