Истифодаи телефони мобилӣ дар ҳаёти ҳамарӯзаи инсон ва фойдаву зарани он дар организми инсон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Талаботи асоси баён кардан (фаҳмонидан) – и тарзи дурусти истифодаи телефонҳои мобилӣ дар ҳаёти инсоният мебошад. Мақсади фаҳмонидани мо аз он иборат аст, ки камеҳам бошад ба маълумоти истифодабарандагони ин таҷҳизот расонидани зарари он дар организми инсон аст. Чи хел, ки мо худ шоҳидем дар ҳаёти имрӯза инсоният худро бе ин таҷҳизот тасавур карда наметавонад. Ин таҷҳизотро яке аз қисми ҷудонашавандаи ҳаёти худ медонанд, веле дар бораи зарари он аксарияти инсонҳо тасавуроте надоранд.
Ҳангоме, ки мо вақти худро дар истифодаи техникаи компютерӣ (компютер, телефонҳои мобилӣ, ё дигар намуди таҷҳизотҳо) сарф менамоем, аввал бояд донем, ки ин таҷҳизот дар ҳаёти мо чӣ фоида ва чӣ зарар расонида метавонад. Пеш аз он, ки ин таҷҳизотҳоро мо истифода мебарем, ҳатман бояд қоидаҳои истифодаи онро донем, чунки истифодаи нодурусти он метавонад ба организми мо зарари калони худро расонад.
Агар соли 1987 дар саросари олам теъдоди дорандагони телефони мобилӣ ҳамагӣ як миллионро ташкил медод, ин рақам дар соли 1990 аллакай ба 11 миллион нафар расид. Бинобар маълумоти ҷамъияти байналмилалии телекоммуникатсионӣ соли 1995 беш аз 91 миллион абоненти телефони мобилӣ буданд. Соли 2008 наздики 3 миллиардро ташкил дод. Дар оғози соли 2023 5,44 миллиард нафар аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд, ки 68% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад.
Имрӯз касеро бе ин навъи муошират тасаввур кардан ғайриимкон мебошад, чунки дар ин замон тамоми фаъолияти инсон ба ҳамин самт равона карда шудааст. Чи хел, ки мо худ шоҳидем, дар дилхоҳ соҳаи фаъолияти инсон ин техникаҳо истифода бурда мешавад. Дар ҳақиқатанҳам техникаи компютерӣ (компютер, телефонҳои мобилӣ) дар фаъолияти инсон хело муҳим аст. Дар айни замон бошад, дар як лаҳзаи кутоҳи вақт метавонем ба воситаи хатҳои телефонӣ хабарро ба тамоми гушаву канори кураи Замин расонем. Дар баробари ин боз телефонҳои мобилӣ амалиётҳои дигари зиёдеро иҷро карда метавонад, ки ба фаъалияти инсон манфиатҳои зиёдеро доро мебошад. Дар ҳақиқатан ҳам ин таҷҳизотҳо барои фаъолияти инсон дар айни замон хело муҳим аст, чунки вақти фаъолияти инсонро дар кору фаъолияти худ хело осон мегардонад.
Ҷиҳатҳои мусбии телефони мобилӣ:
-
Муоширати байни одамонро қулай ва осон мегардонад;
-
Ба волидон дар куҷо будани фарзандро маълум мекунад;
-
Бехатарии шахсро дар ҷамъият таъмин мекунад, (барои ба милитсия, ёрии таъҷилӣ занг задан);
-
Тавассути телефонии мобилӣ маълумот ва хабарҳои навро аз интернет дастрас кардан осон аст;