МақолаҳоХабарҳо ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ОМИЛИ РУШДУ ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН Бо admin Охирин навсозӣ Jun 19, 2023 0 Пеш 1 то 2 саҳифа Баъдӣ Ваҳдати миллӣ замина ва решаҳои аслии худро аз чунин саҳифаи заррин ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик-рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дарёфт, ки 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расид ва он аз фарорасии сулҳи деринтизор пайёми ҷонбахше медод. Ҳосил шудани созиш ва эътимоди тарафайн, барқарор гардидани сулҳу субот, дар муддати кӯтоҳ гузаронидани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокртиву ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Муҳимтар аз ҳама, нерӯҳои гуногуни сиёсӣ дар Тоҷикистон пурра дарк намуданд, ки сулҳ ва истиқлолият бузургтарин дастоварди миллат аст ва дар баробари ин ду неъмати бебаҳо манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ, маҳаллӣ ва ғайра мақоми дуввумдараҷа доранд. Мардуми тоҷик пас аз он ки фоҷиаи сахти миллиро паси сар кард, ба шинохти ҳастии хеш рӯ овард, зарурати ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намуд. Ин сарчашмаи асосӣ ва омили муҳимтарини расидан ба ваҳдати миллист. Ҳамзамон, ҳар як фард бояд дарк намояд, ки расидан ба ваҳдати миллӣ амали якрӯзаву дурӯза нест, марҳилаи давомдорест ва расидан ба он рафъи авомили гуногунро талаб мекунад. Устуворшавии арзишҳои демократӣ ва ниҳодҳои демократӣ, бо такя ба фаъолгардонии амал ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, такмилу тақвияти механизми таъсири ҷомеа ба шахс ва рафтори ӯ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон ва санъати идораи ҷомеа, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтиром доштани мероси маънавии ниёгон, устуворшавии адолати иҷтимоӣ василаҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд. Ваҳдати миллӣ метавонад чун идеологияи ҷомеаи навбунёд пазируфта, дар роҳи боло бурдани ҳуввияти миллӣ ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон хидмат намояд. Равшан аст, ки муҳимтарин омили ваҳдат – ишқу алоқа ба Ватан, ба забону фарҳанг аст. Албатта мардуми мо чунин дилбастагиро доранд. Вале он аксаран аз ҳадди қавму маҳал фаротар намеравад. Барои ваҳдати миллӣ ин кам аст. Ҳамчунин, дарки ин маънӣ лозим аст, ки ҳар яки мо фарзанди як миллат ва як сарзамин ҳастем ва ҳар як ваҷаби хоки Ватан ва ҳамаи афроди ҷомеа барои мо ба мисли падару модар ва хоҳару бародар азизанд. Ваҳдати миллӣ моҳият ва арзишҳои худро дошта, ба қадр, мӯҳтаво ва асолати он расидан худ кори муқаддас ва бузург аст. Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд: «Ваҳдат рамзи воқеӣ ва ҷавҳари фалсафаи сулҳофарӣ, фарҳангсолориву таҳаммулпазири миллати тоҷик ва таҷассумгари иттиҳоду ҳамбастагии тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад». Дигар ҷиҳати ваҳдати миллии мо ягонагии ҷомеаи Тоҷикистон, таҳаммулпазирӣ нисбат ба дигар ақаллиятҳои миллӣ ё ба таври дигар шаҳрвандоне мебошанд, ки решаҳои этникии худро ҳамчун намояндаи фарҳанги дигар миллатҳо эҳсос мекунанд. Тавре, ки бармеояд, дар Тоҷикистон ақаллиятҳои миллӣ аз ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ бархурдоранд ва ҳеҷ монеаи сунъие барои онҳо вуҷуд надорад. Яъне дар сатҳи муносиботи байни ақаллиятҳои миллии сокини кишварамон фазои мусоиди ваҳдатофаре ҳукмрон аст. Ҷиҳати сеюми ваҳдати миллӣ, ин гуфтугӯи фарҳангҳо дар доираи як давлати миллӣ ба ҳисоб меравад. Аслан худи мавҷудияти як умумияти фарҳангии гурӯҳҳои гуногуни этникӣ, ки дар Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст, натиҷаи рӯҳияи таҳаммулгароии миллати мо аз тарафи Пешвои миллат амалӣ кардани сиёсати ваҳдати миллӣ мебошад. Ормонҳои миллати мо чун озодӣ, истиқлолият, ватандӯстиву инсондӯстӣ, озодфикриву илмдӯстӣ, ваҳдати милливу дӯстии байни миллатҳо, таҳаммулгароӣ аз омилҳое мебошанд, ки метавонанд устувории ҷомеаи моро таъмин намоянд. Аҳамият, мубрамият ва зарурати воқеии ваҳдати миллиро таҷрибаи давлатдории тоҷикон тасдиқ менамояд. Раванди мазкур дар ҳар як ҷомеа ба таври хос шакл мегирад. Мавҷудияти зарурати иҷтимоию сиёсӣ, таърихию фарҳангӣ, эҳтиёҷоти гуногун, чи моддӣ ва чӣ маънавӣ, дар дараҷаи муайян метавонанд ба раванди ташаккул ва рушди ваҳдати миллӣ таъсири худро расонанд. Амалияи ин гуфтаҳоро метавон бо мисолҳои амиқ аз раванди ташаккули ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон собит сохт, ки таҳти роҳбарӣ ва роҳнамоии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифтааст. Гузашти марҳилаи муайяни таърихӣ ба мо имконият медиҳад, ки аз диди таҳлилӣ раванди мазкурро арзёбӣ намоем, зеро ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботе, ки имрӯз дар Тоҷикистон пойдор аст, дар замина ва таъсири омилҳои муайян ба даст омадааст. Дар ин раванд метавон заминаҳои зеринро ҷудо намуд: Заминаи сиёсӣ – устуворгардии ҳокимияти қонунӣ, мавқеъ пайдо намудани он дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи қонунмандии он аз ҷониби субъектҳои дигар Заминаи иҷтимоию фарҳангӣ – эҳёи тафаккури миллӣ ва эҳсоси масъулият ҷиҳати таъмини худнигоҳдорӣ дар шароити мавҷудияти хавфи нестшавӣ Тақвияти мавқеи шахсият дар ҷомеа – устуворгардии ниҳоди сарварии сиёсӣ ва тақвияти нуфузи он дар ҷомеа. Дар баробари заминаҳо метавон дар бораи қонуниятҳое низ ёдовар шуд, ки баҳри ташаккул ва рушди минбаъдаи ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мусоидат намуданд. Қонунияти якум – таъмини таносуби муносибатҳои иҷтимоӣ дар масъалаи ҳокимият ва иштирок дар раванди идоракунии он мебошад. Тибқи он дар масири ба даст овардани ваҳдату ягонагӣ риояи таносуб (симметрияи) муносибатҳо зарур мебошад. Ҷомеа ҳамчун фазои ҳамзистии гурӯҳ ва қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ арзёбӣ мегардад, ки ҳар кадоми онҳо дар роҳи ба даст овардани мақсадҳои худ талоши соҳиб шудан ба захира ва қудратро доранд. Дар ин раванд пайдоиши зиддиятҳои гуногун имкон дошта, метавонанд боиси бесубботӣ гарданд. Бо назардошти ин қонуният дар Тоҷикистон дар раванди ташаккул ва тақвияти ваҳдати миллӣ амали камназир – тақсими ҳокимият бо мухолифин анҷом дода шуд, ки ифодаи бевоситаи иродаи сиёсии сарвари давлат маҳсуб меёбад. Тавассути амали мазкур ҷониби даргир, ки талоши ҳокимият дошт, саҳми муайяни худро дар тақсими арзиши мазкур соҳиб гашт. Ҷониби мухолиф имконият пайдо намуд, ки дар идоракунии давлат ширкати бевосита намояд. Бо ҳамин роҳ масъалаи баҳсӣ, ки боиси низоъ гашта буд, ҳал гашт. Қонунияти дуюм – таъмини хамгироии муносибатҳои дохилисистемавӣ ва байнисистемавӣ маҳсуб меёбад. Муносибатҳои дохилисистемавӣ гуфта ҳамкории байни субъектҳои системаи сиёсиро дар дохили давлат меноманд. Муносибатҳои байнисистемавӣ бошад робитаи давлат бо дигар ниҳодҳо ва субъектҳои муносибатҳои байналмилалиро тавсиф мекунанд. Вобаста ба қонунияти мазкур қайд намудан зарур аст, ки дар раванди ваҳдати миллӣ Ҳукумат тавонист муносибати худро бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шакли платформаи доимоамалкунанда ба роҳ монад. Мисоли ин ташкили Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон мебошад, ки ҳизбҳои сиёсӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ, иттиҳодияҳои эҷодӣ, касбӣ, намояндагиҳои ақаллиятҳои миллиро ба ҳам оварад. Дар натиҷа хусусияти кушодагии равандҳои сиёсӣ дар масири таҳкими ваҳдати миллӣ таъмин гашта, саҳнаи муколама байни давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил карда шуд. Ин амал дар соли 1996 ба рушди муносибатҳои дохилисистемавӣ таъсири мусбӣ расонида, ҷиҳати фаъолгардонии ташаббусҳои шаҳрвандон дар самти густариши муносибатҳои созандаи сиёсӣ, таъмини ҳамгироӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ замина фароҳам овард. Агар миллати тоҷик ва абармардони он идеяи муттаҳидии миллиро амалӣ намекарданд, касе дар ин сарзамин сулҳ оварда наметвонист. Қонунияти сеюм – таҳкими заминаи мафкуравии ваҳдати миллӣ тавассути ташаккули идеологияи сулҳ маҳсуб меёбад. Истифодаи мафҳуми «идеологияи сулҳ» мумкин аст нуктаи назари равишҳои мавҷудаи илмӣ вобаста ба моҳият ва шаклҳои идеология то дараҷае баҳснок бошад. Вале омӯзиши ҷанбаҳои назариявии масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа тақозо менамоянд, ки онҳо аз диди нав баҳогузорӣ карда шаванд. Вобаста ба дар таснифоти худ дар бораи «идеологияи сулҳ» мо кӯшиш намудем, ки бо истифода аз падидаи фалсафаи сулҳ ба равандҳои сиёсӣ баҳогузорӣ намоем. Аз ин рӯ, истифодаи мафҳуми «идеологияи сулҳ» вобаста ба воқеияти марҳилаи мавриди таҳлил имконият медиҳад, ки дар бораи ҷараёни мавқеъ пайдо намудани мафкураи ваҳдатгароӣ ва сулҳофарӣ дар ҷомеа нуктаи назари мустақил ташаккул дода шавад. Идеологияи сулҳ ҳадафи ҳалли муноқишаи байни тоҷикон ва истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар бо роҳи муколама, сиёсати созиш ва гузаштҳо ва таҳияи созишномаҳои қобили қабул барои ҳалли мушкилоти шадиди сиёсиро пайгирӣ мекард. Таҳлили раванди ташаккули идеологияи сулҳ нишон медиҳад, ки он дар тафовут аз идеологияҳои пешин вобаста ба воқеияти вақт арзи ҳастӣ карда, амалӣ гардид. Қайд намудан зарур аст, ки идеологияи сулҳ дар Тоҷикистон ба сифати неруи пуриқтидори муттаҳидкунанда баромад намуда, тавонист ҷомеаи парокандаро ба ҳам оварад. Он ҷанбаҳои иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии худро дорад. Вобаста ба ин метавон тадбирҳои иқтисодию иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва идеологие, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат амалӣ шуда истодаанд ёдовар шуд. Ҳамаи онҳо ҷиҳати тақвияти ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аҳамияти хосса доранд. Талошҳо дар самти ба даст овардани ҳадафҳои стратегӣ, аз он ҷумла баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини рушди босуръати саноатӣ самараҳои нек ба бор оварда истодаанд. Дар ин масир яке аз чораҳои муассири дигар тақвияти фарҳанги сулҳ, боло бурдани сатҳи худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеа мебошад. Падидаи худшиносӣ ба сифати занҷираи пайвасткунандаи неруҳои гуногуни иҷтимоию сиёсӣ дар ҷомеа баромад намуда, қудрат дорад ҳамбастагӣ, ягонагӣ ва ваҳдати миллии ҷомеаро дар ҳама вазъият таъмин намояд. Ба акидаи А.Сатторзода «Сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ вақте устувор ва бебозгашт мешаванд, ки агар онҳо ба фарҳанги сулҳи ҷомеа табдил ёбанд». Дар илми сиёсӣ назарияе маъмул аст, ки тибқи он хатарҳои бузург ҷомеаҳои парокандаро метавонанд ба ҳам оварда муттаҳид созанд. Татбиқи назарияи мазкурро воқеияти Тоҷикистон собит намуд. Бедории андешаи миллӣ омили муҳимми таҳкимбахшандаи фарҳанг, забон ва арзишҳои таърихан ташаккулёфтае мебошанд, ки ҷомеаро барои муваффақ гаштан дар раванди давлатсозии миллӣ дилпур месозанд. Ин аст, ки пайваста ташвиқ ва дар шуури ҷомеа ҷой намудани ѓояҳои ифтихори миллӣ амали зарурӣ ба ҳисоб рафта, он имконият медиҳад, то ҳар як шахси ватандор ҳастии худро маҳз ба ҳастии ватану сарзамини аҷдодӣ маҳсуб донад. Баланд будани рӯҳияи миллӣ омили муҳимми таъминкунандаи муваффақият дар раванди давлатсозист. Зеро миллате, ки рӯҳияи баланд надорад, дар рӯ ба рӯи мушкилиҳои дар ин раванд пешоянда метавонад маъюс гашта, истиқлолияти худро осебпазир гардонад. Гуфт дар фарҷом Х. Махфират. Албатта, дар таъмини ваҳдати ҷомеа нақши Сарвари кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бориз аст. Замоне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омаданд, Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии дохилӣ гирифтор буд ва кишварро хавфи нобудӣ таҳдид мекард, мардум ба гуруснагиву нодорӣ ва ҷангу ҷидол рӯбарӯ буд. Сардори давлат дар навбати аввал бо таҳаммул ва дарки дурусти воқеиятҳо дар пайи сафару гуфтушунид бо раҳбарони давлатҳои дахлдор, бо гурӯҳҳо ва нерӯҳои мухталиф ва ҷангандаи дохилӣ рӯ ба рӯ шуд, музокира кард, сулҳ баст ва роҳро барои эҷоди сулҳ боз кард. Имрӯз ҳатто камназартарин узви ҷомеа эътироф мекунад, ки барқарор шудани сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар кишвари мо истиқлолияти Тоҷикистонро устувор гардонд ва амнияти мардуми кишварро таъмин кардааст. Бояд гуфт, ки барқарор намудани равобит бо кишварҳои дуру наздик бар пояи манфиати миллату кишвар аз самтҳои афзалиятнок мебошад. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъала ин қаринаро дар муносибат бо давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монд. Дастёбӣ ба идораи тамомияти арзӣ ва мавзунияти манфиатҳои иҷтимоӣ тавассути таҳияи роҳи сиёсие муяссар мешавад, ки тамоили пешрафти сиёсати ҷаҳонӣ ва ниёзҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеаро ба назар бигирад. Метавон гуфт, ки эҷоди созиш ва эътимоди тарафҳои даргир дар ҷанги дохилӣ, базудӣ барқарор шудани сулҳу субот, дар муддати кӯтоҳ баргузор кардани як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд шароити мусоид фароҳам овард. Мусаллам аст, ки Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахуст таъйиноти муҳими сиёсати хориҷии кишварро дар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди босуръати иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори дохилии мамлакат медид. Ин ҳадаф стратегияи санҷидашуда, ҳамаҷониба асоснок ва дорои механизмҳои муассири робитаҳову ҳамкории фаъол бо ҳама кишварҳо ва субъектҳои равобити байналмилалро тақозо дошт. Он ба пешбурди сиёсати дарҳои кушода бо ҳама кишварҳо ва субъектҳое, ки бо мамлакати мо нияти ҳамкории беғаразона доранд, мусоидат мекунад. Татбиқи роҳи сиёсӣ ба механизми хосе такя мекунад, ки фарогири низоми усулу равиш ва услуби ҳалли вазифаҳои гузошташуда аст. Пас, Пешвои миллат на танҳо идея ва барномаро пешниҳод мекунанд, балки механизми татбиқи онро тавассути қабули қарорҳои сиёсӣ ва таъмини захираҳо таҳия ва татбиқ месозанд. Ба Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ мақомоти маҳаллии ҳокимиятро барқарор намуда, тартиботи қонуниро дар шакли нисбатан беҳтар ҷорӣ кунанд, фаъолияти вазоратҳо, идораю кумитаҳои давлатро ба низом оваранд. Дар натиҷа, халқ бовар кард, ки ҳукумат устувор шудааст ва қодир аст, амният, пешрафт ва беҳбуди ҷомеаро таъмин кунад. Қисмати аъзами пешниҳодоти сарвари кишвар на танҳо хислати барномавӣ доранд, балки бо механизму василаҳои мушаххаси расидан ба ҳадаф мусаллаҳ ҳастанд. Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол шоҳид аст, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд таваҷҷӯҳи ҷомеаро ба масоили муҳимтарин равона кунанд ва онҳоро ба ҳалли ин масоил ҳидоят намоянд: мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккил, терроризм, қочоқи маводи мухаддир, паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷомеа, танзими расму оинҳои миллӣ, даъват ба сохтмонҳои азими аср – нерӯгоҳҳои бузурги кишвар, сохтмони роҳҳои оҳан, нақбҳои Истиқлол, Шар-Шар ва монанди инҳо бо ширкати фаъоли мардуми кишвар ба даст омадааст. Суханрониву муроҷиатҳои Пешвои миллат ба мардуми кишвар ҳамеша аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон дастгирӣ ва ҳамовозии воқеӣ меёбад, чун ин тадбирҳо саривақтӣ, самимона ва ба дарки воқеияти имрӯза баён шудаанд. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк карданд, ки бузургтарин монеа дар роҳи худшиносиву ваҳдати миллат фақр аст. Зеро ҳар ҷо ки фақр аст, дар он ҷо ақибмондагӣ, бемаърифатӣ, ҷаҳлу фасод, бедодгарӣ, ихтилоф миёни манофеи табақоти ҷомеа ҳаст ва дар чунин шароит низоъу нифоқ ҳам боло мегирад. Ҳар ҷо, ки иқтисод таназзул кунад, фақр густариш меёбад, фарҳанг ва арзишҳои маънавиву ахлоқӣ беқадр мешаванд ва фасоду табоҳӣ авҷ мегирад. Нобаробариҳои иҷтимоӣ амиқтар мегарданд ва барои мардуми фақир роҳ ба сӯи маърифат баста мешавад. Ин ҳама аз ҷумлаи омилҳои ваҳдаткуш мебошанд. Маҳз дарки ҳамин маънӣ мақомоти роҳбариро ба қабули Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ овард. Сарвари давлат на танҳо дар соҳаи сиёсат ва идораи давлат ба пешравиҳои назаррас муваффақ гаштанд, балки тавонистанд заминаи устувори иктисодиёти миллиро гузошта, барои устувории муносибатҳои бозаргонӣ ва иқтисодиёти озод роҳ кушоянд. Силсилаи тадбирҳои ҳукумат дар боби боло бурдани иқтисоди хурду калон ва кишоварзӣ шаҳодати ҳоланд. Дар муддати кутоҳ барқарор сохтан ва аз ҳоли харобӣ берун кардани иқтисодиёт дар шароити бӯҳрони амиқи иқтисодиву молиявии аз даврони шуравӣ ва ҷанги дохилӣ ба меросмонда, кори осон набуд. Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Тоҷикистон пайваста кӯшиш мекунад, ки рушди босуботи соҳаҳои афзалиятдори иқтисодиёт, ба вижа энергетика таъмин карда шавад. Барои таъмини пурраи эҳтиёҷоти дохилии кишвар бо қувваи барқ ва содироти он ба кишварҳои минтақа дар баробари сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, инчунин ба бунёди инфраструктураи интиқоли он аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Ҳадафи давлати Тоҷикистон бо иҷрои ин тарҳҳо, таъмини рушди устувори иқтисодӣ буда, нақшаҳои ҳукумат амалан дар доираи се ҳадафи стратегӣ-таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ шуда ва батадриҷ амалӣ мешаванд. Имрӯз барои ҳама равшан аст, ки ҳадафҳои номбурда, ҳамчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, барқарории суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ, муайянкунандаи самтҳои фаъолияти Президент, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, сохторҳои худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассисаҳои давлативу ғайридавлатӣ, инчунин ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Акнун падидаи ваҳдати миллӣ мавзӯи баҳсу мунозираҳои назарӣ набуда, балки амри воқеии таърихи навини тоҷикон аст. Маҳз ваҳдати миллӣ ҳачмун омили муайянкунандаи роҳи пешрафти Тоҷикистон арзишҳо ва афзалиятҳои ҷомеаи тоҷикро шакл дод, қавитар гардонд ва гузашта аз ин, пояи устувори давлатдории тоҷикон гардид. Бигзор, Тоҷикистон ҳамеша маъвои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафту ободӣ бошад! Муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Одилзода Исмоил Ёқубҷон декани факултети “Кори ҳамширагӣ”-и МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, Бобоев Билол Анорович 0 Мубодила кардан