Бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории ВНМО аз ҷониби кафедраи «Бемориҳои сироятӣ» дар якҷоягӣ бо Маркази мубориза бар зидди бемории ВНМО ҳудуди кӯчаҳои атрофи Коллеҷ аксияи тақсимоти маводҳои таблиғотӣ гузоранида шуд.
Дар рафти баргузории аксияи мазкур маъмурияти коллеҷ ва омӯзгорони кафедра зиёда аз 600 дона маводҳо вобаста ба пешгирии паҳншавии ин бемории сироятӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карданд.
Мақсад аз баргузории аксия бештар маълумоти саҳеҳ пайдо кардани шаҳрвандон аз ин бемории сироятӣ буда, ин амал метавонад дар пешгирии бемории мазкур кумак расонад.