СУХАНРОНИИ ДИРЕКТОРИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Ш.АШУРИЁН ДАР ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ, БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МОДАР 5 МАРТИ СОЛИ 2020
Муҳтарам омӯзгорон, донишҷӯёни азиз!
Хушбахтона Рӯзи Модар дар айёме баргузор мегардад, ки ба кишварамон фасли баҳор бо қадамҳои сабзи Наврӯзи фаррухпай фаро мерасад. Наврӯз рамзи эҳёи табиат, сарчашмаи хуррамӣ, покизагиву зебоӣ ва нишони ҷовидонаи зиндагӣ мебошад. Аз ин рӯ, ҳамаи Шумо – ҳозирини гиромӣ, кулли модарон ва занону духтаронро ба муносибати Рӯзи модар ва айёми истиқболи Наврӯзи Аҷам самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоматон, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям. Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан – модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад, аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд.
Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Аз тарафи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул карда шудаанд. Ҳадафи қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону бонувон мебошад.
Пешвои миллат дар Паёмашон ба маҷлиси Олӣ, ки 26 декабри соли 2019 ироа намуда буданд нақши занону духтаронро дар рушди ҷомеа муҳим шуморида, аз ҷумла қайд намуданд, ки занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта, дар аксари соҳаҳо, бахусус, дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд. Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Президенти кишвар иброз намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб хоҳад намуд.
Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти имрӯзаи ҷомеаи мо ташаккули тарзи зиндагии солим, фароҳам овардани шароит барои модару фарзанди солим ва ташкили оилаи солим мебошад. Ин масъала, пеш аз ҳама, ба мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ҳифзи саломатии занону модарон, баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо ва тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим, яъне ба масъалаи оилаи устувор дахл дорад. Зеро оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи нерӯи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки садҳо нафар фарзонаҳои илму адаби ҷаҳонро модарони тоҷик ба дунё овардаанд. Чунонки Шумо дар хотир доред, дар солҳои аввали истиқлолият масъалаи таҳсили духтарон ба мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта буд. Аз соли 1997 шурӯъ намуда, бо мақсади тарбияи кадрҳо аз ҳисоби духтарони маҳаллӣ, бахусус аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дар ҳама макотиби олии мамлакат квотаи махсуси президентӣ ҷорӣ карда шуд. Ба шарофати ин иқдом солҳои охир зиёда аз 10 ҳазор нафар ҷавондухтарон соҳиби маълумоти миёнаву олии касбӣ гашта, имрӯз дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ фаъолият карда истодаанд.
Фаромӯш набояд кард, ки занону модарони тоҷик аз азал хушрӯзгору сариштакор буданд. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” самаранок амалӣ гашта истодааст. Мардуми Тоҷикистон бахусус модарон ва духтарон моҳият ин қонунро аллакай ба хубӣ дарк намудаанд, зеро ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки маблағҳои сарфашударо барои ободии хонаи худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, бо сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин кардани онҳо сарф намудан мумкин аст.
Дар ситоиши зан Модар агар соатҳо сухан гуем ин ҳам кам аст, зеро ҳар қадар, ки мову Шумо бо тамоми ҳастӣ, хизмати модаронро ба ҷо биёрем ҳам, ба якшаба бедорхобию сари гаҳвора нишастани ӯ баробар шуда наметавонад: Ба қавли шоир, ки гуфтааст:
Як шаба он ранҷ, ки Модар кашид,
Дар ду ҷаҳонаш натавон баркашид.
Тамоми ҷомеаи мо бояд як нуктаро дарк намоем, ки ҳар як модар шоистаи таҳсин, сазовори ситоиш, арзандаи эҳтиром ва арҷ гузоштан аст.
Идатон муборак, модарону хоҳарон ва бонувони азиз!