Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Иштирок дар чорабинии «Рӯзи байналмилалии муҳити зист»

Бо мақсади амалӣ намудани барномаҳои ҳифзи муҳити зист аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки созмонҳои байналхалқии муқими шаҳри Душанбе, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии экологӣ, коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои

томактабӣ, ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои саноатӣ, санаи 5 – уми июни соли 2016 дар назди шаршараи МД «Наврўзгоҳи пойтахт» чорабинии намоишӣ оид ба «Рўзи байналмилалии муҳити зист» баргузор гардид. Дар асоси мактуби Ҳукумати шаҳри Душанбе аз 25 майи соли 2016, № 681 ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2016, № 14/5-719 Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» низ дар ин чорабинӣ фаъолона ширкат варзид. Дар чорабинии мазкур наздики 200 нафар донишҷўён ва 50 нафар омўзгорон ширкат варзиданд.

Аз тарафи кафедраҳо ва факултаҳои масъули Коллеҷ намоиши дастовардҳо ва аёниятҳои таълимӣ доир ба мавзӯи муҳити зист ва экология ташкил карда шуд. Намоишгоҳи Коллеҷ махсусан бо гиёҳҷойҳое, ки аз тарафи “Маркази таълимӣ-истеҳсолии ҷамъоварӣ ва коркарди гиёҳҳои шифоӣ” истеҳсол карда мешаванд ва намунаҳои шарбатҳо аз меваю гиёҳҳои шифобахш омода карда шуда буданд ороиш дода шуда буд. Ҳамчунин аз тарафи кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ” намоиши гиёҳҳои табобатии хушккардашуда ба маърази тамошо ва омўзиш гузошта шуда буданд. Инчунин баннерҳои маълумотӣ доир ба гиёҳҳои шифобахше, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мерўянд ва барои табобати бемориҳо истифода бурда мешаванд омода карда шуда, мавриди омўзиши иштирокчиёни чорабинӣ қарор дошт. Аз тарафи кафедраи “Фанҳои тиббӣ-биологӣ” дар намоишгоҳ дастгоҳу таҷҳизотҳое, ки барои санҷиши экологии обу хок истифода бурда мешаванд мавриди намоиш ва омўзиши иштирокчиёни намоишгоҳ қарор дода шуданд.Қайд намудан зарур аст, ки солҳои охир масъалаи ҳифзи муҳити зист ва экология дар тамоми ҷаҳон масъалаи мубрами рўз ба шумор меравад. Аз ҳамин лиҳоз дар Коллеҷи тиббӣ низ ба омўзиши мавзўи мазкур аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад, аз ҷумла доир ба ин мавзўъ барномаҳои таълимӣ омода карда шуда, дастурҳои таълимӣ аз чоп бароварда шудаанд. Дар байни омўзгорон ва донишҷўён доир ба мавзўи ҳифзи муҳити зист ва экология пайваста конфронсу семинарҳо ва дигар чорабиниҳои омўзишӣ баргузор карда мешаванд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.