Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИҶЛОСИЯЕ, КИ ОРМОНИ МИЛЛАТРО БА ВОҚЕИЯТ ТАБДИЛ ДОД

Ба ҳамагон маълум аст, ки тоҷикон аз бомдоди таърих соҳибдавлату соҳибмақом будаанд. Аввалин империяи бузургтарини олам — Ҳахоманишиёнро аҷдодони мо асос гузоштаанд. Нахустин маншури ҳуқуқи башарро низ бобои мо — Куруши Кабир навиштааст. Яъне, мо аз қадимулайём на танҳо барои худ давлату назму низом бунёд кардаем, балки қавму қабила ва миллатҳои гуногун низ дар ҳудуди давлати тоҷикон озода умр ба сар бурдаанд. Масалан, дар Империяи Ҳахоманишиён зиёда аз 70 қавму қабилаҳои мутафовит бо дину расму русумоти худ бемамоният кору зиндагӣ менамуданд.

Баъдан давлати Сосониён рӯйи кор омад, ки дар раъси он мардумони эронитабор, яъне аҷдодони мо қарор доштанд. Ҳуҷуми араб ин давлати пуриқтидорро баъди 400 соли мавҷудият барҳам зад, вале дере тақрибан нагузашта дар ҳудуди он давлати Сомониён ба вуҷуд омад. Ин давлат бо тамоми мавҷудияташ як давлати тоҷикӣ буд. Коргузорӣ бо забони форсӣ — тоҷикӣ анҷом меёфт ва забони расмии давлатдорӣ низ тоҷикӣ буд. Ин сулолаи тоҷикӣ зиёда аз 100 сол арзӣ ҳастӣ намуд ва аз худ ёдгориҳои арзишманди моддию маънавӣ ба мерос гузошт. Дар ин айём илму фарҳанг ба зинаи олитарини пешрафт ноил гардид. Бузургтарин китобхонаи ҷаҳон бо номи Савон — ул — Ҳикмат дар замон сохта шуд. Ихтирооти муҳиму арзишманде сурат гирифт, ки дар таърих сабт ёфтаанд. Ба таври куллӣ агар иброз намоем замони Сомониён давраи сууду пешрафт ва рифоҳу иззати тоҷикон маҳсуб меёфт. Тохту тозҳои қабилаҳои кӯчманчӣ ва сулолаҳои туркӣ ин давлати муҳташаму кохи азамату эътибори тоҷиконро аз миён бурд. Баъди суқути ин давлат дигар тоҷикон тақрибан давлати пуриқтидори худро надоштанд ва манфиатҳои ин миллат доим зери сояи бегонагон қарор мегирифт. То ин ки давлати паҳновари Шӯравӣ таназзул ёфту тоҷикон Истиқлолияти давлатии худро 9 — уми сентябри соли 1991 эълон доштанд.

Дар ин санаи муборак марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфт. Мутаассифона, ин навданиҳоли истиқлоли мо дере нагузашта ба хатари хушк шудан мувоҷеҳ шуд ва наздик буд аз байн равад. Душманони хориҷӣ ва хоинони дохилӣ фитнае ба по карданд, ки миллатро дубора овора ва наздик буд дигарбора бедавлат гардонад. Дар ин айёми шум ва манҳус ба бахти миллати тоҷик офтоби саодату хушбахтӣ тулӯъ кард ва ба ҳама нуру гармӣ эъто намуд. Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват гардид, ки рисолати аввалиндараҷаи он ба эътидол овардани вазъият ва ором гардонидани ҷумҳурӣ буд. Барои анҷоми ин рисолат бошад Абармарде лозим буд, то ҷон бар каф гирифта, вазъиятро таҳти назорат қарор диҳад. Ҳамин тавр ҳам шуд, Эмомалӣ Раҳмон вакили мардумӣ аз вилояти Кӯлоби онвақта Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва аввалин ҳарфаш СУЛҲ гардид. Дар назди ин роҳбари ҷавон мушкилоти фаровоне қарор дошт, ки бояд ҳамаи онҳоро як — як ҳаллу фасл менамуд. Аммо барои ҳалли ҳамаи он мушкилот пеш аз ҳама дастгоҳи махсуси аз лиҳози қонунӣ машруъе бо номи ДАВЛАТ зарур буд. Нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳокимияти қонуниро асос гузоштанд. Роҳбарони вазорату идораҳо интихоб карда шуданд. Рамзҳои давлатӣ тасдиқи худро ёфтанд. Ҳамин тариқ, давлат ба тамоми маъно шакл гирифт ва қадамҳои баъдӣ яке пайи дигаре гузошта шуданд. Пояҳои ҳокимияти давлатӣ устувор гардид ва ниҳодҳои қудратӣ дубора эҳё гаштанд.

Ҳамин тариқ, вазъият рӯ ба эътидол шудан овард. Иқтисоди ба рукуд рафта оҳиста — оҳиста эҳё шуд. Вазъияти амниятӣ низ беҳбуд ёфт. Мардум ба маҷрои зиндагии осуда ворид гардид. Иҷлосияи таърихӣ рисолати таърихии худро анҷом дод ва давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудӣ раҳонид. Шавкату шон ва азамати пешини тоҷиконро баргардонд. Имрӯз Тоҷикистон аъзои тамоми ташкилотҳои бонуфузи байналмилалист ва мисли дигар кишварҳои озод дар тасмимгирии масъалаҳои мубраму муҳими ҷаҳони як овоз дорад. Тоҷикистони имрӯза ёдгоре аз Империяи паҳновари Ҳахоманишиён, давлати Абарқудрати Сосониён ва нишоне аз Сомониёни фарҳангпарвар аст, ки бо шарофати Иҷлосияи 16 — уми Шӯрои Олӣ умри дубора ёфтааст.

Декани факултети бахши шабонаи «Кори ҳамшира»

Фатихова З.Ҷ.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.