Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МЕҲНАТИ МУШТАРАК БАҲРИ ОБОДОНӢ ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”

Рӯзи шанбеи 16-уми сентябри соли 2023 дар МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, ки яке аз муассисаҳои бонуфузи пойтахт ба шумор меравад, чорабиние баргузор гардид, ки донишҷӯёну омӯзгоронро барои боз ҳам зебою ободтар гардонидани муассисаи таълимии мо мусоидат менамояд, муттаҳид сохт. Тибқи дастур ва сарпарастии бевоситаи роҳбари содиқи мо муҳтарама Шаҳло Сайфуллозода, дастаи омӯзгорону донишҷӯён рӯзи шанбе ҷамъ омада, ба покизасозии ҳудуди тамоми биноҳои таълимӣ шуруъ намуданд.

Таҳти шиори «Тозагӣ гарави саломатист» донишҷӯён ва омӯзгорон соати 9-и субҳ ҷамъ омаданд. Дар давоми руз тозакунандагон дар кабудизоркунии майдон фаъолона иштирок карданд. Донишҷӯён ва омӯзгорон тоза кардани майдону роҳравҳоро аз партов, шинондани гулҳо, алафдаравӣ ва кабудизоркуниро бо хушҳолӣ ба ӯҳда гирифтанд. Ҳама саҳм гузоштанд ва тавассути кӯшишҳои дастаҷамъонаи мо муассиса ба худ ҳусни нотакрор гирифт.

Ба ғайр аз меҳнати ҷисмонӣ, шанбегӣ боиси мустаҳкамсозии алоқаи байни донишҷӯ ва омӯзгорон гашта, имконияти хубе фароҳам овард, ки дар вақти танаффус иштирокчиён мубодилаи таҷриба намуда, фикру мулоҳизаҳои худро баён кунанд ва масъалаи муҳимми таълими тиббиро бобати “Покизагӣ ва таъсири он ба саломатӣ” муҳокима кунанд.

Дар фарҷоми шанбегӣ омӯзгорон ба донишҷӯён сухани сипосгузорӣ намуда, аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳоро барои тарбияи коллективӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди муассисаи таълимии худ қайд намуданд.

Шанбегӣ дар муассисаи мо на танҳо як роҳи беҳтарини ободонии минтақа, балки қобилияти мо дар ҳамкорӣ, расидан ба ҳадафҳои умумӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои омӯзиш ва рушдро тасдиқ кард. Мо аз коллективи худ ифтихор мекунем ва итминон дорем, ки чунин иқдомҳо дар оянда низ идома ёфта, коллеҷи тиббии моро боз ҳам беҳтар мегардонанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.