ОМӮЗИШИ НУКТАҲОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН ВА ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНУ ДОНИШҶӮЁНИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”
Муҳтарам меҳмонон, аъзоёни Шӯрои олимон, устодон ва донишҷӯёни азиз! Мову Шумо санаи 26 декабри соли 2019 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тариқи расонаҳои хабари омма шунидем, ки дар он Пешвои миллат доир ба дастовардҳои Ҷумҳурӣ дар тамоми соҳаҳо дар соли 2019 маълумот доданд ва барои пешрафти Тоҷикистони азиз дар солҳои минбаъда дастуру пешниҳодҳо намуданд. Мо тасмим гирифтем, ки имрӯз нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ ва тамоми ҷомеаи Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор диҳем.
Пешвои миллат дар Паёмашон қайд намуданд, ки соли сипаригашта дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳо сабт гардид. Татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.
Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул карда шуд. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир саноати Тоҷикистон ру ба инкишоф намуд.
Амалишавии лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика имкон дод, ки ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар 7 соли охир, 1,3 баробар афзоиш ёбад.
Бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе – Бохтар, Ҳуҷанд – Исфара, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин, Шкев – Қалъаихумб, Кӯлоб – Муъминобод идома дошта, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Президенти кишвар ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат намуданд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги 30 – солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд.
Бо пурра ба кор даромадани нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” Тоҷикистон дар миқёси олам ба қатори се кишвари аввали тавлидкунандаи “энергияи сабз” шомил мегардад.
Рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати мо ба ҳисоб меравад. Аллакай, дар зарфи соли якуми эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст. Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари мо дидан кардаанд.
Имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудаанд.
Пешвои миллат ба роҳбарону кормандони соҳаи маориф таъкид ба ҷо оварданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Вобаста ба ин Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шавад. Инчунин, пешниҳод карда шуд, ки ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд.
Тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад. Аз ҳамин лиҳоз ба роҳбарону масъулони соҳа таъкид карданд, ки сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд. Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.
Ҳамчунин вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, сохторҳои илмӣ, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилотро супориш доданд, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ чопи китобҳои бадеиро зиёд намуда, дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ монанд ва иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.
Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Дар робита ба ин, Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон Конфронси генералии ЮНЕСКО доир ба баргузории ҷашнҳои 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии шоири барҷастаи тоҷик Камоли Хуҷандӣ қарор қабул кард, ки ин санаҳои бузургро мардуми Тоҷикистон соли 2020 ҷашн мегиранд.
Дар робита ба мусоидат ба раванди ташаккули эҷодиёти халқ, истифодаи самарабахши нерӯи фарҳангӣ ва маънавии миллат Пешвои милат пешниҳод намуданд, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ҳар сол баргузор карда шавад.
Ҳукумати кишвар ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд. Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд. Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст. Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад. Вобаста ба ин Пешвои миллат ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур доданд, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд.
Имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст. Бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ дошта, пешниҳод карда шуд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шавад. Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешвои миллат дастур доданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.
Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.
Пешвои миллат нақши занону духтаронро дар рушди ҷомеа муҳим шуморида аз ҷумла қайд намуданд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Президенти кишвар иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб хоҳад намуд.
Вобаста ба сиёсати давлати ҷавонон Президенти кишвар иброз доштанд, ки ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса, ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати Ҳукумат боқӣ мемонад. Иштироки фаъолонаи ҷавонони мамлакат дар сохтмони нерӯгоҳу корхонаҳои азими кишвар, аз ҷумла нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва корҳои бунёдкориву созандагӣ имрӯзҳо баръало мушоҳида мешавад. Сафи ҷавонон дар соҳаҳои дигар, аз ҷумла саноату сохтмон, маорифу тандурустӣ ва кишоварзӣ низ торафт афзоиш ёфта истодааст.
Варзиш ба фаъолияти ҷавонон алоқамандии мустақим дорад. Имрӯз дар кишвар 10 ҳазор иншооти варзиш фаъолият дошта, тайи солҳои 2011-2018 қариб 2200 иншооти соҳаи варзиш бунёд ва 1059 иншоот таъмиру таҷдид гардидааст. Дар соли 2019-ум 358 иншооти варзиш, аз ҷумла зиёда аз 200 иншоот дар пойтахти кишвар сохта шудааст. Таъкид карда шуд, ки мо бояд дар оянда низ ба оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим диққати аввалиндараҷа диҳем ва барои тандурустии аҳли ҷомеа шароити боз ҳам беҳтар фароҳам оварем.
Интихобот ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳимми давлат мебошад. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2019 интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд. Пешвои миллат аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон даъват ба амал оварданд, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлоламон мусоидат намоянд.
Амалҳои даҳшатноки террористӣ, ки солҳои охир дар гӯшаҳои гуногуни олам содир гардида, боиси марги ҳазорон одамони бегуноҳ шуда истодаанд, возеҳ нишон медиҳанд, ки терроризм имрӯзҳо ба таҳдиди воқеиву ҷиддӣ ба амнияту суботи ҷаҳон ва пешрафти инсоният табдил ёфтааст. Хотиррасон карда шуд, ки чанде аз аъзои яке аз гурӯҳҳои созмони террористии ба ном давлати исломӣ ба дидбонгоҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳуҷум карда, даст ба қатли сарҳадбонон заданд. Аз ин лиҳоз Пешвои миллат аз сохтору мақомоти марбута таъкид намуданд, ки дар роҳи ташвиқу тарғиби тундгароии динӣ садди устувор гузошта, ҷавононро ба ҳушёриву зиракӣ ҳидоят кунанд ва онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ҳамчунин оид ба пешгирии воридоти маводи нашъаовар, ки ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва коррупсия ҳамчун омилҳои номатлуби ҷомеа ибрози андеша намуда, аз мақомотҳои қудратӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъвад ба амал оварданд, ки бар зидди ин омилҳо муборизаи беамон баранд.
Президенти кишвар бо боварии комил иброз доштанд, ки то ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ мо боз корҳои зиёди бунёдгаронаро амалӣ мекунем, тамоми захираву имкониятҳоро барои бунёди корхонаҳои хурду бузург сафарбар менамоем, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё месозем ва сатҳи некӯаҳволии халқамонро боз ҳам беҳтар мегардонем. Дар ин роҳи пуршараф Пешвои миллат ба тамоми сокинони кишвар барору комёбӣ орзу намуданд.
Устодон ва донишҷӯни муҳтарам. Сиёсати Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати созанда ва бунёдкорона мебошад. Аз ин ру мо аҳли коллективи кормандон ва донишҷӯён ҳамагӣ аз як гиребон сар бароварда, бояд аз он дастгирӣ намоем ва ба қадри имконияти худ дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.
Вобаста ба дастуру супоришҳое, ки Президенти кишвар дар паёмашон иброз доштанд дар Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ низ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, баҳри амалисозии онҳо чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд.