Хабарҳо НАЗОРАТИ НАҚШАВИИ ҶАРАЁНИ ИМТИҲОНҲОИ ҶОРӢ АЗ ҶОНИБИ МУОВИНИ ДИРЕКТОР ОИД БА КОРҲОИ ТАЪЛИМИИ МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin On Jun 19, 2023 0 Имрӯз тибқи дастуру супоришҳои роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода назорати ҷараёни қабули имтиҳонҳои ҷорӣ дар бинои асосии муассиса гузаронида шуд. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё. ҳамроҳ бо кормандони шуъбаи назорати сифати таҳсилот аз синфхонаҳое дидан намуданд, ки дар он имтиҳонҳои ҷорӣ гузаронида мешаванд. Мақсад аз назорат риояи қоидаву талаботи муқарраршуда дар рафти имтиҳонҳо буд. Кормандони шуъбаи сифати таҳсилот раванди супоридани имтиҳонҳоро бодиққат пайгирӣ намуда, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ бо донишҷӯёну омӯзгорон робита дошт. Дар рафти гардиши нақшавӣ, зимни дарёфти ҳодисаҳои вайрон кардани талаботҳои низомномавӣ дар ҷараёни супурдани имтиҳонҳо, барои ислоҳи фаврӣ дастуру тавсияҳо дода шуд. Қайд кардан лозим аст, ки аксарияти донишҷӯиён ба имтиҳон омодагии ҷиддӣ дида, онро бо баҳои хубу аъло супориданд. Дар рафти назорат муовини директор ва кормандони шуъбаи назорати сифати таҳсилот ба донишҷӯён саволҳо дода, сатҳи донишу малакаи онҳоро арзёбӣ намуданд. Кормандони шуъбаи сифати таълим ҳуҷҷатҳои марбут ба имтиҳонҳоро санҷида, муовини директор оид ба корҳои таълимӣ ба зарурати риояи қоидаҳои гузаронидани имтиҳонҳо ва интизом дар синфхонаҳо диққат дод. Дар ҷамъбасти назорат муовини директор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т. Одилзода И.Ё ба донишҷӯён барои муносибати ҷиддӣ ба супоридани имтиҳонҳо ва ба омӯзгорон барои омодагии хуб изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки ҷараёни қабули имтиҳонҳо дар мадди назари роҳбари муассиса қарор дорад. Қайд карда шуд, ки сатҳи омодагии донишҷӯён ба талабот ва меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ мебошад. Пеш 1 то 9 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан