Муассисаи давлатии таълимии "Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ"

СОАТИ ТАРБИЯВӢ ҶИҲАТИ РАСОНИДАНИ МӮҲТАВОИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОНИШҶӮЁН

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои директори Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ”, номзади илмҳои тиб Ашуриён Шаҳло Сайфуллозода ҷиҳати расонидани мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба донишҷӯён,  санаи 20.02.2024 аз тарафи омӯзгори кафедраи “Фармакогнозия ва кимиёи фарматсевтӣ”, сарпарасти гурӯҳ Азимова Машҳура соати тарбиявӣ гузаронида шуд. Дар соати тарбиявӣ донишҷӯёни курси 2- юми факултети “Кори фарматсевтӣ” (таҳсили шабона) иштирок намуданд. Аз тарафи омӯзгор қайд гардид, ки Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи паҳлӯҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар дарҷ гардидаанд. Дар соати тарбиявӣ дар якҷоягӣ бо донишҷӯён нуқтаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллат ва аҳамияти бузурги онҳо барои ҷомеаи мамлакат баррасӣ гардиданд. Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сарвари ғамхору дилсӯз мунтазам нисбати ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҷавобан ба ин ғамхориҳои Пешвои миллат донишҷӯёнро зарур аст, ки савияи дониши худро баланд бардошта, муассисаро бомуваффақият хатм намуда, мутахассисони хуби соҳаи дорусозии кишвар гарданд ва саҳми худро дар ободонӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.

Шарҳ додан

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.