Соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба шумор рафта, дар давоми қариб се даҳсолаи охир бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Дар воқеъ соҳаи тандурустии кишвар аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии кишвар буда, бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ заминаҳои рушди он бо марому вусъати илҳомбхаш ташаккул меёбад. Агар ба давраи 32-соли Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳову бурдбориҳои беназир ва ободкориву бунёдкорӣ ба ин соҳа назар намоем, амиқ мегардад, ки аз он ҳама дастовардҳо наметавон дар як мақола ёд карду ба тафсил навишт. Мо дар ин навишта мекушем, танҳо чанде аз рақамаҳое, ки воқеан рушдиҳандаи соҳаи тандурустии кишвар дар замони истиқлолият ба даст омадаанд, рӯй орем.
Ҳанӯз, аз оғози давлатдории навини тоҷик, яъне бо ба даст овардани Итсиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати мамлакат пайваста барои беҳтарнамоии соҳаи тандурустии кишвар талош дошт ва сол аз сол пояҳои техникӣ, сифати хизматрасонӣ, мукаммалшавии инфрасохтор ва неруи кадрии соҳаро тақвият мебахшид ва рушди ин соҳаи афзалиятноки ҷомеа ба меъёрҳои замони муосир мутобиқ гардонда шудааст.
Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар доираи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ сараввал як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа таҷдиди назар ва аз нав таҳия ва тасдиқ гардида, маблағгузорӣ ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ сол аз сол зиёд гардида, инфрасохтори соҳаи тиббӣ ба маротиб рушд намуд.
Аз ин нуктаи назар, агар ба оморҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистони азиз дар 32-соли соҳибистиқлолӣ назар намоем, маълум мегардад, ки то соли 1991 дар кишвари мо ҳамагӣ 2862 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, пас дар замони соҳибистиқлолӣ ин шумора қариб ду баробар афзудааст, яъне танҳо то соли 2020 он ба 4369 адад расонида шудааст, ки дар ин давра 1507 муассиса зиёд гардидааст.