Хабарҳо НАҚШИ ЗАНОН ДАР ПЕШГИРӢ АЗ ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ Бо admin Охирин навсозӣ Sep 16, 2023 0 Мубрамии масъалаи мавқеи занон дар ҷомеа аз он ҷиҳат аст, ки воқеан онҳо дар тадбиқшавии барномаву стратегияҳои давлатӣ, ки ба нафъи ҷомеа ва мардум нигаронида шудаанд, нақши муҳим гузошта метавонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шаклҳои мухталифи сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагӣ ва фаъолияти онҳо дар ҳама самтҳо тадбирҳои судманд меандешад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлатӣ дар самти дастгирии занон ба таври фарогир ба роҳ монда шудааст. Қобили зикр аст, ки масъалаи беҳгардонии шароити занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳукумату давлат қарор дошт. Баробарҳуқуқии занону мардон дар Конститутсияи Тоҷиқистон бевосита дарҷ гардидаст. Кафолати конститутсионии ҳуқуқи занон ба он муосидат намуд, ки дар марҳилаҳои гуногун дар масири давлатсозии муосир тоҷикон дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ чун анъанаи неки ниёгон ба мақоми зан дар ҷомеа арҷ гузоранд ва туфайли барномаҳои мушаххас тадриҷан шароити беҳтарсозӣ ва сифатан боло бурдани имкониятҳои ҷалби занон ба корҳои идораи давлатӣ ва фаъолгардонии нақши онҳо дар ҷомеа фароҳам оварда шавад. Бо бовари том метавон изҳор дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ дар ҳаёти занони тоҷик таъсири амиқ гузошта, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ занони тоҷик тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ метавонанд корҳои идории ҷамъятиву давлатиро низ сарбаландона иҷро намоянд. Бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа Ҳукумати мамлакат барномаву стратегия ва санадҳои гуногунро қабул ва роҳандозӣ намуд, ки ҳамаи онҳо дар тадбиқи сиёсати давлатии занон заминаи уствор гузоштанд. Аз ҷумлаи чунин санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқӣ «Стратегияи милли фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2021 – 2030» мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нақши занон дар ҷомеа фарохтар аз он метавонад бошад, ки аз ҷониби баъзе афрод нақши онҳо дар чаҳорчӯбаи муайян мушаххас карда шудааст. Масалан, илми ҷомеашиносии муосир ва равоншиносӣ дар такя ба далелҳои таҳқиқотӣ ва мушоҳидавӣ бар он муътақид аст, ки рисолати занон аз тарбияи фарзанд то ба корҳои идораи давлатӣ ва мустаҳкам кардани рукнҳои ҷомеа доман паҳн мекунад. Имрӯз созмонҳо ва институтҳои махсус дар давлатҳои тараққикардаи дунё аз қувваи занон дар пешгирӣ аз ифротишавии ҷавонон, бо усули машваратҳои психологӣ коҳиш додани сатҳи пошхӯрии оилаҳои навбунёд ва тадбирҷӯӣ дар бартарафсозии мушкилоти хурофотпарастӣ ва дар самти аз байн бурдани одати хурофотии баргузор кардани маъракаҳои дабдабанок фаъолона истифода мебаранд, ки дар 90 дарсади ҳолатҳо натиҷаҳои мусбат медиҳад. Дар робита ба ин нақши занону модарон дар тадбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” хеле арзишманд аст. Занону модарон бо фарҳанги баланди сарфакорӣ ва хиради фитрӣ метавонанд ба харҷу зиёдаравиҳо ҳангоми барпо намудани маъракаҳо роҳ надиҳанд ва ба ин васила дар ғанӣ гардонидани буҷаи оила ва беҳтаршавии сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намоянд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан дар камхарҷу сарфакорона гузаронидани маъракаҳо нақши занон меҳварӣ аст. Маҳз занон бо ғамхорӣ ба ояндаи фарзандони худ метавонанд маблағҳои сарфагардидаро пасандоз намоянд ва ё баҳри таҳсилу донишандӯзии онҳо истифода баранд. Дар моддаи 6 Қонқни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои падару модар баробар дониста шудаанд. “Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва ӯхдадориҳои баробар доранд”. Бар замми он ки ин модда баробарии падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд мушаххас кардааст, ҳамзамон аз нақши муайян доштани зан – модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид рафтааст. Зуҳуроти ҷаҳони муосир водор мекунад, ки нақши занон танҳо дар доираи оила ва масъалаҳои хонаводагӣ маҳдуд нагардида, балки бо тақозои замон васеътар шавад ва нақши ҷамъиятии онҳо назар ба ҳар давраи таърихӣ имрӯз фавқулода муҳим бошад. Занон метавонанд бо андешаву пешниҳодҳои мубрам ва тадбирҷӯйиҳо сатҳи хурофотпарастӣ ва бегонагароиро коҳиш диҳанд ва ба некуҳволии мардум мусоидат намоянд. Ин рисолати занон беш аз ҳар вақти дигар имрӯз муҳимтар аст. Ба ин манзур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Певшои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки “Дар шароити ниҳоят мураккабу ҳассоси минтақа ва ҷаҳони муосир муносибати бисёр ҷиддӣ зоҳир кардан ба тарбияи фарзандон, аз роҳи бад, махсусан, ҷинояткорӣ ва пайвастан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ баргардонидани наврасону ҷавонон, пеш аз ҳама, вазифаи модарону занон мебошад. Занон қодиранд, ки бо таҳқиқотҳои илмӣ ва таҷрибандӯзӣ аз саҳифаҳои таърих ба ҳамзамонон василаҳои муҳимми зиндагисозро коркард ва пешкаш намоянд ва бо зарфиятҳои зеҳнии худ ҷомеаро ба роҳи илм ва саодат раҳнамун созанд. Бо назардошти ин дар моддаи 6 –и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” ба таъмини имкониятҳои баробари мардону занон дар соҳаи маориф ва илм аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст. Бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои доимии Пешвои миллат имрӯз мардуми тоҷик дар симои зан на тафақт модари мушфиқу меҳрубон, ҳамзамон омӯзгори соҳибмактаб, олиму донишманд, ходими давлатӣ ва афсару сарбози шуҷоъ, яъне ҳомиву пуштибони давлату миллатро мебинад, ки ин бешубҳа мояи ифтихору сарфарозӣ аст. Таҷриба возеҳ сохтааст, ки агар зан соҳибилм бошад, фарзандон низ дар ҷодаи илм собитқадам хоҳанд шуд. Чунки мактаби зан – модар мактаби такрорнашаванда ва беназир аст. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати босаводгардонии занону духтарон мунтазам тадбирҳои мушаххас меандешад. Дар радифи ҳазорон барномаву стратегияҳо ва чораҷӯиҳои дигар аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намудани квотаҳои президентӣ ва ба шуғли пурмаҳсул фаро гирифтани занону бонувон намунаи барҷастаи чунин тадбирҷӯиҳост. Қобили тазаккур аст, ки ҷудо намудани квотаҳои президентӣ барои духтарони деҳот дар ҷодаи омӯзишу таҳсил ва модари соҳибмаълумот шудан як роҳи сабз кушод. Аз соли 1997 то 29 майи соли 2023 тибқи маълумот 11 500 духтар аз деҳоти дурдасти кӯҳистон тариқи Квотаҳои президентӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатро хатм намуда, феълан дар соҳаҳои гуногун бо азму талош ва ташаббусҳои созанда фаъолият менамоянд. Агар ба андарзи ниёгонамон, ки илм ҷустанро ҳануз аз гаҳвора таъкид кардаанд, назар андозем, ба хубӣ дармеёбем, ки зани босаводу донишманд дар ҳаёти мо чӣ нақше дорад ва чеҳраи замон – модар ва дар сари гаҳвора бедорхобиҳои ӯ дар сувари хаёламон таҷассум мешавад. Ҳамзмон ин ҳикмат, ки ватандӯстӣ аз аллаи модар оғоз мешавад, мантиқан рисолати бузурги посдориву арҷгузорӣ ва тарбияи абармардони дар роҳи пуршарафи ватандорӣ фидоӣ ва ибратомӯзро бозкушоӣ мекунад. Яъне модар бо садоҳои ширин ҳануз аз овони тифлӣ дар зеҳнҳо ҳиссиёти амиқи ватандорӣ ва нангу номуси миллиро меангезад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки яке аз усулҳои муассири пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ ин ҳамоишҳо ва суҳбату вохӯриҳои силсилавии занону модарон бо ҷавонон вобаста ба ҳифзи манфитаҳои миллӣ, дӯст доштани ватан, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, амнияти ҷомеа, зиракии сиёсӣ, бедории миллӣ ва дар гирудорҳои муносибатҳои геосиёсӣ мавқеъгириҳои усулӣ мебошад. Занону бонувон дар ин маврид бо алфози ширини модарона, талқини меҳру муҳаббат ва самимият дар замири ҷавонон нисбат ба обу хоки диёр ва мардуми меҳнатқарину озодманиши тоҷик, бозгӯӣ аз шебу фарози рӯзгор ва бо варақгардонӣ аз саҳифаҳои таърих бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ дар тинати ҷавонон метавонанд нақши хеле барҷаста дошта бошанд. Зеро ҷаҳони мутамаддин, ки ченаки меҳварии он сатҳи иттилоотонии ҷомеа, махсусан ҷавонон, мебошад, тақозо менамояд, ки фазои мафкуравии ҷомеа бо василаҳои мухталиф, махсусан, ҷалби занону бонувони бофарҳангу донишманд бо корҳои идораи давлатӣ ва сиёсат бо маълумот ва иттилоотӣ худӣ комил гардонида шавад. Яъне саҳми занон дар боло бурдани фарҳанги иттилотӣ низ муайянкунанда ва хос маҳсуб мешавад. Саҳми занону бонувони дар таҳкими сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва тақвияти иқтидори миллӣ бо усули ҳифзи арзишҳои моддиву маънавии миллӣ ва ҷалби қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ташаббусҳои бузургу созандаи ба нафъи давлату миллат нигаронидашуда муассир арзёбӣ мегардад. Занону бонувони кишвар ҳамчун қувваи фаъолу пешрафтаи ҷомеа дар тарбияи насли солим, танзими расму оинҳо ва муқовимат бо ифротгароиву хурофотпарастӣ нақши басо арзишманд доранд. Баҳри пешгирии хурофотпарастӣ ва пӯшидани сару либоси бегона, баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ гурӯҳҳои гуногуни корӣ фаъолият менамоянд, ки бешак дар боло бурдани завқе зебоиписандӣ ва дар ин замина рӯ овардан ба фарҳанги миллӣ нақши бағоят муҳим мебозад. Гузаронидани суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва дигар мавзеъҳои муҳити иҷтимоӣ мусоидат намудаааст, ки имрӯз духтарон низ дар пайравӣ аз модарону гузаштагони худ либосҳои миллиро ба бар кунанд ва ин анъанаи наҷибро ба дигарон низ талқин намоянд. Ин аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба нақши занон ҷомеа таваҷҷуҳи зиёд доранд ва ба ин манзур изҳор медоранд. “Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд”. Дар ҷаҳони пуртазод метавон аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки кӯшишу талоши модари тоҷик ба хотири рушди маънавиёти оила ва ҷомеа, ташкили оилаи солим, тарбия кардану ба камол расонидани фарзандони солиму солеҳ, соҳибмаърифату соҳибкасб ва созандаву ободгар равона шудааст, ки ин падидаи умеди моро ба ояндаи духрахшони давлату миллат боз ҳам таҳким мебахшад. Дар ин маврид таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хере хоромӯз аст: “Далели бебаҳс аст, ки симои занони соҳибмаърифат, ҷасуру далер ва адолатпарвари тоҷик аз паси садсолаҳо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихи халқамон ба мардуми мо тавону неру мебахшад”. Мушоҳидаҳо возеҳ месоҳанд, ки ҳамон ҷомеа дар шароити муосир ба пешрафту тараққиёти босуръат ва бардавом ноил мегардад, ки занонаш бомаърифату таҳсилдидаанд. Тавре аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, “модари озоду солим ва донишманду эҷодгар сарчашмаи хонаи обод, ҷомеаи солим, манбаи рушди илм, омили ташаккули хиради халқи эҷодгар ва кафили сулҳу суботи устувори мамлакат мебошад. Соҳиби саводу маърифат ва илму дониш будани занону бонувон асоси оилаи солим ва албатта, омили муҳимтарини пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад”. Нақши модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста ва ҳатто муайянкунанда мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси нақши занону бонувон дар ҷомеа изҳор медоранд, ки “Имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, сарвари муваффақ, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳомии Ватан, бино кори номдор, мураббии наслҳо ва ҳамшираи меҳрубонро мебинад, ки ин мояи ифтихори ҳар яки мову шумо мебошад”. Алҳол занону духтарони тоҷик шукр аз он мекунанд, ки ба шарофати сиёсати хирадмандонаву дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба орзуву омол расидаанд ва хушбахт аз онанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагӣ мекунанд ва соҳиби Ватан ободу озод ҳастанд ва тамоми имконитяҳои зеҳнии худро истифода мебаранд, то ин дастовардҳо ва сарватҳои миллӣ аз насл ба насл бе осеб боқӣ бимонад. 0 Мубодила кардан