Хабарҳо НАЗОРАТИ ҶАРАЁНИ ҚАБУЛИ ИМТИҲОНҲОИ ҶОРӢ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Jun 9, 2023 0 Санаи 9 июни соли 2023 тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода назорати нақшавии раванди супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷорӣ дар бинои асосии муассиса аз ҷониби муовини директор оид ба корҳои таълимӣ гузаронида шуд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. аз ҷараёни қабули имтиҳонҳои ҷорӣ дар кафедраҳои гуногуни муассиса дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати боз ҳам беҳтар ва шаффофтар гардонидани раванди қабули имтиҳонҳо тавсия ва дастурҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон изҳор доштанд, ки раванди қабули санҷишу имтиҳонҳо дар мадди назари роҳбари муассиса қарор дошта, ҳаррӯза ҳисобот оид ба вазъи ҳол дар самти мазкур манзури роҳбар гардонида мешавад. Зимни санҷиш ба сатҳи баргузории имтиҳонҳо ва дараҷаи ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо аёниятҳои таълимӣ баҳо дода шуд. Қайд карда шуд, ки ҳангоми гузаронидани имтиҳон ҳамчун усули асосии назорати сатҳи донишандӯзӣ ва сифати таълим, ба дониши донишҷӯ баҳои объективӣ дода шавад. Инчунин, дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани қабули имтиҳонҳо имкон медиҳад, то ин ки донишҷӯён барои минбаъд дидани омодагии хуб, ҳавасманд гарданд. Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, таҳти роҳбарии н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода дар омодасозии кадрҳои баландихтахассуси соҳаи миёнаи тиб талош дошта, минбаъд низ тамоми қувва ва имкониятҳои худро баҳри амалисозии ин ҳадаф истифода хоҳанд бурд. Пеш 1 то 15 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан