Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТЕРРОРИЗМ: АРЗЁБИИ ҲОЛАТИ РАВОНИИ ҶОМЕА ҲАНГОМИ ҲАМЛАҲОИ ТЕРРОРИСТӢ

Мушаххасан муайян намудани терроризм душвор аст – ба маънои васеъ, ҳар як амали бошуурона ё бешууронаи шахс метавонад ба он табдил ёбад – хоҳ он бастани баромадгоҳи фавқулодда ё паҳн кардани ваҳм тавассути шарҳҳо дар шабакаи иҷтимоӣ бошад. Амиқтар норафта, биёед ба ҳолатҳои «классикӣ» – террористони маргталаб, таркишҳо ё пошидани газҳои заҳрнок дар ҷойҳои серодами ҷамъиятӣ баргардем, ки мехоҳанд бо ин роҳ дар байни аҳолӣ ваҳму ваҳшат, тарсу ҳаросро ба вуҷуд оварда, вазъиятро ноором созанд, то ба ҳукумати қонунӣ таъсир расонанд, мақсади “олии” худро амалӣ намоянд ё ба ғояҳои эътиқоддоштаашон садоқат изҳор намоянд.

Мо дар ин мақола оид ба назарияҳои тавтиъа, даст доштани қувваҳои олӣ дар омодасозии ҳамлаҳо, созмондиҳандагони гурӯҳҳои терористӣ чизе намегӯем, намегӯем, ки террорист аксар вақт метавонад танҳо иҷрокунанда бошаду пешвои он дигар нафар. Дар ҳолатҳое, ки сухан дар бораи терроризм, марг, талафоти бебозгашти ҷони одамон ва ҳамин тавр нест шудани ҷаҳоне меронем, мо наметавонем дар бораи назарияҳои тавтиъа мағрурона фикр кунем. Дар ин ҷо мо бояд танҳо кӯмак кунем. Ҳамчун табиб симои душмани худро бояд шинохт, таъсири ӯро ба руҳи нозуки инсонӣ донист, то ки дар оянда бар зидди ӯ муқобилият нишон дод. Албатта ҳар як ҷузъиёт дар ин мавзӯъ барои коршиносони сохторҳои қудратӣ моҳияти бузург доранд, аммо дар ин мақола барои мо ташкилкунанда ва таъминкунандаи амали террористӣ муҳим нест, барои мо одамони оддӣ, мақсаду орзӯҳои онҳо ва аз сарнавишти тақдир наҷот додани ҳаёти онҳо муҳим аст.

Терроризм як падидаи оммавиест, ки ҳар як фард хатари дучоршавӣ бо онро дорад. Башарият дар ибтидои аср ҳамлаҳои террористии оммавиро аз сар гузаронида буд, аммо ворисони он террористҳо метавонад то имрӯз кори худро идома дода, ғояҳои худро миёни мардум паҳн созанд. Ҳар лаҳза бо айби касе риштаи ҳаёти инсонҳо метавонад канда шавад. Терроризм ҳамчун як мушкилии глобалии замони мо муайян карда шудааст ва онро дар таълимгоҳҳо меомӯзанд, аммо ба одамон, хусусан «одамони оддӣ», ки ба кор рафта, аз пайи рӯзғор мекушанд ё баръакс истироҳат мекунанд, диққати кам дода мешавад. Дар гардиши хабарҳо, шахсияти қурбониёни ҳамлаи террористӣ аксар вақт номаълум ё бе диққати зарурӣ мемонанд, пас аз ҳамлаи террористӣ ҷабрдидагон осеби амиқи равонӣ гирифта, нотавон ва бо мушкилоти худ танҳо мемонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки солҳои охир вазъият атрофи мавзӯи баррасишаванда муътадил гаштааст — воситаҳои ахбори омма бо мушкилотҳои дигар банд шуда, ҳар лаҳза оқибатҳои таъсири эпидемия ба солимии инсонро арзёбӣ намуда, оид ба даҳшат ва хавфи эҳтимолии он хабар медиҳанд. Албатта ин ҷо сухан оид ба васоити ахбори оммаи хориҷӣ меравад, дар ҳоле ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо чунин як давлат ба мисли Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳамсарҳадӣ дорад, моро мебояд доим ҳушёр бошем ва хавфу хатари терроризмро ба ҳеҷ ваҷҳ фаромуш насозем. Алҳол давлатҳои абарқудрат, ки аз рӯи ҷойгишавии географӣ дар манотиқи ором ё нисбатан ором ҷойгир шудаанд, васоити ахбори оммаи он давлатҳо мавзӯи терроризмро  танҳо ба манфиати  геостратегӣ ё ҳаллӣ мушкилотҳои иҷтимоию иқтисодии дохилии худ истифода мебаранд. Дар ҳоле ки расонаҳои хабарӣ хомӯшанд, мо бояд тамои даҳшатҳои тероризмро, ки дар оғози асри 21 рӯй дода буданд ба ёд оварем. Равоншинсон кӯшиш мекунанд, ки усулҳо ва қоидаҳоро таҳия намуда ба қурбониёни ҳамлаҳои террористӣ кӯмак расонанд ва ҳаёти онҳоро ба ҷараёни қаблии худ баргардонанд, аммо аксар вақт ин бефоида ва аз қудрати онҳо берун аст. Ба ҳар сурат, донистани оқибатҳои терроризм ва таъсири он ба шахсият зарур аст. Мо ояндаро пешгӯӣ карда наметавонем. Аксар вақт ҳодисаҳо зуд ба амал меоянд ва одам аз куҷо вазидани шамолро пешгуӣ карда наметавонад. Аммо мо умедворем, ки дониш дар бораи психологияи қурбониён ҳамчун маводи назариявӣ дар ҳаёт кӯмак хоҳад кард.

Инак, бармегардем сари мавзӯи баррасишаванда. Дар оғоз хусусиятҳои хоси амали террористиро қайд кардан зарур аст. Намудҳои амал фарқ мекунанд, ин метавонад гаравгонгирӣ ё таркиш дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бошад, аммо, баъзе омилҳо бетағйир боқӣ мемонанд:

  • Рӯйдоди ғайричашмдошт ва ногаҳонӣ. Бояд гуфт, ки ҳатто вақте ки назми муқаррарии ҳаёт каме тағйир меёбад ё ягон воқеаи ғайринақшавӣ рух медиҳад, бисёр одамон ба ҳаяҷон, изтироб ва рӯҳафтодагӣ гирифтор мешаванд. Аммо вақте чизе рӯй медиҳад, ки аз мушкилоти муқаррарӣ берунтар аст, таъсири харобиовар ба шахсият метавонад амиқтар бошад.

  • Надоштани таҷрибаи шабеҳ. Аксарияти одамон ҳеҷ гоҳ ба ҳолатҳои фавқулодда дучор нашудаанд, илова бар ин, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фикри зарбаи эҳтимолиро дар онҳо сарфи назар кунанд. Бепарвоӣ ва нотавонӣ, надоштани дониш оид ба амалҳои зарурӣ дар ҳолатҳои фавқулодда ба қурбониёни амалҳои террористӣ хос аст.

  • Набудани имконияти тағйир додани вазъ. Давомнокии ҳамлаи террористӣ низ дар ин ҷо нақш мебозад – дар ҳолатҳои гаравгонгирии дарозмуддат таъсири осеби равонӣ ҳар дақиқа меафзояд.

  • Наздикшавии марг. Дар ҳаёти рузафзун, механизмҳои махсуси муҳофизатӣ амал карда, ба инсон боварӣ мебахшанд, ки гӯё мо ҳаёти ҷовидона дошта бошем, дар асл ин хаёл асту халос. Вохӯрии рӯ ба рӯ бо он боиси тағйироти ҷиддӣ дар рӯҳияи шахс, вайрон кардани танзими равонӣ ва таҷрибаи бӯҳронҳо мегардад.

  • Талафот. Яъне талафот ба маънои васеаш. Дар ин лаҳза одам дарк менамояд, ки метавонад аз наздикон, мақоми иҷтимоӣ, қувваи ҳаётӣ, бехатарӣ ва боварӣ ба фардои худ махрум шавад… Дар вазъияти экстремалӣ одам бисёр чизҳоро аз даст медиҳад ва аксар вақт имкони зуд барқарор шуданро надорад.

  • Интихоби маънавӣ. Аксар вақт дар ҳолати ҳамлаи террористӣ, шахс бо интихоб дучор мешавад – ба кӣ кӯмак кунад, киро наҷот диҳад. Гузашта аз ин, ин интихоб барои шахс азобиовар буда, бо номуайянии ахлоқӣ қабул карда мешаванд. Баъди аз сар гузарондани ҳамла хотираҳои дарднок пайдо шуда, ҳисси пушаймонӣ аз корҳои кардаву нокарда, тадриҷан ҳолати равонии шахсиятро вайрон мекунанд.

Аз рӯи ин хусусиятҳо манзараи умумии ҳолати равонии қурбониёни амалҳои террористӣ, ки таҷрибаи манфиро паси сар намудаанд, пайдо мешавад. Таҷриба дар ҳақиқат сангин буда, ба як одами оддӣ тасаввур кардани он душвор аст. Дар як лаҳза дунёи куҳна пурра хароб мешавад ва яку якбора ҳақиқат аз сохтани дунёи нав огоҳи медиҳад, ки иҷрои ин кор танҳо ва бо қувваи худ амри муҳол аст. Атрофиён ҳам, ки чунин таҷриба паси сар накардаанд, дар кӯмак кардан омода нестанд. Ҳамин тавр, мо оқибатҳои равониро номбар мекунем, ки бо ҳам зич алоқаманданд:

  • Нотавонӣ. Таҷрибаи нотавонии шахс ҳангоми ҳамлаи террористӣ метавонад баъдтар ба ҳисси тарс аз зиндагӣ, маҳкум шудан табдил ёфта, боиси бӯҳронҳои гуногуни шахсӣ гардад. Одам дар худро ҳамчуни “бозичаи” бозии дигарон ҳис мекунад.

  • Мушаввашии вазъиятӣ. Дар наҷотёфтагони ҳамлаи террористӣ дар биноҳои истиқоматӣ “алоими соати шаш” дида мешуд (ин ҷо ҳамлаҳои террористӣ ба биноҳои истиқоматии шаҳрҳои Федератсияи Руссия солҳои 1999 дар назар дошта шудаанд) – чун ҳамла соати шаши субҳ рух дод, ҳар субҳ одамон каме пеш аз ин вақт аз хоб бедор шуда, худро нороҳат ҳис мекарданд ва интизори рӯйдодҳои даҳшатнок буданд. Аён аст, ки одамоне, ки аз ҳамлаҳои террористӣ дар ҷои ҷамъиятӣ зарар дидаанд, муддати тӯлонӣ аз бозгашт ба он ҷо тарс доштанд. Ҳамин тавр фобияҳо ва ё тарсҳои безоркунандаи пуршиддат пайдо мешаванд. Яъне, одам марг, дард, ва азоберо, ки пештар танҳо дар филмҳо ва ё тариқи расонаҳои хабарӣ медид, мустақиман бо он дучор шуд ва таҷрибаи манфии ҳаётӣ гирифт. Дар пасманзараи ин таҷриба, тарси доимии аз даст додани наздикон, маъюб шудан ва такроран аз сар гузаронидани ин ҳолат инкишоф меёбад. Барои шахсе, ки аз ҳамлаи террористӣ дар бино наҷот ёфтааст, дубора дар он кор, таҳсил ё зиндагӣ кардан душвор аст ва ин гуна шахс ҳодисаҳои мудҳишро такроран интизор мешавад. Ин барои ҳолати равонӣ як фишори бузурге мешавад, ки тадриҷан ба бемориҳои равонӣ оварда мерасонад.

  • Танҳоӣ. Мо, одамони оддӣ, яъне касоне, ки оид ба ҳамлаи террористӣ танҳо тариқи оинаи нилгун ва дигар намуди ахбори омма хабар дорему халос, қурбониҳои ҳамлаҳои террористиро дарк карда наметавонем. Мо мефаҳмем, ки ҳаёти онҳо шикаста, умрашон барбод рафтааст, аммо намедонем, ки ба онҳо чӣ гуфтан мумкин аст? Мо ба чунин вазъиятҳо дучор нашудаем ва сухане ёфта наметавонем, аз ин рӯ кӯшиш мекунем, ки аз одамони осебдида канорагирӣ кунем. Аз ин рӯ, онҳо эҳсоси бекасӣ ва танҳоӣ доранд. Танҳоӣ вазъи равонии онҳоро торафт вазнинтар намуда, дар ин ҷо метавон гуфт, ки бисёре аз маъюбон бо гузашти солҳо аз дастгирии иҷтимоӣ даст кашида, ба раҳмати тақдир мемонанд. Аксар вақт худи қурбониён нодирии таҷрибаи худро фаҳмида, барои ҷустуҷӯи муҳити нави иҷтимоӣ кӯшиш ҳам намекунанд, зеро барои онҳо аз нав ба ҷамъият дохил шудан душвор аст ва аз ин рӯ носозгории иҷтимоии ҷабрдидагон ба амал меояд.

  • Вайроншавии шахсият. Ҳамаи хаёлҳои асосӣ – дар бораи ҳаёти ҷовидонаи худ, дахлнопазирии наздикон ва адолати тартиботи ҷаҳонӣ як паси якдигар аз байн мераванд. Яъне шахсе, ки бо қоидаи «ман хубам, маро Худо нигоҳ медорад» зиндагӣ карда, ба ҳамлаи террористӣ дучор ояд, ҳама чизро аз даст медиҳад, аз он ҷумла шахсияти худро. Ҳамлаи террористӣ на танҳо тасаввурот, балки иродаи шахс, муносибат ба худ ва умуман ҷаҳонро мешиканад.

  • Эҳсоси беадолатии ҷаҳон. Баъди паси сар намудани осеби равонӣ ва вайроншавии маърифатӣ, шахс метавонад ҳаёти қаблиро муддаои табъ намояд. Зиндагӣ ба таври умум ба “пеш аз” ва “пас аз” тақсим мешавад ва ин “пеш” ҳазор маротиба равшантар аст, ҳатто бо ҳама мушкилоти рӯзмарра. Эҳсоси ғазаб ва нороҳатӣ дар зиндагӣ илова карда мешавад, аксар вақт оилаҳо пас аз ҳамлаҳои террористӣ вайрон мешаванд ва дар онҳо фазои ташаннуҷ ва нофаҳмӣ ҳукмфармоӣ менамояд.

  • Бадқасдӣ ва бадбинӣ. Агар шахс аз ҳамлаи террористие, ки аз ҷониби мусулмонон омода карда шуда буд, наҷот ёбад, ба эҳтимоли зиёд ба ҳамаи мусулмонон нафрат пайдо мекунад. Одам метавонад ба ҳама одамоне, ки хатари эҳтимолиро нишон медиҳанд, нисбат ба миллат ё эътиқоди дигар эҳсосоти бадқасдӣ ва ҳисси бадбинӣ инкишоф диҳад.

  • Бад шудани вазъи саломатӣ, ки боиси сарзании эҳсоси нолозимӣ барои ҷамъият мегардад. Одам метавонад маъюб монад, бемориҳои «пинҳон»-и ӯ шадидтар шаванд, бемориҳои психосоматикӣ рушд ёфта, рӯҳу ҷисмро оҳиста-оҳиста вайрон кунанд. Агар шахс тавонад ба муҳити қаблӣ баргардад, дубора кор кунад, пас ҳосилнокии ӯ паст мешавад, хастагӣ зиёд мешавад, аз ин рӯ эҳсоси нолозим будан, нороҳатии дохилӣ метавонад афзоиш ёбад.

  • Алоими такроршавии доимӣ. Хобҳо, таваҳҳумҳо, фикрҳо, хотираҳои безоркунанда ва мулоҳизаҳо ба бозгашти бошуурона ё бешууронаи шахс ба ҳолати аз сар гузаронда талқин медиҳанд. Дар ҷойҳои шабеҳ ба макони иҷрои амали террористӣ аз ҳар кунҷ садои тиқ-тиқи бомб ба гӯш мерасад. Дар биноҳо — ҷунбиши деворҳо ва доду фарёд ба гуш мерасад. Ҳолатҳои васвосӣ хоси изтироби пас аз ҳамлаи террористӣ аст ва агар ин шахсон табобат ё кумаки зарурӣ нагиранд, метавонанд муддати тӯлонӣ ин нишонаҳо боқӣ монанд.

Ин оқибатҳои “миёна”-и таъсири ҳамлаи террористӣ мебошанд. Мавзӯи маъюбият ва таъсири он ба шахсият умуман навиштани асарҳои алоҳидаро тақозо мекунад.

Бояд қайд кард, ки бо рушди босуръати расонаҳои хабарӣ ва “радиои кӯчагӣ”, қурбониёни терроризм боз ҳам зиёдтар мегарданд. Ба истилоҳ “қурбониёни дуюмдараҷа”, ки аз рӯйдодҳо тавассути хабарҳо огоҳ мешаванд. Дар бисёр наворҳои васоити ахбори омма ба вазъи «қурбониёни дуюмдараҷа» диққати калон дода мешавад ва гуфтан мумкин аст, ки ин падидаи ҳазорсолаи мост.

  • Ташвиш ва тарси оммавӣ. Тавре қаблан зикр гардид, ҳоло ҳадафи террористон паҳн кардани тарс дар байни аҳолӣ эътироф шудааст ва дар ин амал васоити ахбори оммаи бурунмарзӣ қисман саҳм мегузоранд. Воситаҳои ахбори омма бо пахши наворҳо аз ҷойи ҳодиса, маълумоти доимӣ дар бораи қурбониён ва харобкории натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар шуури оммавии аҳолӣ заминаҳои ноумедӣ ва номуайяниро ба оянда эҷод мекунанд. Васоити ахбори омма ҳарчи бештар ҷузъиётҳои хабарро пахш кунанд, ҳамон қадар шабакаҳои онҳо (барномаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, телевизион, саҳифаҳои интернетӣ, радио) маъруфтар мегарданду, ҳамон қадар даромади онҳо меафзояд. Гарчанде мақсади асосии ин шабакаҳо гирифтани ҳарчи зиёдтар даромад бошад ҳам, хоҳ нохоҳ онҳо дар амали террористӣ шарик мешаванд, чунки тарсу ваҳм ва даҳшат миёни мардум паҳн мешавад ва ин ҳам бошад яке аз ҳадафҳои асосии террористон мебошад. Ғайр аз ин, баъди дидани хабар тариқи ин шабакаҳо эҳсосот ва ҳамдардии қурбониёни “дуюмдараҷа” метавонад чунон қавӣ гардад, ки дар онҳо ихтилолҳои изтиробии пас аз осебӣ рушд мекунад ва ин дар навбати хуб ба тарси беасоси сафар бо нақлиёти ҷамъиятӣ, парвозҳо, ба мушаввашии шадид нисбат ба ҳоли худ ва пайвандон оварда мерасонанд.

  • Муноқишаи индигенӣ – вокуниши оммавии таъхиршуда ба изтироби шадиди эҳсосотӣ. Пас аз ҳамлаи террористӣ, ҷомеаи маҳаллӣ метавонад ба “маҷрӯҳшудагон”, “ҷабрдидагон” ва “наҷотёфтагон” тақсим шаванд. Қурбониёни «дуюмдараҷа», ки бевосита аз ҳамлаи террористӣ осеб надидаанд, метавонанд паҳнкунандаи ҳама гуна овозаҳои аксар вақт аз ҳақиқат дур шаванд, онҳо метавонанд ба аламон ё ҷустуҷӯи ҷинояткорон шурӯъ кунанд. Илова бар ин, онҳо метавонанд наҷотёфтагонро барои кӯшишҳои нокифоя барои наҷот додани фавтидагон айбдор карда, дар онҳо эҳсоси гунаҳкориро тақвият диҳанд. Албатта, ин боиси коҳиш ёфтани сатҳи зиндагӣ ва тезу тунд шудани ихтилоли равонии мардум мегардад.

  • «Алоими Стокголмӣ». Ҷабрдида метавонад дар шахсияти террорист ҳомии худро дида, ҳадафҳои ӯро дастгирӣ кунад. Аксар вақт ин шаҳодати дастгирии ғояҳои террористӣ аз ҷониби шахс набуда, балки аз хоҳиши оддии зинда мондани шахс шаҳодат медиҳад. Гуфтан зарур аст, ки ин ҳама хаёл аст, яъне террорист ҳеҷ гоҳ, ба ҳеҷ ваҷҳ шахсони гаравгон гирифтаро зинда намемонад ва ҳар фарди солимақл бояд худро шахси “махсус” нашуморад. Барои террорист муҳим нест, ки қурбонии ӯ ҳамфикраш ҳаст ё не.

  • Эҳсосоти ҷоизии ҳар амал. Баъзан аз ғазаб ва нотавонӣ нисбат ба беадолатии ҷаҳон, аз кинаву андӯҳи шахсӣ дар одам фикру андешаҳои иҷрои эҳтимолии амали террористӣ ба вуҷуд меояд. Хушбахтона дар зери вазни меъёрҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ин андешаҳо фурӯ бурда мешаванд ва баъзан дар зершуури шахс боқӣ мемонанд. Аммо ҳангоми пахши мустақими амалҳои террористӣ, бесарусомонӣ дар гирду атроф ва фитнаангезӣ аз ҷониби баъзе васоити ахбори оммаи ба ном “демократӣ” дар ин ашхос эҳсосоти ҷоизии ҳар амали хостаашон ба вуҷуд меояд ва метавонад амалҳоеро иҷро кунад, ки аз рӯи нуқтаи назари инсони солим даҳшатовар ва ғайриинсонӣ шумурда мешавад. Бо вуҷуди оне, ки чунин ҳолатҳо хеле кам вомехӯранд, набояд ба ин масъала чашм пушид. Васоити ахбори омма бояд таҳти назорати ҷиддӣ қарор дошта бошад. Албатта демократия ин озодист, аммо ба гумони мо озодӣ аз ҳар шаҳрванд масъулият талаб менамояд ва озодии як шахс набояд боиси эҷоди хавф барои гурӯҳи одамон ва ё давлат гардад. Шояд бисёре аз хонандагон бо ин ақида розӣ нашаванд, аммо чунин дуруст менамояд, ки таҳти назорат гирифтани тамоми васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ (дуюмин бахусус!) баҳри пешгирии фитнаангезӣ миёни мардум, қарори оқилона мебошад.

Масоили таҳти идораи ҷиддӣ қарор додани маводҳо ё ба қавле контенти фазои интернетӣ дар замони муосир бениҳоят муҳим ва саривақтӣ шуморида мешавад. Албатта, такроран қайд менамоям, ки ин андешаи муаллиф буда сиёсати ҳукумат ва афкори ҷамъиятиро инъикос намекунад. Алҳол тибқи назари коршиносон, террористон фазои интернетиро хуб ба нафъи кори худ истифода мебаранд. Яъне онҳо метавонанд бо пахши наворҳои видеоӣ, ки аз нигоҳи сатҳӣ ҳеҷ амали таҷовузкорӣ дар он нест, аммо дар зершуури инсон ҳисси бадбинӣ, тарс ва ё нафратро ба ин ё он гурӯҳи одамон бедор месозад. Оид ба ин масъала метавон зиёд сухан ронд, аммо мағзи андеша бетаъғир мемонад – ин ҳам бошад назорат ва идораи қатъии фазои иттилоотӣ.

Дар баъзе адабиётҳо метавон маълумотеро дарёфт кард, ки гӯё терроризм низ паёмадҳои мусбат дошта бошад, ин ҳам – “афзоиши муттаҳидӣ ва ватандӯстӣ”, рушди шахсият тавассути рафъи низоъҳо ва ғайра. Бо камоли эҳтиром ба ҳамаи муаллифони ин адабиётҳо гуфтан мехоҳем, ки мо бо ин нуқтаи назар розӣ шуда наметавонем, зеро дар ин бора навишта, азобу дарди наҷотёфтагон ва фавтидагони амалҳои террористиро беарзиш кардан ин риёкорист. Мавқеи мо нисбати терроризм манфӣ аст, яъне чунин мешуморем, ки ягон мақсади “нек” ба воситаи чизи аз ҳама пурарзиш — ҳаёт, бояд ба даст оварда нашавад.

Ҳамин тавр, мо як қисми ками таъсири ҳамлаҳои террористиро ба ҳолати равонии қурбониён тавсиф кардем. Бори дигар, сарфи назар аз саҳнаи “бехатарӣ”-и қалбакӣ, ки тариқи васоити ахбори омма фаъолона бо мақсади “кушодани сарҳадҳо”, суст кардани қонунҳо ва иҷозат додан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо таҳти шиори “демократия” тарғиб мешавад, мо набояд онҳоеро, ки аз амалҳои террористӣ зарар дида буданд, инкор кунем ва мо набояд тарси онҳоеро, ки аз такрори ҳамлаҳо метарсанд, кам бинем. Сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди терроризм ҷанги шадид эълон намудаанд ва ҳар як фарди ватандӯст бояд дар ин амал бетараф намонад, зеро чи тавре дар боло қайд кардем, ҳар як фард эҳтимоли дидани зарар аз амалҳои террористиро дорад ва бетарафӣ дар ин амал маънои тарафдорӣ аз терроризмро низ дорад. Бетараф набошед ва ҷони наздикону пайвандонатонро наҷод диҳед! Нест бод терроризм ва ифротгароӣ!

Шарифзода Фаррухи Боймурод – мудири кафедраи “Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.