Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ФАРДИ СОЛИМИ ҶОМЕА

“Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад,бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳамаи давру замон зуҳуроту мушкилоти гуногуне мавҷуд буданд, ки ҳамеша садди роҳи пешрафту тараққиёти бемайлони ҷамъият гардидаанд. Яке аз чунин мушкилоти ҷиддӣ дар ҷомеа ришва ё худ пора маҳсуб меёбад,  ки вобаста ба пешрафти ҷамъият дар қолабҳои нав ба маҷрои зиндагии инсонҳо ворид гардидааст. Коррупсия дар ҷаҳони муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ ба мисли экстремизм, терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубаддал гардидааст.  Коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, он садди роҳи рушду инкишофи давлатҳо мегардад. Мавҷудияти омилҳои коррупсионӣ дар ҷомеа оқибат ба авҷи нобаробарии иҷтимоӣ оварда мерасонад ва ба амнияти миллӣ таҳдид мекунад.  Коррупсия дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин эътироф гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод,ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки алайҳи ин зуҳуроти номатлуб чораҳои мушаххаси қонунӣ андешад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ қадамҳои устувори худро дар самти мубориза бо коррупсия гузошта, барои пешгирӣ аз он тамоми заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро фароҳам овардааст. Ҷиҳати муқовимат ба ин падидаи номатлуб ва решакан намудани он роҳбарияти  олии кишварамон борҳо таъкидҳои судманд намудаанд. Масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Барои пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза бо коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзои худро гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.    Дар ҷумҳурии мо масъалаи мубориза ва муқовимат ба коррупсия сараввал бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон”Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия “ аз 25 июли соли 2005, №100  мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифта буд. Баъдан ба хотири ба роҳ мондани бархӯрди ҷиддӣ бо зуҳуроти коррупсия ва мубориза бар зидди ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта бо иқдоми сиёсии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10-уми январи соли 2007 ниҳоди хоси назоратӣ дар самти мазкур- Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ҷомеаи Тоҷикистон аз ин ташаббуси Пешвои миллат ба хубӣ истиқбол намуданд. Зеро мардуми кишвар хатарҳои ин зуҳуротро ҳамаҷониба дарк намуданд.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 марти соли 2008,№ 374 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” аз 7 августи соли 2020, №1714 фазои зиддикоррупсионии ҷумҳуриамон мустаҳкам карда шуд. Қонунҳои мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат бо коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ равона гардидаанд. Бо мақсади муборизаи густарда бо коррупсия дар ҷумҳурӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008 таҳти № 34 бори аввал барномаи зиддикоррупсионии давлатии “ Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” қабул гардид ва амалӣ гашт. Бо дарназардошти натиҷаҳои хуби бадастомада дар доираи татбиқи Стратегияи мазкур дар марҳилаи баъдӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2013 № 1504 “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” ба тасвиб расид. Тавре ки дар муқаддимаи Стратегияи мазкур омадааст:  “Муқовимат ба коррупсия – мафҳуми ин ҷараён асосан аз унсурҳои мубориза бо коррупсия ва пешгирии коррупсия иборат буда, қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва амалишавии он аз иродаи сиёсии роҳбарияти олии давлат оғоз гардида, самаранокии муқовимат ба он аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардии он вобастагии зич дорад.” Дар айни замон як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд, ки бевосита ба  коҳиш додани сатҳи коррупсия дар ҷомеа нигаронида шудаанд. Бо мақсади фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021, таҳти № 222  “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳия ва қабул карда шуд. Мақсад ва вазифаи асосии амалисозии Стратегияи мазкур аз баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия,бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аст. Ин Стратегия инчунин барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум равона карда шудааст.

Дар баробари ин, муносибат ва бархӯрди қонунӣ бо ҷараёни коррупсия дар доираи ду санади меъёрӣ-ҳуқуқии дигар – Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Маълум аст, ки инсон ҳамеша мехоҳад, то ҳарчи зудтар ва бо роҳи соддатаре ба орзуву омоли худ даст ёбад ё бо ҳар роҳе набошад, ба давлату сарвати афзун бирасад. Маҳз ҳамин табиати инсонӣ боиси ривоҷ ёфтани зуҳуроти номатлуби ришвадиҳиву ришваситонӣ дар ҷомеа мегардад. Мутаассифона, инсонҳо ба хотири манфиати инфиродӣ манфиатҳои ҷамъиятӣ ва милливу давлатиро нодида мегиранд, ки ин омил метавонад паёмадҳои ҷиддиеро дар пай дошта бошад. Пора талаб кардан ё пора додан зарарҳои гуногунҷанбаи моддӣ, маънавӣ, рӯҳӣ, равоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дошта, ҷаҳлу  нодониро дар миёни аҳолии ҳар кишвар афзоиш мебахшад.

Абӯалӣ ибни Сино нафсро бастаи ҳавову ҳавас медонад ва умри онро кӯтоҳ меҳисобад:

Эй нафс, ки бастаи ҳавою ҳавасӣ,

Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.

Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ришва махӯр,

К-аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.

Афзоиши коррупсия метавонад боиси касод гардидани иқтисоди кишварҳо гардида, дар роҳи пиёда гардидани нақшаву ҳадафҳои ҳукуматҳо монеаи ҷиддӣ эҷод намояд. Танҳо бо решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад пешрафт ва рушд намояд. Муқовимат ба коррупсия вазифаи ҳар як фарди солими ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Одилзода Исмоил Ёқубҷон – н.и.т., муовини директор оид ба корҳои таълимии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.