Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

Фестивали истеъдодҳо ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (25-26 – уми майи соли 2016)

Мутобиқи фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми майи соли 2016 дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе Фестивали истеъдодҳо ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 25-26 – уми майи соли 2016 баргузор гардид, ки дар он ҳамаи Коллеҷҳои тиббии ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар озмуни мазкур аз тарафи Коллеҷи тиббииҷумҳуриявӣ намоишгоҳ аз руи ҳамаи

ихтисосҳо, ки дар Коллеҷ тайёр карда мешаванд ташкил карда шуд. Ҳамчунин дастовардҳои донишҷӯёни ихтироъкор дар намоишгоҳ мавриди намоиш гузошта шуданд. Донишҷӯёни дигар Коллеҷҳои тиббии Ҷумҳурӣ низ дастовардҳои худро дар ин намоишгоҳ пешкаши ҳозирин намуданд. Донишҷӯён дар назди меҳмонон ва ҳакамон оид ихтирооти кардаашон маълумот пешниҳод намуданд. Инчунин доир ба ҳар як ихтисос ба меҳмонон ва ҳакамон аз тарафи донишҷӯён маълумот пешниҳод карда шуд. Дар фестивали мазкур се нафар донишҷӯёни Коллеҷ бинобар иштироки фаъолашон бо Ифтихорномаҳои Фестивал сарфароз гардонида шуданд:

  1. Ғиёсов Ҳикматулло – донишҷӯи бахши 4 – уми факултаи «Кори умумитиббӣ» — и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»;

    2. Тошматова Фарзона — донишҷӯи бахши 4 – уми факултаи «Кори момодоягӣ» — и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»;

    3. Каримова Сабрина Беҳрузҷоновна — донишҷӯи бахши 4 – уми факултаи «Кори фарматсевтӣ» — и Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ».

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.