Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ПУРСАМАР ДАР МДТ “КОЛЛЕҶИ ТИББИИ ҶУМҲУРИЯВӢ”: МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Санаи 9 ноябри соли 2023 дар МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” семинари омӯзишӣ оид ба мушкилоти коррупсия ва муқовимат бо он баргузор гардид. Дар чорабинӣ коршиносони варзида ва намояндагони сохторҳои давлатӣ, ки алайҳи ин падидаи номатлуби ҷомеа фаъолона мубориза мебаранд, гирди ҳам омаданд.

Дар байни иштирокчиёни семинар, ки бо ҷалби васеи кормандону омӯзгорони муассиса гузаронида шуд, коршиноси ботаҷрибаи соҳавӣ, сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ, намояндаи баландихтисоси Агентии мубориза бо коррупсия Файзуллозода Баҳрулло, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Амирзода Абдухолиқ Амир ва Рабиев Шералӣ Маҳмадалиевич, сардори варзидаи шӯъбаи ҳуқуқи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузур доштанд. Меҳмонони вазорат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муовини директор оид ба корҳои таълим н.и.т. Одилзода И.Ё. ва муовини директор оид ба таълими амалӣ Давлатзода А.Д. қабул намуданд.

Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директор Одилзода И.Ё. оғоз гардид, ки мавсуф ба меҳмонон барои иштирок ва ҷудо кардани вақташон дар ин семинари муҳим изҳори миннатдории самимӣ намуд. Мавсуф таъкид дошт, ки мубориза бо коррупсия яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ” буда, ҳамеша дар мадди назари роҳбари муассиса н.и.т. Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода қарор дорад ва баргузории чунин чорабиниҳо барои баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва самаранокӣ дар ин самт мусоидат мекунад.

Сипас, ҳар як аз меҳмонони даъватшуда баромад намуда, аз донишу таҷрибаи пешқадами худ дар самти мубориза бо коррупсия мубодилаи афкор намуданд. Сардори раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ масъалаҳои муҳими марбут ба таҳлили хатарҳои коррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи тибро ба миён гузошт. Вай тадқиқот ва таҷрибаи кории худро нақл кард, ки ба иштирокчиён кӯмак намояд, то мураккабиҳо ва механизмҳои коррупсияро дар ин самт беҳтар дарк кунанд. Номбурда инчунин оид ба нақши Агентии мубориза бо коррупсия ва фаъолияти он дар мубориза бо ин мушкилот суханронӣ намуд. Вай муҳимияти ҳамкории сохторҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва ҷомеаро барои муборизаи муассир бо коррупсия таъкид кард. Нигора Муқимӣ ҳамчунин бо мисолҳо, лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муваффақ, ки ба коҳиши сатҳи фасод дар соҳаҳои гуногун мусоидат карданд, иттилоотро манзури ҳозирин намуд.

Амирзода Абдухолиқ Амир муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба мубориза бо коррупсия дар соҳаи тандурустиро ба миён гузошт. Вай дар кори мутахассисони тиб аҳамияти принсипҳои ахлоқӣ ва масъулияти касбиро қайд намуд. Инчунин муовини вазир дониши худро дар бораи механизмҳои коррупсия дар соҳаи тандурустӣ мубодила намуда, барои бартараф намудани он тавсияҳои амалӣ пешниҳод намуд.

Ҳамзамон муовини вазир аз ҷанбаҳои ҳуқуқии мубориза бо коррупсия дар соҳаи тиб ибрози андеша кард. Вай дар бораи тадбирҳои қонунгузорӣ, ки ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ андешида мешаванд, сухан ронд.

Семинар пурмазмун гузашт ва ба иштирокчиён имкон дод, ки дар самти мубориза бо коррупсия дар соҳаи тиб табодули таҷриба ва андеша намуда, таҷрибаи пешқадамро омӯзанд. Чорабинии мазкур дар мубориза бо коррупсия як қадами муҳим буда, муносибати ҷиддии коллеҷи тиббиро ба ин мушкилот таъкид намуд. Он инчунин ба иштирокчиён имкон дод, ки табодули таҷриба, таҳкими ҳамкорӣ ва пайдо кардани роҳҳои нави ҳалли мушкилоти коррупсия дар соҳаи тибро пайдо кунанд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.