«Парчами миллӣ» яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар асоси фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Раёсати Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ ва нақша чорабиниҳои тасдиқгардида, оид ба “Рӯзҳои ид” санаи 22.11.2019с. аз тарафи омӯзгорони кафедраи “Табиию риёзӣ” дар толори маҷлисгоҳи муассиса КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ” дар мавзӯи “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз” баргузор гардид. Дар аввал Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод. Баъдан директори коллеҷ Ашуриён Шаҳло суханронӣ намуда оид ба таърихи Парчами миллӣ ва рушди давлатдорӣ иттило доданд. Аз тарафи омӯзгорон ва донишҷӯён баромадҳо карда шуд.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дошта, тибқи сарчашмаҳои таърихӣ ин суннати аҷдодӣ таърихи беш аз 4000-сола дорад.
Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад. Аввалин парчами қадимаи тоҷикон «Дирафши ковиён» ном дошт. Хушбахтона, бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон гардиданд.
Ниёгони мо ҳамчунин ба маънии “Парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд. Дирафши ковиёнӣ – парчами давлатии шоҳони қадими эронинажод, аз Пешдодиён то Сосониён буд. Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро марбут ба парчами чармии Коваи оҳангар донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармии оҳангарии худро ба найзае овехта, онро парчам қарор дод. Ба қавли ҳаким Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” Фаридуни Отибин пас аз шикасти Заҳҳок парчами чармии Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба пиндори бархе забоншинсон Ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат дирафши ковиёнӣ байрақи шоҳӣ маҳсуб мешавад.
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале ҳанўз дар хусуси парчамҳои аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда маълумоти дақиқ ба даст наомадааст. Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухоро равшан нест. Парчами аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст”ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1921 парчами Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро қабул шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” чор ҳарф “Б.Н.С.Р.” дар рӯи он нақш гардид, ки мухтасари калимаи “Бухарская Народная Советская Республика” аст. Пас аз се сол ранги парчам сурх шуд. Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд. Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ – “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой гирифт. Соли 1953 Парчами Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон боз тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.
Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин парчам бо таваҷҷӯҳ ва дар заминаи парчамҳои қадими миллӣ, аз ҷумла дирафши ковиёнӣ омода шуда, матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст. Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни сабз баробар мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз ин рахҳои ранга аст; – Рӯи рахи сафед дар мобайни пачам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст; – Ранги сурхи парчам рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлолият; – Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти неки халқи кишвар; Ранги сабзи парчам рамзи саъю кӯшиш ва заҳмату меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънидод карда мешавад. Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти давлати тозаистиқлоле бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон мужда медиҳад.
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад. Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони бузургон сарчашма мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиш баҳри сарсабзию хуррамии кишвар шаҳодат медиҳад. Аз ин ҷост, ки парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу сабот, мубориза баҳри зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сўи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад. Шоиста аст, ки Парчами давлатӣ ҳамчун муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.
Таҳиякунанда: Омӯзгори кафедраи “Табиию риёзӣ” Шаҳроми Зайниддин