МақолаҳоХабарҳо 32-СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ Бо admin Охирин навсозӣ Сен 11, 2023 0 Ба сар бояд давидан, эй азизон, Ба побусии Истиқлоли Тоҷик Пеш аз оғози андешаҳо зарур донистем, ки аз осори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаеро пешниҳод намоем. «Истиқлолият барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни тадбир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ мебошад». Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар мамлакати азизамон ҳамасола рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукуҳу шаҳомати хоссае ҷанш гирифта мешавад ва дар ин рӯз чорабиниҳои гуногуни маърифатию фароғатӣ гузаронида мешавад. Зимни гуфтаҳои боло, дар муассисаи давлатии Колеҷи тибби Чуҳуриявӣ, фарорасии ин рӯзи муқаддасро ҳамасола бо тантана ҷанш мегиранд. Раванди бо тантана ҷашнгирии рузи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толорҳои ҷаласавии зебо бо иштироки мудирони кафедраҳо ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи давлатии таълмии «Колеҷи Тиббии Ҷумҳуриявӣ» баргузор мегардад. Директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода зимни ҳар як баромади худ дар ҷаласа ва шуроҳои илмӣ қайд менамоянд, ки «Истиқлолият пуразриштарин дастоварди давлату миллати тоҷик аст, ки 32 — сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан ба мардуми бузурги тоҷик нуру зиё, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба Тоҷикистони азиз овард. Даврони Истиқлолият барои мо имконоти воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрузу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Инчунин гуфта шуд, ки як бахши муҳимми дастовардҳои замони истиқлол метавон ба соҳаи тандурустӣ марбут донист. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Чумҳурии Тоҷикистон имрӯз ватани маҳабуби мо дар соҳаи илми тиб ва дорусозӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳамасола дар муассисаи давлати таълимии «Колеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» худ мутахассисон ва донишмандони зиёдро дар ин самт тайёр мекунад. » Пешвои миллат, Призиденти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд:» Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад». Соҳибистиқлолӣ барои мардуми тоҷик ба осонӣ ба даст наомад. Бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, Призиденти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон имруз тавонистем дастоварҳои хуберо соҳиб шавем. Оре, тамоми сокинони кишвари азизамон имруз ифтихор доранд, ки 32-сол муқаддам нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ-Парҷам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Самараи неки истиқлол аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё ҳамчун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон манбаи омузиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷик аст. Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Ҳамватан! Ай ҷони ман, дастобадаст имрӯз, Саҷда бояд кард хоки пои Истиқлол. Сангинов Ғолиб Некқадамович — мудири кафедраи “Технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия” — и МТД “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” Давроншозода Файзулло Давроншо — ассистенти кафедраи технологияи дорусозӣ, ташкил ва иқтисоди фарматсия. 0 Мубодила кардан