Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ШАҲРИ ҶАВОН БО ДАСТОВАРДҲОИ БУЗУРГ

Сарзамине, ки ҳамакнун шаҳри Душанбе дар он ҷой дорад, дар садаҳои миёна «Шумон»  ном доштааст ва дар роҳномаҳо ва таърихномаҳои қадим ба гунаи “Сумон” низ навишта шудааст. Дар «Ҳудуду-л-оламмин-ал-Машриқилал-Мағриб» омада: «Шумон шаҳрест устувор ва ба барокӯҳ ниҳода ва гирди ӯ борае кашида ва ӯро куҳандизест бар сари кӯҳ ниҳода ва андар миёни куҳандиз чашмаи об аст бузург. Аз вай заъфарон хезад бисёр ». Шумон дар қисмати болооби рӯди Қубодиён ва шимоли Пули Сангин ва шаҳри Вошҷирд (Висагирд, акнун — Файзобод) воқеъ буд,  ки ба гуфтаи Истахрӣ ба андозаи Тирмиз вусъат дошт ва ба масофати андаке дар ҷануби он қалъаи бузурги Шумон вокеъ буд. Муқаддасӣ дар «Аҳсанал-тақосим» гӯяд: «Шумон маконе пурҷамъият ва ободу неку аст » .  Шарафуддин Алии Яздӣ дар «Зафарномаи Темурӣ» аз  ин қалъа ба номи «Ҳисори Шодмон   ёд карда ва ғолибанонро ба сурати мухтасар Ҳисор‎ ё «Ҳисорак» навишта ва имрӯз  ҳам «Ҳисор» маъруф аст. Аз ҷойноми Душанбе барои нахустин бор дар китоби донишманди балхӣ Маҳмуд ибни Валӣ «Баҳрул-аъроффи маноқибал-хайр» (оғози садаи XVII м.) ва номаи хони Балх Субҳонқул Баҳодур ба шоҳи давлати Рус  Фёдор Алексеевич (декабри 1676) ёд шудааст. Дар санаде бозмонда аз соли 1826 ин шаҳр“Душанбе-қурғон номида шудааст. «Қурғон» вожаи туркӣ ва маънояш «қалъа» ва «ҳисор» аст.

Қалъаи Душанбе дар канораи чапи рӯди Варзоб ҷой дошта ва ҳар рӯзи душанбе дар назди он бозор баргузор мешудааст. Номи кунунии пойтахти Тоҷикистон ёдовари ҳамин бозор аст. Аз баски ин ҷойро «Душанбебозор» мегуфтанд, деҳкадае, ки бо гузашти замон дар ҷои «Душанбебозор» пайдо шуд ва он Душанбе ном гирифт.

Соли 1924 пас аз ташкил кардани  Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон, Душанбе  шаҳр ва  пойтахти  ҶМШС Тоҷикистон эълон гардид. 16 октябри  соли 1929 Душанбе ба Сталинобод (бахшида ба роҳбари ҳамонвақтаи ИҶШС Иосиф Сталин (1924 — 1953), номаш иваз гардид. Соли 1961 дубора Душанбе номида шуд. Чунин иваз кардани номҳои шаҳру маҳалҳои аҳолинишин дар натиҷаи тағйир ёфтани сохти ҷамъиятиву сиёсӣ дарТоҷикистон ба вуқуъ омадааст.

Бояд қайд намуд, ки бо қарори ЮНЕСКО 4 августи соли 2004 шаҳри Душанбе бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти рўзмарра ба Ҷоизаи Якуми «Шаҳри Сулҳ» дар минтақаи Осиёву Уқёнуси ором барои солҳои 2002-2003 сазовор дониста шуд. Душанбе яке аз шаҳрҳои зеботарин ва тарақиёфтаи минтақаи Осиёи Марказӣ буда ба шаҳодати бостоншиносон таърихи беш аз 2300 – сола дорад. Пойтахт бо шаҳрҳои гуногуни ҷаҳон алоқаи иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ дошта, бо аксари онҳо бародаршаҳр аст. Халқи тоҷик дар тули таърихи чандҳазорсолаи худ шаҳру пойтахтҳое бунёд кардааст, ки мавриди тавваҷуҳи ҷаҳониён буданд. Суннатҳои  шаҳрдорӣ ва санъати меъмории онҳо, ки хусусиятҳои милли ва умумибашарӣ доранд, то замони мо боқи мондаанд.  Душанбе, барҳақ, меросдорӣ онҳост. Сокини пойтахт будан боиси ифтихор аст ва дар айни замон масъулияти бузург ҳам дорад, ки амали намудани чунин дастур муҳимтарин вазифаҳои шаҳрвандиро тақозо менамояд: Раиси собиқи шаҳри Душанбе  Маҳмадсаид Убайдуллоев  мефаромояд: «Сарфароз гардонидани шаҳрамон бо Ҷоизаи  Якуми  ЮНЕСКО  «Шаҳри  Сулҳ» дар минтақаи Осиёву Уқёнуси  Ором барои солҳои 2002-2003 бо эътирофи саҳми бузурги он дар таҳкими арзишҳои сулҳ, таҳаммул ва ҳамрайъӣ дар ҳаёти рўзмарра муҳимтарин комёбии сатҳи байналмилалӣ мебошад. Бо меҳнати пурсамар, ѓамхории ҳамагонӣ ва кўшишҳои дастаҷамъона шўҳрати пойтахтамонро ҳамчун маркази сиёсӣ ва фарҳангии кишвар дучанд гардонидан ва онро бо иқтидори бузургу рўҳи болидаи бунёдкоронааш дар тамоми корҳои хайри Ватани маҳбубамон, таъмини ояндаи дурахшони он ва ҳамоҳангии том дар ҷомеа ҳамеша чун асоси муттаҳидсозанда нигоҳ доштан вазифаи пурифтихор ва бо шарафонаи ҳар яки мост.

         Дар ин росто метавон аз фидокориҳои шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ, яке аз ҷавононе, ки кору пайкораш воқеан ҳам арзандаи ситоиш аст, номбурд.  Рустами Эмомалӣ дар давраи роҳбарӣ бо кордонию диди тозаи худ тавонист ба санъати шаҳрсозиву шаҳрдорӣ қабои дигар пӯшонад. Анъанаву суннатҳои шаҳрсозиву шаҳрдорӣ ва санъати меъмории халқи кӯҳанбунёди тоҷикро, ки дар масири пурмоҷарои таърих майл ба нест шудан доштанд, дубора эҳё кард. Дар давраи кутоҳи роҳбарӣ бо азму иродаи қавӣ ва кордониаш тавонист шаҳри Душанберо ба яке аз беҳтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ табдил диҳад. Шаҳри Душанбе оҳиста-оҳиста симои худро дигар карда, тадриҷан ба шаҳри бузург мубаддал гашт.  Хонаҳои серошёнаи замонавӣ, қасру толорҳои барҳаво, театр, биноҳои маъмурию фарҳангӣ сохта шуданд, ки ҳусни онро боз ҳам зеботар намуд. Ва имрӯз шаҳри Душанбе маркази сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ мебошад.

          Дар ин давраи кутоҳи раҳбарӣ Рустами Эмомалӣ тавонистанд, даҳҳо боғу гулгаштҳоро бо шароитҳои созгору муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Ҷавонон”, Боғи фарҳангӣ – фароғатии “Кӯли ҷавонон”, Боғи “Низомиддин Алишери Навоӣ”, Боғи ба номи Аҳмади Дониш, Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи фарҳангӣ –фароғатии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ, сохтани иншоотҳои наву замонавӣ, сохтани роҳҳои сетабақа ва ғайраҳо далели равшан аз иқдомҳои нав ва беназири шаҳрдори ҷавони кишвар Рустами Эмомалист. Тавре  аз  сомонаи  шаҳрдорӣ хабар додаанд, то ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маишӣ ва солимгардонии сокинону меҳмонон боз  58 майдончаи варзишӣ ва 12 боғу гулгашт барои истироҳату фароғати сокинон сохта ба истифода дода мешавад. Иҷрокунандаи вазифаи сафири ШМА дар Тоҷикистон дар як мусоҳибааш перомуни ободкориҳои шаҳри Душанбе чунингуфта буд:  “Сафари нахустини кории ман ба Душанбе чанд сол пеш сурат гирифта буд, аммо ин дафъа ба Тоҷикистон омада,  аз пешравиҳои кишвари  шумо дар тааҷҷуб шудам. Ман Душанберо нашинохтам! Ҳама чӣ иваз шудааст – кӯчаву хиёбонҳо, биноҳои нав, гулгаштҳо, инфрасохтор, меҳмонхонаҳои сатҳи байналмилалӣ, нақлиёт ва аз ҳама муҳим амният. Душанбе имрӯз ба қатори амнтарин шаҳрҳои ҷаҳон шомил шудааст ва дар ҳақиқат дилхоҳ вақти шаб ба кӯча бароед касе ба шумо кордор нест. Ман Душанбеи навро дӯст доштам ва худамро ин ҷо хеле озод ҳис мекунам” Хурсандиовар аст, ки созмонҳову ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳоние чун Департаменти давлатии ИМА шаҳри Душанберо бақатори амнтарин шаҳрҳои сайёра дохил гардонид. Бино ба натиҷаҳои назарпурсии агентии таҳлилии “Тур Стат”-и Русия бошад, пойтахти Тоҷикистон–шаҳри Душанбе ба қатори 10 шаҳри дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид. Дар самти сиёсати беруна низ роҳбарияти шаҳри Душанбе корҳои назаррасро ба сомон расонида, дастовардҳои зиёдеро касб намуд ва бо ташаббусҳои сатҳи байналхалқӣ эътибору нуфузи шаҳри Душанберо афзуд. Ҳамин кордониву дуруст ба роҳ мондани сиёсати хориҷии шаҳрдорӣ буд, ки дар давраи роҳбарии ӯ шаҳри Душанбе бошаҳрҳои Ашқободи Туркманистон, Тошканди Ӯзбекистон, Синдао, Сямэн ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин,  Болдери Штатҳои Муттаҳидаи Амрико бародар шаҳр эълон гардиданд.

Ҳама ин ободкориҳову созандагиҳоро ба инобат гирифта Ҳукумати кишвар эшонро бо чандин ифтихорнома ва сипосномаву ҷоизаҳо қадрдонӣ кардааст. Дар санаи 30-юми августи соли равон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти арзандаву самаранок дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ Рустами Эмомалӣ – Раиси  шаҳри Душанбе бо Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи 2 сарфароз гардид.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки Душанбе минбаъд ҳам чун шаҳри умеду орзуҳо ва ормонҳои миллати куҳанбунёди тоҷик боқӣ мемонад. Шубҳае нест, ки бо гузашти асрҳо наслҳои оянда аз роҳи тайкарда  ва корҳои шоёни бунёдгарони Душанбе – пойтахти Тоҷикистон ифтихор хоҳанд кард.

Аминов Б.  У. Омӯзгори кафедраи  “Фанҳо гуманитарӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.