МақолаҳоХабарҳо ТОҶИКИСТОН – КИШВАРИ ТАМАДДУНОФАР Бо admin On Dec 1, 2022 0 Агар ба таърих назар андозем миллати тоҷик тули арзи ҳастӣ ва махсусан дар даврони соҳибдавлатӣ ҳамчун кишвари таҷовузгар маъмул набуда, ҳеҷ гоҳ бо истифода аз зурӣ ва тавоноӣ ба мулки мардумони бегона ҳуҷум накардааст ва қисми зиёди минтақаҳои рӯи замин аз боиси пешбарии сиёсати инсондӯстонаи ҳукмронҳои тоҷику форс ихтиёран ба таркиби он давлатҳо ҳамроҳ шуда буданд. Аммо иборае маъмул аст, ки “Некӣ ва инсондӯстӣ нишони заифӣ нестанд”. Албатта, миллати тамаддунофари мо ҳеҷ гоҳ ба мулки бегонаҳо қасде надошт ва надорад, аммо ҳар порча замине ки дошт ва дорад барои ҳифзи он то охирон лаҳза истодагарӣ менамоянд. Ин буд, ки аз миллати мо нисбат ба истилогарони беруна “Ҷомасафедон”, Муқаннаъ, Восеъ, Спитамен ва дигарон қаҳрамонӣ нишон додаанд. Мақсад аз ин гуфтаҳо дар он аст, ки имрӯз ҷумҳурии ба мо ҳаммарз Қирғизистон арзишҳои муқаддаси умумиосиёгиро поймол менамояд, ин ҳам бошад муносибатҳои дӯсти бо ҳамсояи худ. Баракс ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози баҳси сарҳадӣ то инҷониб бо Қирғизистон кушиш дорад муносибати мусолиатомез намояд, зеро роҳбарияти олии кишвар, алалхусус Роҳбари кишвар, Пешвои муаззами миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъқид сохтанд, ки ҷониби Тоҷикистон талош доранд бо кишварҳои ҳамсоя, чи узбеку қирғиз ва чи афғону чин ҳамеша муносибати дӯстона барпо намоянд. Дар ин самт Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Сарвари хирадманд ва оқил мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳои назаррасе ноил гаштаанд. Мо имрӯзҳо шоҳидем, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои мо мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро чи ҳад ба ҳам овардааст. Ба ҳамин мисол метавон бо боварии комил муносибат бо Чину Афғонистонро мисол овард. Албатта дар давраҳои гуногун бо Ҷумҳурии Қирғизистон низ муносибатҳои дустӣ дар сатҳи олӣ қарор доштанд, аммо равандҳои сиёсии даврони охир нишон доданд, ки сиёсатмадорони ин кишвар таҷрибаи истифодаи баҳсоҳои сарҳадиро ба нафъи худ, баҳри мустаҳкамсозии мавқеи худ дар фазои сиёсии дохилии худ истифода мебаранд. Имрӯзҳо ҷониби Қирғизистон ҳақи ҳамсоягиро иҷро накарда, заминҳои Тоҷикистонро ғасб карда, тамоми ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи байнидавлатии рабти сарҳадро инкор менамоянд. Баҳси миёни Қирғизистону Тоҷикистон аз боиси 211000 га замин ба вуҷуд омада, ки дар асл замини Тоҷикистон мебошад. Дар ин баҳс Тоҷикистон ба сифати соҳиби замин ва талабкунандаи ҳақи қонунии худ баромад менамояд. Аз рӯи нуқтаи назари ҳуқуқшиносон низ заминҳои мазкур ба Тоҷикистон таалуқ доранд ва бо мавҷуд будани харитаҳои тасдиқшуда ва ба расмият даровардаи давраи шуравӣ, ҷониби Қирғизистон баҳси мазкурро идома дода истодааст ва хоҳишманди ҳалли мусолиатомези ин масъала намебошад. Тибқи ҳуҷҷатҳои мавҷуда 211000га заминҳои ҳудуди Тоҷикистон ба ихтиёри Ҷумҳури Қирғизистон барои истифодаи муваққатӣ иҷора дода шуд. Маълум аст, ки ҷониби Қирғизистон қарорҳои ба тавсиб расидаро риоя накарда аз баргардонидани заминҳои ба иҷора гирифтааш саркаши дорад. Ин буд, ки соли 2006 ҷониби Қирғизистон аз созишномаи иҷораи замин расман баромад. Тоҷикистон ҳамеша ҳақи ҳамсояҳои ҳаммарзашро пос медорад. Аммо тули чанд соли охир тарафи Қирғизистон вазъиятро дар марз бо Тоҷикистон муракабтар намуда истодааст. Мушкилиҳои марзиву ҳудудии Тоҷикистон ва Қирғизистон тули сад сол мешавад, ки идома ёфта истодаанд. Дар ин миён ҷониби Қирғизистон чандин маротиба қарордодҳои вобаста ба марзро вайрон намуда ба хоки кишвари мо ҳамлаҳои ноҷавонмардона анҷом додааст. Ҳол он ки тибқи қарордодҳо ва қонунҳои ИҶШС заминҳо дар ҳудуди Тоҷикистон муаян шудаанд. Ҳақиқат он аст, ки роҳбарияти Қирғизистон бояд такя ба қарору қонунҳои мутобиқ бо харитаи ИҶШС намуда ҳалли мушкилоти марзиро софдилона ва бо риояи факту далелҳои асоснокшуда, барасӣ намуда заминҳои ба иҷора гирифтаашро баргардонад. Дар ин масъала бешубҳа ҳақиқат ҷониби Тоҷикстон мебошад. Ҷумҳурии Қирғизистон бояд дарк намояд, ки мушкилии марзӣ ҳатман ҳалли мусолиатомез талаб менамояд ва дар ин мушкилот ҷониби Тоҷикистон ҳақдор буда ҷониби Қирғизистон қарздор. Имрӯз сохторҳои қудратии ҷумҳурии мо бо роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, низои баамаломадаи сарҳадиро бо роҳи осоишта ҳал намоянд. Аммо ҷалби “миёнравон” аз ҷониби Қирғизистон ҳалли масъалаи мазкурро мушкилтар ва ҳолати сарҳадиро печидатар ва номуайян гардонидааст. Имрӯз мардуми мо бояд аз сабабҳои аслии сарзании баҳсҳои сарҳадӣ воқиф бошанд ва якдилона дар ҳифзи якпорчагии Ватан саҳм гузоранд, алалхусус дар фазои иттилоотӣ. Асистенти кафедраи “Фармакология ва забони лотинӣ”: Гулов Э.С. 0 Мубодила кардан