Хабарҳо ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ҶИҲАТИ ТАРҒИБИ ҒИЗОИ СОЛИМ: ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪЛИМӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ” Бо admin Охирин навсозӣ Sep 14, 2023 0 Санаи 13 сентябри соли ҷорӣ дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” як чорабинии муҳим баргузор гардид, ки аҳамияти муносибатҳои байналмилалиро дар соҳаи тандурустӣ, хосатан – солимӣ ва ғизо таъкид намуд. Якҷоя бо созмони USAID (Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ) *Маркази таълимӣ оид ба ғизо ва тибби исботшуда* кушода шуд. Дар маросими ифтитоҳ меҳмонони олимақом, аз ҷумла директори намояндагии минтақавии USAID ҷаноби Питер Райли ва муовини онҳо Кристофер Барред, инчунин роҳбарони лоиҳаи «Модари солим – кӯдаки солим» Клиф Любитс ва муовини онҳо Гулнора Разакова, роҳбари самти тандурустии созмони ЮСАИД Малика Махкамбаевна, мутахассиси лоиҳаи «Модари солим – кӯдаки солим» оид ба таъғироти рафтори иҷтимоӣ нисбати саломатии модару кудак ва Сурайё Пулатовна – роҳбари барномаи сифати хизматрасонии тиббии лоиҳаи «Модари солим – кӯдаки солим» ҳузур доштанд. Онҳо дар маросими ифтитоҳи марказ ширкат варзида, ҷонибдории худро барои таъсиси Марказ изҳор доштанд. Меҳмонони олимақомро директори МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ба ҳузур пазируфта, барои оғози маросими ифтитоҳи маркази таълимӣ шуруъ намуданд. Сипас марказ ботантана кушода шуда, ҷонибҳо барои баррасии ҳамкориҳои минбаъда мизи мудаввар баргузор намуданд. Дар оғоз роҳбари муассиса, н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода сухан ронда, зимни баромади худ қайд намуданд, ки муассисаи мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сифати таълими ҳамшираҳои шафқат дар соҳаи ғизо беҳтар карда шавад. Ҳамчунин қайд гардид, ки USAID аллакай таъсиси чунин Марказро дар заминаи ДДТТ (Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон) дастгирӣ кардааст ва аз ин рӯ, мо низ тасмим гирифта дархост намудем, ки дар заминаи коллеҷи тиббии мо чунин марказ таъсис дода шавад. Ҳамчунин роҳбари муассиса изҳор доштанд, ки маркази таълимии мазкур ба донишҷӯёни мо имкониятҳои беназир барои омӯзиши онлайн, таҳкими дониш ва малакаҳои онҳо дар соҳаи ғизои солим фароҳам меорад, зеро онҳо метавонанд дар тренингҳо ва конфронсҳои байналмилалии маҷозӣ ширкат варзанд ва бо ҳамкасбони худ аз дигар кишварҳо табодули таҷриба намуда, аз дастовардҳои навтарин дар соҳаи ғизо бохабар гарданд. Сипас, пас аз нишасти бисёрҷониба меҳмонон аз маркази омӯзиши малакаҳои амалии муассиса дидан намуданд. Ифтитоҳи Маркази таълимӣ мисоли равшани он аст, ки чӣ гуна муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳамкориҳо ба рушди маориф ва илм мусоидат мекунанд. Дар мустаҳкам намудани ин алоқаҳо нақши роҳбари МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” бебаҳо мебошад. Ташаббус ва азми он кас дар таъсиси Марказ ба мо имкон дод, ки як қисми шабакаи байналмилалӣ гардем ва тавонем бо беҳтарин мутахассисони соҳаи ғизои солим табодули дониш ва таҷриба намоем. Ифтитоҳи Маркази таълимӣ барои муассисаи мо ва тамоми ҷомеаи тиббӣ як қадами муҳим ба пеш аст. Мо итминон дорем, ки бо шарофати ин Марказ донишҷӯёни мо метавонанд таҳсилоти беҳтарин гиранд ва мутахассисоне шаванд, ки мушкилоти ҷаҳони муосири тандурустиро паси сар намоянд. Мо аз роҳбари худ ки чунин робитаҳои байналмиллалии пурсамар барпо намудаанд, ифтихор мекунем ва ба директори худ барои қатъият ва садоқат барои пешрафти соҳаи тандурустӣ миннатдорем. Ояндаи коллеҷи мо дурахшон аст ва мо мунтазири пешрафтҳо ва имкониятҳои нав ҳастем, ки Маркази таълимии тиббии ғизо ва тибби исботшуда ба даст меорад. Пеш 1 то 27 саҳифа Баъдӣ 0 Мубодила кардан