Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

ТАФАККУРИ СОЛИМ – АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ

Масъалаи ҷавонон ва терроризм, пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои экстримистӣ имрӯз аз масоили мубрами рӯз маҳсуб мешавад. Воқеаҳои мудҳише ки вақтҳои охир дар ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯх дода, ҳамчун акти террористӣ муаррифӣ мегардад, маҳз аз ҷониби ашхоси раҳгумзада, ки синну солашон ниҳоят ҷавон аст, ба амал омада, суолеро дар майнаи инсонҳо эҷод мекунад, ки чаро ин ҷавонон ба кори ношоиста даст заданд? Бераҳмӣ, хашм, ифрот дар ниҳоди ин ҷавонон аз куҷо сар задааст ва оё онҳо зодаи ҳамин диёр ҳастанд? Дар ин мақола хостем ба масъалаи ҷавонон, дунёи ботинии онҳо, тафаккуру ҷаҳонбинӣ ва сабабҳои гароиши баъзе аз онҳо ба ақидаҳои ифротгароӣ назар андӯзем ва баъзе ақидаҳои хешро баён созем.

Мусаллам аст, ки ҷавонон нахуст маълумотҳои назариявиро аз мактаб ва донишгоҳ аз бар мекунанд ва тавассути васоити электронӣ ва сайтҳои интернетӣ онро такмил мебахшанд. Яъне онҳо аз ҷараёни ҳаёт бохабар ҳастанд ва ниҳоят як давраи ҳассосро дар дарку маърифати муҳит аз сар мегузаронанд.

 Олимон муқаррар кардаанд, ки маҳз ҷавонони аз синни 16 то 25 сола як давраи лағҷандаро аз сар мегузаронанд, ки рушди минбаъдаи онҳо аз таъсири муҳити атроф сахт вобастагӣ дорад. Ҳини муроҷиат бо онҳо, барқарор кардани муносибат ва дар ин замина рӯи кор овардани муколамаву мубоҳисаҳо бояд баъзе хусусиятҳои калидии мансуб ба хусусияти ҷавониро ба инобат гирифт. Аз ҷумла синну сол, ба гурӯҳи махсуси иҷтимоии ҷомеа мутааллиқ будани онҳо, ҳамзамон ҳамчун нерӯи мустақили пешраванда эътироф шуданашон, муҳимтар аз ҳама мансубияти онҳо ба гурӯҳи аз ҷиҳати ғоявӣ шакл нагирифтаи ҷомеа бояд дар мадди назар қарор бигирад. Дар баробари ин эътироф бояд кард, ки ҷавонон як қисми ҷомеае мебошанд, ки барои татбиқи мақсадҳои иҷтимоии худ кӯшиши беандоза менамояд.

Дар заминаи ин хусусиятҳо ҷавононро метавон аз назари сиёсӣ ва ҷаҳонбиниву фаъолияташон ба қисмҳои зерин ҷудо намуд:

  1. Ҷавононе, ки ҳадафҳои иҷтимоии худро бо роҳу усулҳои муқаррарӣ, ки дар доираи қонун амал мекунад ҳаллу фасл менамоянд ва ба ҷомеа зарар надоранд.

  2. Ҷавононе, ки афкору андешаҳои зидди ҷараёни ҳаёти иҷтимоӣ доранд ва дар табиаташон хусусияти хашмгиншавӣ ба мушоҳида мерасад. Онҳо ва аз муҳит розӣ нестанд, дар зиндагӣ ва фаъолияташон ҳадафи муайян надоранд.

  3. Ҷавононе, ки мутобиқи маҷрои ҷомеа ҳаракат мекунанд, масъалаҳои иҷтимоии худро дар пайвастагӣ бо вазъи ҷомеа ҳал месозанд, ба ҷомеа фоида меоранд.

Инак барои чи баъзе аз ҷавонон ба тарғибу ташвиқи экстримистӣ дода мешаванд?

Ҳақиқат инҷост, ки ки дар замони муосир терроризм дар ниқоби дин бештар ҷилва мекунад ва худро ҳомӣ, пайрав ё муътақиди ин ё он дин меҳисобад.

Аслан террористон ин афроде, ки ақидаи шахсии худро надоранд ва ба шахсе ё гурӯҳе ба хотири моддиёт ё таъсири равонӣ тобеъ шудаанд ва гоҳо худ намефаҳманд, ки ба чи амале даст мезананд. Ҳатто, дар ағлаби маврид ҳини адои акти терористӣ худро қаҳрамони замон эҳсос мекунанд.

Инак суоле пайдо мешавад, ки кадом омилҳое мавҷуд аст, ки баъзе аз ҷавонон фирефтаи доми аҳриманон мегарданд? Ба андешаи ин ҷониб:

Инҳо нофаҳмӣ дар оила, новобаста аз шароити зиндагӣ; ихтилофи ақида дар зиндагии рӯзмарраи ҷавонон; баъзе аз хислат ва хусусиятҳои манфии ҷавонон аз қабили монанди дигарон набудан, аз дигарон фарқ кардан, барвақт соҳиби ном ва обрӯй гардидан, ҷалб кардани таваҷҷуҳи дигарон ба худ ва монанди инҳо; таъсири усулии ҳаёти мардуми хориҷи кишвар, ки тавассути сайтҳои интернетӣ ошно мегарданд; қарор гирифтан зери таъсир ва фишори афкори диниву мазҳабӣ; надоштани мақсади муайян дар зиндагӣ ва зери таъсири гурӯҳҳои ҷиноятӣ қарор гирифтан.

Маҳз маҷмӯи ҳамин омилҳо боис мешавад, ки ҷавононро ташкилотҳои террористӣ ба доми хеш мекашанд. Гузашта аз ин, чунин ба назар мерасад, ки ҳар се қисми ҷавонон, ки дар боло таснифашон рафт, аз ин бало дар канор нестанд. Яъне имрӯз усулҳои ҷалбкунии ҷавонон бо роҳҳои мухталиф рӯи кор меояд ва дигар намудани афкори дурусти онҳо низ кори осон шудааст.

Дар замони муосир яке аз роҳҳои таъсирбахшии ин нерӯҳои аҳриманӣ интернет, сомонаҳои иҷтимоӣ мебошад. Воқеан сайтҳои иҷтимоӣ осонтарин роҳи ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои экстримстӣ мебошад. Роҳҳои гуногуни ҷалбкуниро истифода мебаранд ва гумон меравад, ки гурӯҳи калони намояндагони ин ташкилотҳо қувваи асосии худро дар самти тарғиб тавассути сайтҳои иҷтимоӣ сарф мекунанд. Интернет имрӯз дастгоҳи асосии фаъолияти террористон дар тамоми олам мебошад ва Тоҷикистон низ ҳамчун ҳадаф аз он берун нест.

 Инак чи бояд кард, ки роҳи ин сели марговаррро гирифта тавонем ё ба иборати дигар аз дасти мо барои наҷоти ҷавонони гумроҳшуда чи меояд?

Воқеан, имрӯз бояд қонунҳое дар сатҳи ҷаҳонӣ рӯи кор оянд, ки меъёрҳои ягонаи мубориза бо терроризмро дар тамоми олам муайян намоянд. Танҳо муборизаи якҷоя метавонад дар ин самт ҳадафманд бошад. Ҷои таассуф аст, ки на ҳамаи кишварҳои олам нисбати ин масъала таваҷҷӯҳ доранд ва беаҳамиятии онҳо боиси сар задани фалокатҳои нав ба нав дар олам мегардад.

  Бо вуҷуди ин дар қаламрави кишвар корҳоеро бояд ба анҷом расонид, ки он тавонад то ҳадде роҳи шомилшавии ҷавононро ба гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистӣ гирифта тавонад.

Инҳо аз ҷумла бештар ташкил намудани захираҳои интернетӣ бо мақсади аксуламал нишон додан ба ҳуҷумҳои иттилоотии ифротгароён, аз ҷумла таъсиси портал, сайтҳо блог, форумҳо ва ғайра.

Дар ин замина таъсис додани фазои ягонаи иттилотӣ бар зидди терроризм, ки дар он аз назари илмӣ шарҳу тавзеҳи ҳақиқати терроризм, ки ба ҷомеа зарароавар аст, инъикос ёбад.

Ҷалби ҷомеа дар мубориза бо терроризм ва экстремизм ва таҳлилу баррасии пайваста дар байни ҷомеа оид ба ташкилотҳои ифротӣ. Фаъол намудани иштироки шаҳрвандон дар аксияҳои зиддитерористӣ. Аз ҷумла баргузор намудани интернет-конфренсия бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба экстремизм ва тероризм.

Дар мактабу литсейҳо, коллеҷу донишгоҳҳо пайваста тавассути филмҳои ҳуҷҷатӣ, маърӯзаҳои презентатсионӣ ташкил намудани дарс ва вохӯриҳо, ки дар натиҷа метавонад як фазои тафаккури зиддитеррористи дар байни ҷавонон пайдо шавад.

Мураттаб сохтани барномаи махсуси машғулияти ҷавонон дар вақти холигии онҳо. Ин масъалаи ниҳоят муҳим буда, чорабиниҳо бояд берун аз қолабҳои анъанавӣ бо ғояҳои нави замонавӣ сурат гирад.

Таъсиси марказҳои илмӣ-таҳқиқӣ оид ба омӯзиши равандҳои ҷомеа аз ҷумла масоили зиддитероризм дар муассисаҳои таълимии кишвар.

Дар шароити имрӯза амалӣ шудани ин пешниҳод то андозае дар беҳдошти вазъият нақш хоҳад бозид. Ҳамин тариқ, терроризм як машинаи марговарест, ки ба тамоми ҷаҳон хавфовар аст ва мутаасифона ҳадафи асосии он ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ бетарафӣ нисбати ин масъала беэътиборӣ ба фардои ҷомеа мебошад.

Саидова Мавҷуда Мирзошарифовна – муовини директор оид ба корҳои тарбиявии МДТ “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.