Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БОЗОМӮЗИИ МУТАХАССИСОН ОИД БА МУОИНА, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ БЕМОРИИ КОРОНОВИРУСӢ – COVID-19 ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.05 соли 2020, №395 бо мақсади бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои маҳдуд ва ҳамшираҳои тиббӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории короновирусӣ – COVID-19, тибқи банди 8- и Нақша – чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни боздид аз иншооти шаҳри Душанбе ва мулоқот бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 майи соли 2020 иброз доштанд, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” аз тарафи омӯзгорони кафедраи бемориҳои сироятӣ ва маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони миёнаи тиббии Коллеҷ барои 111 нафар, аз ҷумла 73 нафар табибон ва 38 нафар ҳамшираҳои (бародарони) тиббӣ – омӯзгорони Коллеҷ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ташкил карда шуд. Омӯзиши мазкур аз 27 – ум то 29 уми майи соли 2020 идома ёфт. Омӯзиш масъалаҳои сабабҳо, патогенез, ташхиси лабораторӣ ва дастгоҳӣ, нишонаҳои клиникии сироят, протоколи клиникии табобат вобаста ба марҳилаҳо ва дараҷаҳои вазнинӣ, дорувориҳои тавсияшванда, оризаҳои беморӣ, чорабиниҳои худмуҳофизатии мутахассисон ҳангоми кор бо гумонбарони сироят ва табобати беморон, тарзи пӯшидан ва кашидани либоси махсуси муҳофизатӣ ва дигар масъалаҳоро дар бар гирифт. Омӯзиш дар асоси Дастурамали муваққатӣ оид ба муоина, ташхис ва табобати бемории сироятии короновирусӣ – COVID-19, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ба роҳ монда шуд.
Семинари омӯзишӣ санаи 29 майи соли 2020 анҷом ёфта, ба ҳамаи иштирокчиён сертификат (шаҳодатнома) тақдим карда шуд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.