Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БЕМОРИИ РАХИТ ДАР КӮДАКОН

Рахит – бемории умумии организми кӯдак буда, боиси  вайрон гаштани  мубодилаи моддаҳо, пеш  аз ҳама вайроншавиии системаи устухону мушакҳо мебошад. Сабаби инкишофи рахит ин норасоии витаминҳо, бештар норасоии  витамини Д мебошад, ки дар натиҷа мубодилаи калсию фосфорӣ ва вайроншавии устухонпайдошавӣ, инчунин вайроншавиҳои вазифаҳои ҳамаи узвҳо ва системаҳои зарурӣ ба амал меояд.

Сабаби пайдоиши беморӣ. Сабаб ва омилҳои пайдошавии рахит инҳо мебошанд: Норасоии нурзанонии офтоб ва сайругашт дар ҳавои тоза, ҳол он ки  90 % -и ҳосилшавии дохилии витамини Д-и организм бо роҳи сунъӣ, зери таъсири нури офтоб, дар пӯст қарор дорад.

Клиника. Дар ҷоришавии беморӣ марҳилаҳои клиникии зерин ҷудо карда шудааст: 1) ибтидоӣ; 2) авҷгирӣ; 3) сиҳатшавӣ; 4) зуҳуроти боқимонда.

Марҳилаи  ибтидоӣ. Ин марҳила бо тағйирёбӣ аз тарафи системаи асаб тавсиф ёфтааст. Нишонаҳои аввал аксар вақт дар синни 2-3 моҳагии ҳаёт (дар кӯдакони норасо, дар охири моҳи аввал) пайдо мешаванд. Дар кӯдак ҳаяҷоннокии сабук, беқарорӣ, ҳангоми садои баланд як қад паридан, ногаҳон аз рӯшноӣ тарсидан, ба вуҷуд меояд. Хоби кӯдак рӯяки мешавад. Арақҷудокунии барзиёд, махсусан ҳангоми гиря кардан, хӯронидан ба қайд гирифта шудааст. Арақ бӯи нофорами турш дошта, пӯстро ба ангезиш оварда, хоридани онро ба вуҷуд меорад. Кӯдак сарашро дар болишт мегузорад, ки ба рехтани мӯйҳои паси cар оварда мерасонад. Ҳипотонияи мушакӣ афзоиш меёбад.

Дар айни вақт ташхис ва муолиҷа накардани рахит ба марҳилаи дигари беморӣ-марҳилаи авҷгирӣ мегузарад. Бештар носозии системаи асаб дида мешавад. Тағйиротҳои хосаи системаи устухонҳо ва аломатҳои вайроншавии узвҳои дарунӣ пайдо мешавад. Нармшавии устухонҳои паҳни косахонаи сар, хусусан пушти сар (краниотабес) шиддатнок мегардад

Дигаргуншавии шакли қафаси сина низ ба вуҷуд меояд. Дар қабурғаҳо, дар ҷойҳои гузариши тағояк ба устухон ҷафсшавӣҳосил мешавад. Аз сабаби нарм ва ёзанда будани қабурғаҳо қафаси сина ба осонӣ шаклашро тағйир медиҳад («мурғсина», «қафаси синаи мӯзадӯз»). Дар сатҳи мустаҳкамшудаи диафрагма фурӯравӣ –ҷӯяки гаррисон пайдо мешавад. Вақте ки кӯдак ба нишастан сар мекунад, дигаргуншавии сутунмӯҳра ба амал меояд, бештар дар қисми камар – кӯзапушти рахитӣ

Ҳанӯз то роҳгардон шудани кӯдак, устухонҳои пояш каҷ мешаванд, бештар дар шакли О, гоҳ –гоҳ дар шакли Х.

Дар марҳилаи сиҳатшавӣ сустшавӣ, сипас инкишофи бозгашти аломатҳои рахит мушоҳида карда мешавад.

Дар марҳилаи зуҳуроти боқимонда баъди 2-3 соли ҳаёт сухан гуфтан мумкин аст. Баъди аз сар гузаронидани рахит дигаргуншавии шакли устухонҳои косахонаи сар, қафаси сина, ҳипотонияи мушакӣ, баъзе вақт камхунӣ боқӣ мемонад.

Се дараҷаи вазнинии рахит ҷудо карда шудааст. Ташхиси дараҷаи 1-уми (сабук) рахитро дар асоси тағйиротҳои дар марҳилаи ибтидоӣ ифодаёфта мегузоранд. Рахити дараҷаи 2-юм (миёнаи вазнин) ба тағйирёбии мӯътадили системаи устухонҳо ва узвҳои дарунӣ хос мебошад. Рахити дараҷаи 3-юм (вазнин) ҳангоми падидор гаштани тағйиротҳои шакли устухонҳо, зарарёбии вазнини системаи асаб ва узвҳои дарунӣ, камхунии вазнине, ки ба қафомонии инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳӣ оварда мерасонад, ташхис мегузорад.

Табобат.  Муолиҷаи маҷмўии рахит ҳатман лозим аст. Ин гуна муолиҷа бояд дуру дароз ва барои бартараф кардани сабабҳои пайдоиши беморӣ, инчунин барои барҳамдиҳии норасоии витамини (ҳиповитаминози) Д равона карда шавад.

Пешгирӣ. Пешгирии рахитро аз давраи батнимодарӣ оғоз намуда ва пас аз таваллуд низ давом медиҳанд. Пешгирӣ ба ғайримушахассӣ ва мушахассӣ ҷудо карда мешавад. Дар давраи батнимодарӣ пешгирии ғайримушахассиро дар занҳои ҳомила мегузаронанд ва аз риоя кардани реҷаи рӯз бо кифоя будани сайругашт дар ҳавои тоза ва ҳаракатҳои фаъолнок, баробар будани таркиби ғизоҳо, огоҳонидан ва муолиҷаи бемориҳо, раванди ғайримӯътадили ҳомилагӣ ва дарди тоқатфарсои ҳомилагӣ, иборат аст.

Мудири кафедраи “Педиатрия”-и
МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Мамадаминова С.Х.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.