Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Бо гузашти замон бо назардошти далелҳои навъи созандагӣ ва аз лиҳози таҳлили илмӣ агар ба таърихи даврони истиқлолият назар афканем ба мо паҳлуҳои гуногуни ин иҷлосияи таърихи равшану возеҳтар ҳувайдо мешаванд. Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта дар ҳолате қарор дошт ки бар асари ҷанги шадиди шаҳрванди ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои гуногуни мамлакат дар оташи ҷанг сухтаву валангор, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлати пурра фалаҷ гардида буданд. Ҷомеаро буҳрони сиёси, иқтисодӣ ва маданӣ фаро гирифта, касе намедонист, ки ояндаи кишвар ва мардумро чӣ интизор аст. Дар чунини вазъияти бӯҳронӣ, аз ҷумла бе ҳокимиятиву бе низомӣ мавҷудияти минъбадаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати ягона ва тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Дар чунин вазъияти ҳассос бояд Иҷлосияи навбатии  Шӯрои олӣ баргузор мегардид ва фақат  қарорҳои созандаи он метавонист ватамонро наҷот диҳад. Бо гузашти солҳо метавон гуфт, ки вакилони мардуми- иштирокчиёни иҷлосияи 16-ум аз иҷрои ин вазифаи худ сарбаландона баромаданд. Иҷлосия аз 16-ум ноябр то 2 декабри соли 1992 давом ёфта, дар кори он аз 222 вакил 197 нафар иштирок намуд ва дар он 74 санади ҳуқуқи, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва изҳорот қабул гардид. 19 ноябри соли 1992 бо овоздиҳии пинҳонӣ вакили мардумӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон раиси Шӯрои Оли интихоб шуданд.

Раиси Шурои Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парчами кишварро бӯсида, савганд ёд карданд ва бо иштирокдорони иҷлосия руй оварда гуфтанд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва оила барқарор шудани сулҳ равона менамоям. Барои гул гул шукуфии Ватани азизам Садоқатмандона меҳнат мекунам. Чунки ман ба оянаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовари дорам». Сарвари давлат Эмомали Раҳмон аз рузи  ба мақоми олӣ интихоб шуданашон, ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, мисли хомӯш сохтани ҷанги бародаркуш, эҷод намудани фазои боэътимоду ҳамзистӣ дар ҷомеа, баргардонидани гурезаҳо, аз нав созии низои давлатдорӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ, дарёфти ҷойгоҳи муносиб дар арсаи байналмилалиро мақсад ва мароми ҳукумати нав эълон намуданд. Раиси тозаинтихоби кишвар мақсад ва ҳадафи асоси худро чунин баён карда буданд: «Ба хотири истиқрори сулҳи пойдор ва бозгашти ҳамаи фирориён ба ватан ман таёр ҳастам, ки ҷонамро қурбон созам». Баътар у ин андешаи худро тақвият бахшида таъкид намуданд: «Азму ирдаи мо дар роҳи барпо кардани давлати демократии ҳуқуқбунёд комилан қатъист. Ҳарчанд ки натиҷаҳои дилхоҳи он на ба таври оҷил балки ба гузашти вақт падид меоянд, дар баробари ин сулҳу субот бароямон муҳимтарин арзиш меёбад». Раиси Шурои Олӣ, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон таъкид намуданд, ки « Ин иҷлосияи тақдирсоз аст, бояд донем, ки тақдири ояндаи миллат, кишвар, ватан, давлат дар дасти мост. Аз ин лиҳоз бояд худшинос шавем, хиради волои хешро баҳри якпорчагии ҷумҳурии азизамон истифода барем». Ҳамин тариқ дар Иҷлосияи 16 уми Шурои Олӣ бо ташабуси бевоситаи Пешвои дурандеш ва хирадманди миллат, мӯҳтарам Эмомали Раҳмон зербинои кохи бегазанди сулҳ ва ризоияти миллиии тоҷикон гузошта шуд. Сарвари давлат бо таъкид мегуфтанд, ки дастоварди бузургтарини мо, ки на танҳо наслҳои имрузаи кишвар, балки наслҳои оянда низ бо ифтихор ба забон хоҳанд овард, таъмини сулҳу осоиши миллат ва ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон аст.

Омили асосии расидан ба сулҳ дар Тоҷикистон аз ниҳод ва замири халқи тоҷик бархоста ба тафакури  созандаву иродаи шикастнопазир фитрати баланду дустнавозии ин мардум вобаста аст. Маҳз хидмати беғаразонаи шахсиятҳои фидоии ҷумҳурӣ вазъро дар манотиқи буҳрони тадриҷан мутадил сохта, ба эҷоди давлатдории миллӣ, тафоҳуми фарҳагӣ ва сиёсӣ сабаб гардид. Бузургтарин шахсиятро ки солҳои тӯлонӣ бевосита дар самти сиёсати давлатӣ, сохтумон, таҳким ва рушди давлатдории миллӣ хидмати бедареғ кардааст, дар симои Асосгузори сулҳу вахдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалии Раҳмон дида тавонистанд. Бешак, муҳимтарин дастовард Иҷлосияи 16-уми Шурои олӣ он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомали Раҳмон ба арсаи роҳбарӣ ва давлатдорӣ дар марҳилаи навини таърихӣ овард ва ин шахсият натанҳо вазъро ба этидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимоӣ таъмин намуд, балки баъдан ҳам дар бунёди давлат, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати миллӣ дар миқёси байналмиллалӣ саҳми бо сазо гузошт. Пешвои муаззами миллат ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ пазируфта шуда ҳануз аз лаҳзаҳои аввал бо шуру шавқи милли ва номуси ватандори аз рузҳои нахустини ҳукуматдори бо виҷдону имони яқин, фазои муносиби зиёд ва муҳити сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ муҳайё сохт. Марҳилаи созиши миллӣ дар таърихи ватанӣ ҳодисаи фаромушнашаванда маҳсуб меёбад ва дар ин марҳила нақши сарвари давлат беназир аст. Сарвари давлат, ки тамомияти арзию ҳудуди ва ризоияту ҳамдигарфаҳмии миллиро тавасути сулҳу ваҳдат таъмин намуданд, басандааст, то номаш дар таърихи ватанӣ ва ҷаҳонӣ абадан сабт гардад. Бо дили пур метавон гуфт, ки дастовардҳое ки имруз ба сифати арзишҳои миллию давлатдори эътироф шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилали муарифи месозанд, ки дар заминаи татбиқи ғояҳои олии Иҷлосияи 16 ум Шурои Олӣ ба даст омадаанд. 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси оллл Чумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси он Шукурҷон Зуҳуров тағиру иловаҳо ба қонуни Чумҳурии тоҷикистон « Дар бораи рузҳои ид»-ро қабул намуд, ки ба асоси он 16-ум ноябр ҳамчун «Рузи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» элон гардида ҳамасола таҷлил карда мешавад. Дар ин иҷлосия таъкид карда шуд, ки эълони рузи навъи ид қадрдони аз хизматҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат Эмомалии Раҳмон аст.

Тағироти мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон дар ташакули давлатдории навини кишвар, эҳиёи далати милли, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмиллали таҳия гардидааст. Бунёди хазорҳо биноҳои зебову замонави, хатҳои оби нушоки , чандин шабакаҳои обиёрикунанда ва пулҳои мошингузару пиёда гузар дар ҳудуди ишвар самараи иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ мебошанд. Ҳамаи дарёфти фарҳангию таърихи, иқтидори созандагию бунёдкрори дар кишвар аз партави офтоби шуълабори ваҳдат, Истиқлолият ва Иҷлосияи таърихии 16-ум Шурои Олӣ сарчашма мегирад. Иҷлосияи 16-ум бо гузашти аём боз ҳам ҳамаҷониба нақши муҳими худро барои мо, барои имрузу ояндаи мардуми кишварамон ифода хоҳад кард. Дар асл ин Иҷлосия на танҳо таърих, балки Иҷлосияе буд, ки дар таърихи навини дунё назир надорад ва маҳс ба шарофати ин  Иҷлосия шаҳру деҳоти кишвари маҳбубамон руз то руз гул гул мешукуфан ва мардкмаш бо ояндаи нек бовари доранд. Сиёсати давлати, ки таҳти роҳбари Пешвои миллат Эмомли Раҳмон ҷараён дорад, ҳадафҳои стратеги – расидан ба истиқлолияти энергетики, раҳои аз бунбасти комуникатсиони, таъмини амнияти озуқавори ва татбиқи сиёсати милли дар сатҳи иҷтимоиро пайгирона дунбол менамояд ва боварии комил дорем,ки миллати тоҷик зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муазамми миллат ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардида, рушди ҳамаҷонибаи иқтисодию иҷтимоии кишвари маҳбубуамон таъмин карда мешавад.

Бобобеков Сайриддин — омӯзгори кафедраи Асабшиносӣ, ёрии паллиативӣ ва асосҳои равоншиносии МДТ «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.