Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо ташаббусу кўшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фазои амну осишта дар Тоҷикистони азиз ҳукмрон буда, арзишҳои инсонӣ ҳифз ва эҳтиром мешаванд. Аммо иддае пайдо мешаванд, ки ин кўшишҳои созандаро нодида гирифта, ба гуруҳҳои тундраву ифротӣ шомил шуда, мехоҳанд фазои ороми ҷомеаро бо ҳар роҳу васила доғдор намоянд. Вобаста ба ҳадафҳои стратегии давлат ва ҳукумат дар таърихи 4 майи соли 2018 конфронси сатҳи байналмилалӣ зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” баргузор гардида, дар он Президенти мамлакат суханронӣ намуданд, ки натиҷаи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Терроризм таърихи ҳазорсола дорад. Муаррих А.А. Королев чунин меҳисобад, ки ҳанўз 340 сол муқаддам то милод падари Искандари Мақдуниро тариқи террор ба қатл расонида буданд. Ташкилоти классикии террористӣ дар асрҳои миёна сектаи ассасинҳо ё хашашинҳо маҳсуб мешавад. Дар давраи нав, аз соли 1880 дар Русия, Аврупо ва баъдан дар Амрикои Шимолӣ идеологияи инқилобӣ (анархистон) паҳн шуд, ки зуҳуроти нави терроризм буд. Дар асри ХХ ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар ин минтақа дар худ терроризмро таҷассум мекард. Ба ақидаи баъзе аз муаррихон аввалин нишонаҳои терроризм дар асри ХХ ин ҳаракатҳои чирикӣ дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ буд. Дар солҳои 60-уми асри ХХ чунин амал дар армияи Исроил ба амал омад. Террористони фаластинӣ техникаи ҳарбиро тарконданд, ҳавопаймоҳоро бо мусофирон дуздиданд ва тарконданд, нақлиёти мусофирбарро ғасб ва мусофиронро гаравгон гирифтанд. Чунин амалу рафтори террористӣ дар кишварҳои Аврупо ҳам дар ҳамин давра зуҳур кард. Ташкилоти террористии «Бригадаи сурх» дар Италия, ташкилоти ҷудоихоҳии ЭТА дар Испания, армияи ҷумҳурихоҳон дар Ирландия, инчунин дар кишварҳои Осиё дар Афғонистон, Ҳиндустон, Шри Ланка ва ғайра дар қатори террористон дониста шудаанд.
Терроризм сиёсатест, ки ба террор асос ёфтааст. Синоними калимаи террор (лотинӣ-terror)-ваҳм, ҳарос, хавф, даҳшат, ваҳшат, воҳима буда, ҷабр, зулм, таҷовуз, тааддӣ мафҳумҳои ба он алоқаманд мебошанд.
Дар охири солҳои 60-уми асри 20 мафҳуми нави сиёсати терроризм-терроризми байналхалқӣ пайдо ва паҳн шуд. Намудҳои зерини терроризм маълуманд:
-
Терроризми номуташаккил ё инфиродӣ, ки аз тарафи як ё ду нафар амалӣ карда мешавад ва аз қафои он ташкилот ё идораи фармонфармо нест.