МақолаҳоХабарҳо П А Р Ч А М – Л И В О И М О Бо admin Охирин навсозӣ Nov 17, 2023 0 Парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ буда, дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми хоса дорад.Инсоният дар ҳама давраҳои таърихӣ барои ифодаи мақсаду ҳадафҳо рамзҳои гуногунро эъҷоду истифода намудаанд. Ҳануз аз замонҳои қадим дар руйи парчами мо рангу рамзҳои гуногун тасвир карда мешуд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷиконро инъикос менамуд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешу два аз он замон парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои оҳангар нишони возеҳи нангу ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик ба ҳисоб мерафт. Ниёгони мо тули ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида ватану миллат номусу озодӣ забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Парчам ҳамчун муқаддастарин рамзи давлатӣ як ҷузъи муҳими таърихи фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик мақом дошта , нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин муқаддасоти давлатдорӣ ба шумор меравад. Парчами давлатӣ барои тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ мебошад. Дар таърихи 24 ноябри соли 1992 гурухи корӣ оид ба тахлили рамзҳои нави давлати сохибистиклоли Точикистон ба 16-уми Шурои Олии Точикистон дар шаҳри Хуҷанд Парчами нави давлатиро ба мухокимаи вакилони халк пешниҳод намуданд Рузи дигар ,яъне 25-ноябри соли 1992 рамзи нави давлати сохибистиклоли Тоҷикистон ба толори Шурои олӣ –Парчами давлатии Чумхуруии Точикистон ворид карда шуд ва аввалин маротиба раиси тоза интихоби ҳамонвақтаи Шурои Олии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди парчами давлатӣ сари таъзим фуруд оварда қасам ёд намуданд. Дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рузи Парчами давлатӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд , ки Руйдодҳои охири чаҳони муосир нишон меди-ҳад, ки воқеаҳои даҳшатноки фоҷиабор, ки дар натиҷаи бархурди манфиатҳои қудратҳои сиёсии ҷахонӣ ба амал меоянд ,барои хатару таҳдидҳои нав ,ба монанди вусъат ёфтани фаъолияти гуруҳҳои экстремистиву террористӣ замина фароҳам меорад. Имруз мардуми сарбаланди тоҷик ин нишони садоқатро баланд бардошта , аз дурахши рангу ҷилои зебои он ифтихор мекунанд. Эй парчами умед то парфишон туйӣ Дар осмони бахт рангин камон туйӣ. Сурхии ту яқин сурхии рӯ бувад . Рӯсурхии абад з-ин обрӯ бувад. Ранги сафеди ту бахти сафеди мост , Роҳи сафеди мо ,рамзи умеди мост. Мо бо ту меравем то қуллаи мурод. Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод. Чист парчам Ифтихори миллат аст. Чист парчам Иктидори миллат аст. Чуз парчам нест тоҷикро нишон, Чист парчам Эҳтироми миллат аст. Точикистон, Парчамат поянда бод, Ҷовидон фарзандҳоят поянда бод. Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо, Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо, Точикистон, Парчамат поянда бод, Ҷовидон фарзандҳоят поянда бод. Декани факултети рӯзонаи «Кори фарматсевтӣ» Набизода Қ.В. 0 Мубодила кардан