Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ДАРСИ КУШОДУ НАМУНАВӢ ДАР КАФЕДРАИ “ФАНҲОИ ТИББӢ – БИОЛОГӢ” – и МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМУҲРИЯВӢ”

Санаи 13 – уми апрели соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳои шӯъбаи таълим дар нимсолаи 2 – юми соли таҳсили 2022 – 2023 дар кафедраи “Фанҳои тиббӣ – биологӣ” – и Муассиса дарси кушоду намунавӣ аз фанни “Биология бо ассоҳои генетикаи тиббӣ” барои донишҷӯёни курси 1 – уми факултети “Кори табобатӣ” дар мавзӯи “Митоз ва марҳилаҳои он” аз ҷониби устоди кафедра Одинаев Давлаталӣ Раҷабалиевич баргузор гардид.
Дар дарси кушоду намунавӣ сармутахасиси Шӯъбаи назорати сифати таҳсилот Мазабова Н.Н., мудири кафедра Раҳмонова М.Ш. ва омӯзгорони ҷавони кафедра иштирок намуданд. Дарси кушоду намунавии мазкур дар асоси Низомнома оид ба ташкили раванди низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “01” октябри соли 2018, №18/35 ва тартиби гузаронидани машғулиятҳои аудитории лексионӣ – назариявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоми кредитии таҳсилот (Бо қарори ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2023, №02/8 тасдиқ шудааст) гузаронида шуд.
Мақсади асосии ташкили дарсҳои кушоду намунавӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани савияи донишандӯзии донишҷӯён, баланд бардоштани сифати таълими Муассиса ва табодули таҷриба барои омӯзгорони ҷавон ба ҳисоб меравад. Дар вақти баргузории машғӯлият омӯзгор аз усулҳои фаъоли таълим истифода бурд. Донишҷӯён низ дар раванди машғӯлият иштироки фаъолона намуданд.
Дар ҷамъбасти машғӯлият Сармутахасиси Шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот Мазабова Н.Н. баромад намуда, қайд намуданд, ки дар асоси дастуру супоришҳои директори Муассиса н.и.т. Ашуриён Ш.С. ва нақша – чорабиниҳо оиди дар амал татбиқ намудани он нуқтаҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамалакатамон аз 23.12.2022с ироа гардид, дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” мунтазам дарсҳои кушоду намунавӣ, мизҳои муддавар, конференсияву чорабиниҳои гуногун, ки дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илм мусоидат менамоянд, баргузор карда мешавад.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.