1- УМИ ДЕКАБР- РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ВИРУСИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТИ ОДАМ, БЕМОРИҲОИ ПАЙДОШУДАИ НОРАСОИИ МАСУНИЯТ (ВНМО/БПНМ)
30-юми ноябри соли 2019 дар МДТ “ Коллеҷи тимббии ҷумҳуриявӣ” конференсия бахшида ба “1-уми декабр – рӯзи мубориза бар зидди бемории вируси норасоии масунияти одам, беморихои пайдошудаи норасоии масуният(ВНМО/БПНМ) аз тарафи кафедраи “Беморихои сироятӣ” гузаронида шуд.
1 –уми декабр ҳамасола ҳамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза алайҳи ВНМО/БПНМ қайд карда мешавад. Мақсади эълони ин рӯз бори дигар ба аҳолии ҷахон расонидани маълумот оиди ин бемори ва сарҷамъ намудани ҳамаи қуввақо бар зидди он мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамасола бахшида ба ин рӯз чорабиниҳои гуногун ташкил ва баргузор карда мешаванд, аз ҷумла ҷамъомадҳо, вохуриҳо бо мутахассисон, ҳафтаи тестгузарони (санҷиши тестӣ барои муайян кардани сироятнокӣ) ва ғайраҳо. Дар оғози конференсия мудири кафедра Бобохоҷаева З.С. омӯзгорон ва иштироккунандагонро барои ташриф овардан ба конференсия хайра мақдам гуфта, қайд кард, ки мавзӯи имрӯза тамоми аҳли ҷомеаро ба ташвиш овардааст. Мақсади асосии конференсия ин ба ҷавонон бисёртар пешкаш кардани маълумот дар бораи ин бемории маргоҷвари асри ХХI мебошад. Дар ин конференсия донишҷӯён бо маърӯзахо оиди бемории ВНМО/БПНМ баромад намуданд, инчунин саҳначаи ҷолиб ва видеофилм намоиш дода шуд. Соли 1982 ҳамаи нишонаҳои асосии бемории номбурдаро муттаҳид сохта олимон ба хулоса омаданд, ки он бемории нави асри ХХ аст. Маълумотро дар бораи гирифторшудагон ба ин бемории хатарнок дар ҷаҳон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, корманди маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории ВНМО, омӯзгори кафедраи бемориҳои сироятӣ Мирзода И. пешкаш намуд. Ӯ мухтасар қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то инҷониб 11,700 нафари гирифтори ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор зиёда аз 7000 нафарашон мардҳо мебошанд. Дар 65% беморон ин вирус ба тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаштааст. Инчунин Мирзода И. дар бораи нигоҳ доштани сирри махфӣ аз тарафи кормандони тиб ва ҳуқуқпоймолкунии беморони вирусдоштаро гуфта гузашт. Баъди конференсия маълум шуд, ки иштирокчиён доир ба бемории мазкур маълумоти мушахасс гирифта барои худ хулоса бароварданд.
БПНМ бемориест, ки аз таъсири вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ба вуҷуд меояд ва системаи масунияти одамро иллатнок месозад. Вирус дар хун, сперма, тарашшӯҳоти маҳбал, шири сина қобилияти ҳаёти худро дар давоми якчанд соат нигоҳ медорад. Манбаи беморӣ шахси дорандаи вирус мебошад. Роҳҳои асосии гузариши бемори ин алоқаи ҷинсии бемуҳофизат, хунгузаронӣ, дастамалҳои гуногуни тиббӣ, сӯзандоруҳои бо хуни бемор олудашуда, аз модари ҳомиладор ба кӯдак дар вақти таваллуд кардан ва ҳангоми синамаконӣ мебошад. Беморшавӣ зиёдтар дар байни одамоне, ки ҳаёти бетартибонаи ҷинсӣ мегузаронанд, нашъамандоне, ки тазриқи дохилваридӣ маводи мухаддирҳо бо сорангҳои умумӣ истифода мебаранд, ба назар мерасад. Зуҳуроти клиникии сирояти ВНМО гуногун аст, тақрибан дар нисфи сироятнокшудагон пас аз 2- 3 ҳафта аломатҳои бемории шадиди сироятӣ пайдо мешаванд. Онҳо дар шакли гулӯдард, калоншавии ғадудҳои лимфавӣ, наҷосати обакӣ, сустӣ, зуд-зуд ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шудан, ҳарорати баланд пайдо мешавад.
Пешгирии ВНМО пеш аз ҳама кам кардани миқдори ҳамхобаҳо, истифода бурдани рифолаҳо, мубориза бар зидди нашъамандӣ, назорати ҷиддии донорҳо, муоинаи оммавии сирояти ВНМО бо усулҳои анонимӣ, ҷавобгирии ҷиноятӣ барои қасдан (дониста) паҳн кардани беморӣ ба шумор мебошад.
Бобохоҷаева З.С. – мудири кафедраи бемориҳои сироятии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”