Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

НАҚШИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ – ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН

(Дар ҳошияи таҷлили 16 уми ноябр — Рӯзи Президенти

Ҷумуҳрии Тоҷикистон)

Арзишмандтарин дастоварди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) он буд, ки фарзанди бонангу номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт ва ғурури баланди миллидошта Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун Сарвари давлат тавлид ва ӯро ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ҳидоят намуд. Ин фарзанди фарзонаи миллат ҷон дар каф бо як далериву ҷасорати бемисл масъулияти баланди роҳбариро ба душ гирифта, ба наҷоти миллату давлати тоҷикон камари ҳиммат баст. Дар натиҷаи азму талош, кушишу пайкорҳои бемисл ва хизмату заҳматҳои арзандаи шабонарӯзии ин шахсияти барҷастаи таърихӣ дар як муддати кутоҳи таърихӣ алангаи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш карда шуда, хатари парокандашавии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон сарбаландона бартараф карда шуд. Миллати тоҷик дар симои Эмомалӣ Раҳмон — шахси хирадманду дурандеш, роҳбари оқилу тавоно, қаҳрамони асил ва Пешвои ҳақиқии хешро пайдо намуд. Дар воқеъ таърихи муосири давлатдории тоҷиконро бе заҳмату талош, хизматҳои арзандаву шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тассавур кардан имконнопазир аст. Бояд ҷавонмардона эътироф намуд, ки ба зима гирифтани масъулият ба кори давлатдориву давлатсозӣ дар ҷойи хушку холӣ, бе заминаҳои муайяни устувори молиявию моддӣ, иқтисодиёти фалаҷгашта саҳлу осон набуд. Танҳо нафаре метавонист ба ин корҳо дастболо шавад, ки бо дарки ғуруру ҳуввияти баланди миллӣ тамоми ҳастиву вуҷуди хешро ба миллату сарзамини хеш фидо кунад. Дар заминаи қабули қарорҳои таърихию тақдирсоз, роҳандозӣ намудани ташаббусҳои созандаву сиёсати ҳадафмандона ва андешидани силсилаи тадбирҳои мақсадноки фарзанди содиқу вафодори миллат – Сарвари маҳбуби тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ҳуқуқии кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба вуқуъ пайваста заминаҳои боэътимоду устувори бунёди аркони давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёд, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдории миллӣ гашт.

Бо шарофати дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар вусъати тоза ва бесобиқа пайдо намуданд. Мо аз он ифтихормандем, ки бо азму талошҳои пайгиронаи Сарвари маҳбуби Ватанамон Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт, миллати тоҷик дар дунё муаррифӣ гашт, овози тоҷик ба гӯши аҳли башар расид ва садои тоҷик аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ танинандоз гашт. Ӯ борҳо аз минбари баланди СММ баромад карда, дар баробари проблемаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба қазияи Афғонистон, масъалаҳои мубориза бо терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, рушди нобаробари давлатҳои ҷаҳон, масъалаҳои таъминоти оби тоза ва ғайраҳо ҷалб мекунад. Ҷойи фахр аст, ки аксарияти ташаббусҳои Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра, хосатан оид ба оби тоза ва дигар мушкилоти экологӣ аз ҷониби СММ бо қаноатмандӣ қабул шудаанд. Давлати Тоҷикистон муаллифи панҷ ташаббуси бузург дар соҳаи об, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза 2003», «Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт» солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об, соли 2013», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо соли 2025» мебошад, ки имрӯз дар сатҳи чаҳонӣ пазируфта ва амалӣ шуда истодааст. Гузашта аз ин тӯли солҳои соҳибихтиёрии давлатӣ Тоҷикистон ба як макони асосии баргузории чорабиниҳои муҳими сиёсӣ ва ҳаммоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат – Президенти ҶТ, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти эҳё ва эҳтироми суннату арзишҳои миллӣ, зинда гардонидани номи шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ, мутафаккирони оламшумули тоҷику форс, чеҳраҳои шинохтаи динӣ ва аҳли илму адаб беназиранд. Иқдомоти амалинамудаи Пешвои миллат дар ин ҷода беихтиёр ба шинохт ва эътирофу эҳтироми дастовардҳои таърихии миллати тоҷик, гиромидошти мероси бою пурғановати ниёгонамон, густариши ҳувияти миллӣ ва боло рафтани ғуруру нангу номуси меҳанпарастӣ мусоидат намуданд. Таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомӯш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, баргардонидани тамоми гурезагони иҷборӣ ба Ватан, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҷот додани давлату миллати тоҷик, аз бузургтарин ва беназиртарин хизматҳои тақдирсозеанд, ки Пешвои миллат барои давлату миллати тоҷик анҷом додаанд. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. Маҳз бо шарофати хизматҳои барҷаставу арзандаи таърихии ин абармарди бузурги саҳнаи сиёсат дар самти таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва рафъи хатари парокандашавиии миллату заволёбии давлат бо дастгириву ташаббусҳои бевоситаи халқи Тоҷикистон якдилона бо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ба ӯ мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат лоиқ дониста шуда, аз тариқи қонуни конститутсионӣ танзими ҳуқуқӣ пайдо кард. Итминон дорем, ки кохи муҳташами сулҳи тоҷикон, ки бевосита бо дастони ин чеҳраи сиёсии эътирофшудаи сатҳи байналмилалӣ бунёд шудааст, ҳазорсолаҳо бегазанд хоҳад монд. Умед бар он дорем, ки таҷрибаи бузурги сулҳоварӣ ва давлату миллатсозии Пешвои тоҷикони ҷаҳон садсолаҳо мавриди омӯзиш, пазириш ва таваҷҷуҳи ҳамешагии давлатҳои олам ва аҳли башар қарор хоҳанд гирифт.

Дар қисмати хотимавӣ бояд тазаккур дод, ки аз баракати истиқлолияти давлатӣ ва бо шарофати хизматҳои содиқона, ҷонфидоиву фаъолияти сарбаландона ва иқдому ташаббусҳои неки созанда ва ҳидоятҳои ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҶТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифу сарбаланд, меҳнатдӯсту тамаддунофар, фарҳангсолору матиниродаи тоҷик, зери ибораи муқаддаси «Тоҷикистон – ба пеш!» дар роҳи амалӣ сохтани ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар қадам ба қадам гомҳои устувор гузошта истодааст.

Омӯзгори кафедраи Асабшиносӣ,

ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносӣ

Мунаваров Беҳруз

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.