“Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”
Эмомалӣ Раҳмон
Дар раванди ташкили корҳои пешгирикунандаи зуҳуротҳои терористию ифротгароӣ дошта, масъалаи ташкили муқовимати идеологӣ аҳамияти калон дорад. Воқеан, нақши ҷузъи идеологӣ ҳам дар ташаккули хатарҳои террористӣ ва ҳам дар ташкили муқобилияти муассир ба ин таҳдидҳо муҳим аст.
Идеологияи террористӣ – муҳаррики тавоноест, ки метавонад чархаи фаъолияти террористиро тоб дода, гурӯҳҳои калон ва ҳатто қишрҳои алоҳидаи аҳолиро ба худ ҷалб кунад, онҳоро барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайяни “ҳаётан муҳим” муттаҳид созад, ҳатто агар роҳҳои расидан ба ин ҳадафҳо хусусияти зӯроварӣ ва ҷиноятӣ дошта бошанд.
Дар баробари ин, мутлақ гардонидани нақши омили идеологӣ дар таҳдиди терроризм комилан дуруст нест. Решаҳои асосии он аз низоъҳои миқёсан калон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, тезу тунд шудани зиддиятҳои сиёсӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо сарчашма мегиранд. Бо вуҷуди ин, нақши идеологияро дар паҳн кардани таҳдидҳои террористӣ нодида гирифтан мумкин нест. Идеология ин унсури фаъолияти террористӣ мебошад, ки метавонад барои муайян кардани он ва фарқ кардани он аз ҷинояткории оддӣ истифода шавад.
Комилан равшан аст, ки асоси идеологӣ дар терроризм ҷанбаи субъективии таркиби ҷинояти террористӣ ва ҳадафи онро ташкил медиҳад, ва ҳангоми таҳлили он, коршиносон ба саволи “Мо бо чӣ сарукор дорем – амали террористӣ ё ҷинояти зархаридӣ, ки бо истифода аз усулҳои террористӣ анҷом дода шуда, аз ҷиҳати объективӣ ба амали террористӣ монанд аст?” посух медиҳанд.
Барои субъектҳои терроризм ядрои ягонаи идеологӣ лозим аст, ки на танҳо одамонро ба як дастаи ҳамфикрон муттаҳид карда тавонад, балки худи фаъолияти террористиро асоснок ё “сафед” кунад. Ин бо роҳи таъсис додан ва парвариш кардан дар ташкилоти террористӣ як “идеология барои истифодаи дохилӣ” сурат мегирад, ки дар он арзишҳои дар ҷомеа эътирофшуда, мафҳумҳои ахлоқӣ, некӣ ва бадӣ иваз карда мешаванд.
Ба идеологияи террористӣ хусусиятҳои қатъият, фармонбардорӣ, таҷовузкорӣ, ба “мо” ва “онҳо”, “бад” ва “хуб” тақсим кардани ҷамъият, тасвири воқеият дар шакли омезиши бениҳоят тазоди “сиёҳ” ва “сафед” хос аст.
Вобаста ба дараҷаи инкишофи идеологияи террористӣ ва хусусияти «истеъмолкунанда»-и он – субъектҳои фаъолияти террористӣ метавонад аз маҷмӯи якчанд догмаҳои хеле содда то консепсияи комилан ҳамоҳанг ва боварибахши идеологӣ фарқ кунад.
Бояд хусусияти муфтхурӣ доштани идеологияи терроризмро алоҳида дарҷ кард. Воқеан, идеологияи воқеии терроризм ҳамчун як навъ мафҳуми ягонаи универсалии истифодаи усулҳои таҳдид барои расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ вуҷуд надорад. Дар замони муосир башарият бо навъҳои идеологияи террористӣ рӯ ба рӯ шудааст, ки дар асоси консепсияҳои идеологӣ ва сиёсии қаблан ташаккулёфта, динҳо, анъанаҳо, урфу одатҳо, шиорҳо фаъолона муфтхурӣ мекунанд.
Идеологияи террористӣ гӯё ба либоси каси дигар даромада, онро ба худ мувофиқ сохта, хислатҳои манфию нафратангези худро, ки дар боло зикр шуд, бо муқаррарот, дастурҳо ва шиорҳое, ки кайҳо боз дар зеҳни мардум ҷой гирифтаанд мепӯшонад. Дар баробари ин, ба манфиати ташкилотчиёни фаъолияти террористӣ мафҳумҳо, далелҳои воқеияти объективӣ, баъзе постулатҳо ва муносибатҳои идеологияи истисморчиён аз контексти умумӣ «бароварда» шуда, аксар вақт иваз карда мешаванд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои хеш дар ҳамоишҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ иброз доштанд: «Имрӯз ҳамаи мо шоҳиди рӯйдоду воқеаҳои даҳшатноку фоҷиаборе мебошем, ки дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон идома доранд. Тавсеаи миқёси терроризм ва ифротгароӣ, ҷангу низоъҳои мусаллаҳонаи мазҳабӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши маводи мухаддир ба амнияти кишварҳои мо хатари ҷиддӣ эҷод карда истодааст. Ҳоло фаъолшавии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва дигар ҷунбишҳои иртиҷоӣ дар нуқтаҳои доғи ҷаҳон амнияти тамоми мардуми сайёраро зери хатар қарор додааст».
Албатта ҳангоми ташаккули мафкураи террористӣ – миллатгароӣ, радикализми динӣ, ҷудоихоҳӣ, ифротгароии сиёсӣ, консепсияҳои гуногуни иҷтимоӣ ва баъзан танҳо як идеяи афсонавӣ, ки дар даруни кадом як сектаҳои навбунёд аз ҳисоби намояндагони динҳои навтаъсисёфтаи ғайрианъанавӣ ба вуҷуд омадааст, ҳамчун асос истифода мешавад.
Вобаста ба ин, масъалаи муайянсозии механизм ва (аз ҳама муҳим!) дараҷаи таъсири ҷиноии идеологияи терроризм ва таҳдидҳое, ки дар натиҷаи паҳншавии ғояҳои терроризму ифротгароӣ миёни категорияҳои гуногуни наврасону ҷавонон пайдо мешванд, бениҳоят муҳим аст.
Чунин ба назар мерасад, ки дар ин маврид, пеш аз ҳама, дар бораи тақсими дақиқи ин гурӯҳҳо (яъне наврасону ҷавонони бе инҳироф дар инкишофи психофизиологӣ, инчунин наврасони душвортарбия, девиантҳо, депривантҳо ва ғ.) сухан бояд ронд. Ҳангоми ҷудо кардани ин гуна гурӯҳҳо хусусиятҳои индивидуалии психологии кӯдак, наврас (ва ғайра), инчунин вазъиятҳои мушаххас ва шароити номусоиди тарбияро, ки ба пайдоиши зуҳурот ва инҳирофҳои гуногуни зиддиҷамъиятӣ мусоидат кардаанд, ба назар гирифтан зарур аст.
Сипас мебояд зергурӯҳҳоро ҷудо кард (ки дорои як қатор хусусиятҳои хос мебошанд: тифли дӯстдошта ё дӯстнадошта, аз оилаи пурра ё нопурра ва ғайра).
Севвум, чунин як омили муҳимро ба эътибор гирифтан лозим аст, ки вақтҳои охир дар байни кӯдакон қиморбозӣ, вобастагӣ аз бозиҳои компютерӣ ва хоҳишҳои воқеияти виртуалӣ мушоҳида мешавад. Зимнан, дар байни кӯдакону наврасон (инчунин дар байни ҷавонон) ба вуҷуд омадани вобастагии устувор ба бозиҳои компютерӣ, ба андешаи мо, дар айни замон яке аз омилҳои муҳимтаринест, ки ба шуури ҳанӯз нозуки кӯдакону наврасон таъсири фавқулода дорад.
Сухан дар бораи он маводи ифротгароӣ ва/ё террористие, ки наврас (ҷавон) аз шабакаҳои иҷтимоии мувофиқ гирифтааст, метавонад аз ҷониби ӯ ҳамчун унсури бозии «онлайнӣ» қабул карда шавад, ки дар он (тадриҷан) ҳамон даъваткунандагони ДИИШ (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати терористӣ эътироф шудааст) имкон доранд аввалинро ба сафи тарафдорони худ ҷалб кунанд.
Аз нуқтаи назари мо, ба “гурӯҳи хатар” пеш аз ҳама наврасони душвортарбия, девиантҳо ва депривантҳо дохил шуда метавонанд. Чунин ба назар мерасад, ки ин гурӯҳи наврасон дар нақшаи терористон як навъ «пешвоён» мебошанд, зеро ақидаҳои ифротгароӣ ё террористӣ, барои танҳо онҳо «меъёр» воменамояд, зеро шуури онҳо воқеиятро ҳамчун як навъ «оинаи таҳрифкунанда» қабул мекунанд. Аз ин лиҳоз, идеологияи зебои «бастабандишудаи» терроризмро девиантҳо ҳамчун даъвати таъғир додани воқеияти ҷойдошта қабул мекунанд, то ҷаҳон барои онҳо бештар «фаҳмо» шавад.
Дар ҳолатҳое, ки терроризмро ба васоити ҳалли баҳсҳои сиёсӣ табдил доданӣ мешаванд, бояд мақсади фаъолияти ҷиноятиро дар байни ташкилкунандагони амалҳои террористӣ ва иҷрокунандагони оддии ин амалҳо фарқ кард. Воқеан, агар сухан дар бораи фаъолияти террористӣ дар асоси кадом як идеология (миллатгароӣ, динӣ, сиёсӣ, синфӣ) равад, пас барои шахсоне, ки онро бевосита амалӣ мекунанд, мафкураи террористие, ки аз ҷониби барангезандагони терроризм ҷой дода мешавад, ҳамчун қутбнамо ва дастур барои амал меъёри асосӣ мебошад. Амалҳои ташкилотчиёни фаъолияти террористиро бояд бо дигар меъёрҳо арзёбӣ кард. Аксар вақт ─ ин қонеъ кардани нафси худ, ноил шудан ба қудрат ва некӯаҳволии моддӣ мебошад.
Ҳамин тариқ, илҳомбахшони терроризми охири садаи ХХ аз пешгузаштагони худ, ки барояшон субъектҳои фаъолияти террористӣ, новобаста аз мартабаашон дар зинанизоми ташкилоти террористӣ, идеализм, фанатизм ва ҷоннисориҳо хос буд, ба куллӣ фарқ мекунанд. Ташкилкунандагон ва раҳбарони сохторҳои гуногуни террористии имрӯза бо “оқилӣ”-и истисноӣ фарқ мекунанд. Онҳо ду “маҷмӯъ”-и мафкуравӣ ва ахлоқӣ омода кардаанд: яке барои касоне, ки бо шиорҳои зебою ҷолиб ба амалҳои террористӣ ҷалб мегарданд ва дигаре барои худ ва наздиконашон. Намунаи чунин “дурӯягӣ” метавонад идеологияҳои созмонҳои террористӣ, ки бо ном ва ниқоби ислом дар манотиқи мухталифи сайёра амал мекунанд, бошад. Рохбарони онҳо ҳамчун иҷрокунандаи нақшаҳои ҷинояткоронаи худ ҷавонон ва ҳатто наврасонеро, ки аз ҷумлаи мусулмонони нимсавод ва камбағал мебошанд, ҷалб карда, ба таълим фаро мегиранд. Неофитҳои терроризм дар натиҷаи коркарди пуршиддати психологию идеологӣ дар дасти роҳбарони худ ба асбоби итоаткор табдил ёфта, барои иҷрои тамоми фармон ва хоҳишҳои онҳо тайёр мешаванд.
Бояд таъқид кард, ки агар мафҳумхои ватандӯстӣ, дастаҷамъӣ, ҳисси қарзу шараф паст карда шавад, коркарди идеологии шаҳрвандони ҳар як мамлакат, махсусан ҷавононе, ки таҷрибаи ҳаётӣ ва маълумоти кофӣ надоранд, кори душвор нест. Дар Тоҷикистон ин бо ҷараёни тақлидкориҳои идеологӣ вобаста аст. Барои кӯшиши ғарбӣ гардонидан аз як тараф ва арабӣ гардонидани тафаккури тоҷикон аз дигар тараф маблағу қувваҳои зиёде сарф карда шуд.
Ҳамлаи оммавӣ ба шуури ҷамъиятӣ аз ҷониби воизони дину мазҳабҳое сурат мегирад, ки барои Тоҷикистон анъанавӣ нестанд. Давраҳои танаффуси ҷамъиятию сиёсӣ ҳамеша бо буҳрони амиқи идеологӣ, вайрон кардани ягонагии маънавии табақаҳо ва гурӯҳҳои гуногуни ҷамъият мушоҳида мешаванд. Ҷараёнҳои гуногуни идеологӣ ба вуҷуд меоянд ва ба гардиши фаъолона шурӯъ мекунанд. Шумораи зиёди ҷодугарон, равоншиносон, ситорашиносон, фолбинҳо ва табибон пайдо мешаванд. Онҳо ба одамоне, ки роҳнамои ғоявӣ ва дастгирии иҷтимоии худро гум кардаанд, изҳор менамоянд, ки ба ҳар як саволи душвортарини замони ҳозира ҷавоб медонанд ва роҳҳои аз вазъияти ҳозираи буҳронӣ баромаданро нишон дода метавонанд. Дар натиҷа одамони мутаасир (ки ҳиссаи онҳо дар ҷомеа низ дар давраҳои таҳаввулоти иҷтимоӣ-сиёсӣ меафзояд) ба мисли инсони ғарқшудаистода дасти дарозкардаи ин ашхосро мегиранд, то дар зиндагӣ дастгирӣ пайдо кунанд, вале мутаасифона ин даст онҳоро ба доми нобудӣ ва роҳи ҷиноят мебарад.
Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон мунтазам пеш рафта, суботу амнияти мардуми кишвар таъмин гаштааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Дар асоси гуфтаҳои боло, чунин ба назар мерасад, ки ҳадафи асосии муқовимат ба идеологияи терроризм, ин ташаккули ҷаҳонбинии зиддитеррористӣ дар ҷомеа, бо коҳиш додани шомилшавии одамон ба гурӯҳҳои терористӣ то ҳадди минималӣ, инчунин коҳиши заминаи дастгирии иҷтимоии террористон ва маҳкумсозии ҳар гуна шиор ва дастурҳои ғояи терористидошта мебошад. Барои ноил шудан ба ин мақсадҳо ҳалли маҷмӯии як қатор вазифаҳоро ба амал баровардан лозим аст:
▪ дар шуури ҷомеа ҷорӣ намудани таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ва дарки дурусти гуногунии фарҳангҳо, шаклҳои худшиносӣ ва роҳҳои зуҳури шахсияти инсонӣ;
▪ такмили дастгирии ҳуқуқии тамоми самтҳои мубориза бо таҳдидҳои террористӣ ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии зиддиифротӣ ва зиддитеррористии аҳолӣ, бахусус наврасону ҷавонон;
▪ ба наврасону ҷавононе, ки ба таъсири идеологияи террористӣ ва ифротгароӣ бештар таъсирпазиранд, фаҳмондани моҳияти харобиовар, ғайриқонунӣ, ҷиноӣ ва беадолатию золим будани тероризм;
▪ дар шуури ҷамъиятии тоҷикон ҷорӣ намудани эътиқод ба беояндагӣ ва харобиовар будани истифодаи зӯроварии терористӣ барои расидан ба ҳама гуна ҳадафҳо, зери ҳар гуна шиорҳо;
▪ бо истифода аз мисолҳои мушаххас мавқеи стратегии давлат дар бораи ногузирӣ ва вазнинии ҷазо барои содир намудани кирдори террористӣ ба саҳми аҳолӣ расонида шавад;
▪ ташаккули симои мусбати мақомоти иҷроия ва кормандони воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бар зидди терроризм мубориза мебаранд, инчунин ҳавасмандгардонии аҳолии осоишта барои кӯмак ба давлат дар муқобили терроризм;
▪ фош кардани афсонаҳое, ки фаъолияти террористӣ ва ифротиро дар маҷмӯъ ситоиш мекунанд, намоиши риёкории ташкилкунандагон ва ҳомиёни терроризм, шиорҳои зоҳиран ҷолиб ва усулҳои таблиғотии онҳоро фош кардан;
▪ ташаккули омодагии шаҳрвандон ба муқовимати фаъолона ба ифротгароён, дастгирии амалҳои давлат, ки ба рафъи зӯроварии ғайриқонунӣ нигаронида шудааст;
▪ дар байни аҳолӣ тарбия намудани муносибати эҳтиромона ба қонун ва намояндагони ҳокимият, ҳуқуқ ва озодиҳои тамоми аъзои ҷомеа;
▪ ташаккул ва таъмини ҳавасмандгардонии зиёиёни эҷодкор ва намояндагони воситаҳои ахбори омма барои эҷоди асарҳои бадеӣ, публитсистӣ, ҳуҷҷатӣ ва дигар асарҳои ба ташаккули шуури зиддитеррористӣ дар ҷомеа нигаронидашуда;
муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” – н.и.т. Одилзода Исмоил Ёқубҷон